logo

иқтисод

ДУРАХШИ ВАХШ

Вахш дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои худро ба таври чашмрас тағйир дода, фаъолон ва меҳнаткашони ноҳия бо кору пайкори мунтазам ва самарабахш ба некуаҳволии сокинон мусоидат карда истодаанд. Мардуми созандаи ноҳия дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, бо дарк ва ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои шоистаеро ба сомон расондаанд. Барои инъикоси бештари пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ободкориҳо суҳбате доштем бо раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло.

ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ БОШУКӮҲ
Ҳар қадар мо ба ҷашни шукӯҳманди миллати тоҷик - Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик мешавем, ҳамон қадар корҳои ободонию созандагӣ, таъмиру тармими кӯчаю хиёбонҳо, иншоот, биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ, шинондани гулҳои ороишӣ дар кӯчаву гулгаштҳо, чароғонкунии маҳаллаву деҳаҳои шаҳраку деҳот вусъати тоза меёбанд.
- Бавижа, соли ҷорӣ сохта ба истифода додани бинои дуошёнаи иборат аз даҳ синфхона дар назди МТМУ № 21, навсозии бинои маъмурии прокуратураи ноҳия, бинои САҲШ, маҷмаи иншооти варзишии “Вахш” ва мағозаи дуошёна оғози шаҳомату баракати ҷашни мазкур аст, - изҳор дошт Ш. Азизулло.
Боиси тазаккур аст, ки то соли 2021 дар маҷмӯъ, 5 корхонаи истеҳсолии саноатӣ, 7 бунгоҳи тиббӣ, 119 синфхонаи иловагӣ, 14 нуқтаи хатнаи кӯдакон, 8 дорухона, 3 китобхона бунёд ёфта, инчунин, 43 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ таъмиру таҷдид мегардад.

КИШОВАРЗӢ
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба буҷет 30 миллиону 252 ҳазору 603 сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 1 миллиону 117 471 сомонӣ зиёд аст. Кишоварзони ноҳия баҳри рушд ва тараққиёти иқтисодиёт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ба 511,2 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар соҳаи рустанипарварӣ 404,7 ва дар соҳаи чорводорӣ ба 106,4 миллион сомонӣ расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Аз бахши кишоварзии ноҳия маълумот доданд, ки дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар майдони зиёда аз бисту ду ҳазор гектар кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ гузаронда шудааст.
Аз ҷумла, кишти ғалладонагиҳоро дар майдони 6 626 гектар, картошка - 753, сабзавот - 2 160, полизӣ - 930, зироатҳо барои хӯроки чорво - 2 100, зироатҳои техникӣ - 9 936 ва пахтаро ба 9 606 гектар расондаанд.
Ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти пайваста дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019 ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ бо маводи асосии гармидиҳӣ: ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ пурра таъмин гаштанд. Тибқи нақша 700 тонна ангишт, 776 метри мукааб ҳезум ва 3,2 тонна сӯзишвории дизелӣ захира гардидааст.
Чорводорӣ низ яке аз соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб рафта, саршумори чорвои калон 47 635, моли майда 163 374, паранда 114 6100 ва асп ба 2 527 сар расонда шуд.
- Афзоиш ва нигоҳ доштани саршумори чорво таҳти назорати ҷиддӣ ва қатъӣ қарор дошта, бо мақсади беталаф баровардан аз мавсими зимистон чораҳои зурурӣ андешида шудаанд. Бо ин мақсад, дар ноҳия бо иштироки масъулон, кишоварзон, чорводорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолон маҷлиси васеъ доир гардида, вобаста ба зимистонгузаронӣ, алалхусус ҷамъоварӣ ва захира намудани хӯроки чорво амри иловагии раиси ноҳия қабул, гурӯҳҳои корӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шуданд, - гуфт Ш. Азизулло.
Бавижа, имсол чорводорони ноҳия ба миқдори сию се ҳазору шашсад тонна хӯроки гуногуни чорво захира кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 349 тонна зиёд, ё худ 103,8 дарсадро ташкил медиҳад.

СОҲИБКОРӢ
Бино ба гуфтаи раиси ноҳия, соҳибкорон бо дасту дили гарм дар ободонии зодгоҳи хеш саҳм мегиранд. Бештари онҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкорӣ намуда, дар мумфаршкунии роҳҳо, сохтани синфхонаҳои иловагӣ, биноҳои маишию хизматӣ дасти мадади худро дареғ намедоранд. Аз муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия маълумот доданд, ки бо ибтикори соҳибкорон 5 пул ва 8,5 километр роҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, 15 километр роҳи дигар сангфарш гардид.
Айни ҳол дар ноҳия 6 754 соҳибкор, аз ҷумла 5 724 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) фаъолият мекунанд. Дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи то имрӯз истифодашуда 1,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ба “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” даҳ лоиҳаи қарзӣ барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод шуд. Бонкҳои ноҳия ба пешрафти соҳаи иқтисодиёт наздик ба сӣ миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

ОБЁРӢ
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ба бисту ду ҳазор гектар заминҳои корами обӣ, аз ҷумла 3891 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ ва 1120 гектар заминҳои ёрирасони шахсӣ хизмати обрасониро ба роҳ монд. Мувофиқи маълумот, 5,8 ҳазор гектар замин тариқи истгоҳҳои обкашӣ, аз ҷумла ба воситаи истгоҳҳои обкашии давлатӣ 3,6 ҳазор гектар ва истгоҳҳои дохили хоҷагӣ 2,2 ҳазор гектар заминҳо обёрӣ мешаванд.
Дар ин давра 19 километр заҳбуру заҳкашҳо, 22 километр шабакаҳои обдиҳӣ тоза гардида, 24 адад иншооти гидротехникӣ, 27 иншооти обченкунӣ, 16 дастгоҳи обкашӣ ва барқӣ таъмир шуданд. Ҳолати мелиоративии зиёда аз 64 гектар замин ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Ҳамзамон, бо мақсади беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо ҷиҳати тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо лоиҳаи сармоягузорӣ вобаста ба дастгирии шуғли аҳолӣ аз ҷониби Идораи захираҳои оби “Водии Фарғона” бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст. То ҳол ба маблағи 2 миллиону 177 ҳазору 620 сомонӣ корҳои дастӣ ба сомон расиданд, ки 87 104,8 метри мукаабро ташкил медиҳад.

ШУҒЛИ АҲОЛӢ
- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сокинони ноҳияи Вахшро рӯҳу илҳоми тоза бахшида, ба корҳои ободонию созандагӣ раҳнамун сохт. Ин ибтикори муҳим имконият фароҳам овард, ки мардум дар шароити хона низ бо соҳибкорӣ машғул шавад. Маҳсулоти истеҳсолкардаи худро ба фурӯш бароварда, асбобу техникаи зарурро бидуни андоз ба кишвар ворид намояд. 290 зан бо омӯзиши адрасбофӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ ва рафидадӯзӣ фаро гирифта шуд, 127 нафар шаҳрванд аз кумакпулиҳо баҳравар гардид, - афзуд Ш. Азизулло.
То имрӯз дар ноҳия 10 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронда шуда, дар асоси дархости кордиҳандагон 838 шахси бекор бо ҷойи кори мавсимӣ ва доимӣ таъмин гардид. Ин нишондод 75 дарсади иҷрои нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Бузургмеҳр САЛИМОВ,
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2018    №: 228    Мутолиа карданд: 236

06.12.2019


Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд

Чин бори нахуст аз ҷиҳати миқдори сафорат дар хориҷа ИМА - ро пас гузошт

Сарвазири Украина ба мардуми кишвар тибби ройгонро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2019. Бонувони тоҷик соҳиби медали биринҷӣ шуданд

28.11.2019


НОҲИЯИ АЙНӢ. Боз як маркази нав дар хизмати мардум

27.11.2019


Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории ду чорабинии сатҳи байналмилалӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед