logo

сиёсат

БУНЁДГАРИ КОХИ НУР. ИРОДАИ ҚАВИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЗАҲМАТИ РУСТАМОНАИ БУНЁДКОРОН ЧАРХАИ АВВАЛИ НБО «РОҒУН» - РО БА КОР ДАРОВАРД

КОРЗОРИ РӮШНОӢ
29 октябри соли 2016 барои миллати тоҷик, воқеан, як санаи бузурги таърихӣ буд. Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» барпо шуд. Ин рӯйдод боз аз он ҷиҳат хотирмон, ибратомӯз ва шарафовар буд, ки маҷрои дарёи Вахшро шахсан Пешвои миллат дар зарфи 1,5 соат бо техникаи пуриқтидор тағйир дод ва ба бунёди сарбанди ин иншооти бузурги аср оғоз бахшид.
Дар даврони истиқлолият кишвари мо дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар бахши даст ёфтан ба истиқлолияти энергетикӣ, қадамҳои устувор гузошт. Тӯли ин муддат зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуданд. Ин нукта баёнгари он аст, ки мо зина ба зина ба истиқлолияти энергетикӣ наздик шуда, ҳамакнун ба қисмати ниҳоии ин нақшаи стратегӣ хоҳем расид.

ГАНҶИНАИ МИЛЛӢ ВА МАЙДОНИ МАРДОНАГӢ
Дар замони рушди бесобиқаи саноат ва техникаву технологияи ҷаҳонӣ ҳамвора эҳтиёҷ ба манбаъҳои энергияи барқароршаванда меафзояд. Дар ин раванд захираҳои бузурги обӣ ва гидроэнергетикӣ бартариятҳои моанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар чорабинӣ бахшида ба оғози бунёди сарбанди ин иншооти аср иброз доштанд: “Захираҳои гидроэнергетикии кишварамон хеле бузурганд, ки онҳо боигарии миллии мо мебошанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад”.
Аҳамияти бунёди ин иншооти аср танҳо бо таъмини пурраи кишвар бо неруи барқ ва содироти бақияи он ба хориҷ маҳдуд нашуда, дар ин миён пайдоиши ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, рушди ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ аз зумраи бартариятҳоеанд, ки Тоҷикистонро ба як неруи иқтисодии минтақа табдил медиҳанд. Аз ин рӯ, бо дилпурӣ метавон гуфт, ки «Роғун», воқеан, марзи номуси миллати тоҷик аст. Агар мехоҳем ҳамчун миллат ояндаи худро соҳиб бошем ва бақои халқи худро таъмин намоем, пеш аз ҳама, мебояд бо шукргузорӣ аз озодиву истиқлол, хонаи ободу осуда ва фазои сулҳу ваҳдат аз чунин имконияти тақдирсоз васеъ истифода бурда, қувваву ғайрати ҷисмониву маънавии худро дар ин роҳ дареғ надорем.
Барои ҷавонони миллат «Роғун» майдони имтиҳони ватандӯстӣ ва исботи асолатмандиву номуси миллист. Майдонест, ки  дар он бояд дарси ваҳдату субот ва ҷасорати созандагӣ омӯзем.

ҒОЯИ МИЛЛӢ
Пешвои миллат дар моварои бархӯрдҳои ҷаҳонӣ ва ихтилофи назарҳо, ҳатто дар сатҳи давлатҳои абарқудрат, истиқлолияти комили энергетикии Тоҷикистонро ба намоиш гузошта, бо иродаи матини сиёсӣ манфиатҳои миллиро ҳифз намуданд. Ин раванд обрӯи сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бамаротиб афзуд ва роҳро барои татбиқи пешниҳодҳои сатҳи ҷаҳонии кишвар, махсусан дар масоили об, боз кард.
Миллати тамаддунофар ва заҳматқарини тоҷик хуб медонад, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва дастгирии сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллати худ мо ҳамасола ба пешравиҳои назаррас ноил гашта истодаем. Инак, ифтихори бузурге миллати тоҷикро даст дод ва мо шоҳиди ба кор даромадани аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» гардидем.
Абдулло РАҲМОНЗОДА, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2018    №: 228    Мутолиа карданд: 419
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед