logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ПАРЧАМ. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА
Парчам ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳувияти миллии ҳар мардуми куҳанбунёд аст. Дар баробари ин, ҳар як парчам рамзи худро дорад, ки ба халқияту миллат ва давлатдории он хос аст.
1. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2011 дар пояи 165 метр ҳамчун ливои баландтарин он замон дар дунё эътироф гардида, шомили «Китоби рекордҳои Гиннес» шуд.
2. Парчами дигаре, ки чанд рамзи онро мекушоем, ба давлати Қатар тааллуқ дошта, бо дарозии худ дар ҷаҳон маъруфият пайдо намудааст. Паҳнои  матои он ду баробари дарозиаш буда, андозааш 11 х 28 аст. То соли 1936 ранги маъмулии парчам сурх буд, пасон таҳти таъсири нурҳои офтоб ранги ҷигариро гирифт. Ранги бо таъсири офтоб тағйирёфта ба роҳбарияти кишвар писанд меояд ва ранги сурхро ба ҷигарӣ табдил медиҳад.
3. Парчами кишвари Канада ғайриодӣ буда, аз дигар парчамҳо тафовут дорад. Он соли 1965 тасдиқ гардидааст. Рӯйи он 11 барги кунҷи тездор тасвир ёфтааст, ки дар табиат ин гуна баргҳо аслан вуҷуд надоранд.
Шакли он тавре тавзеҳ мешавад, ки ҳангоми бархӯрди боду алвонҷхӯрӣ тасвири он кам тағйир мекунад.
4. Дар парчами Бразилия бошад, осмони пурситора бо навиштаҷоте тасвир ёфтааст. Он субҳи 15 ноябри соли 1889, ки рӯзи ташкилёбии давлати Бразилия буд, қабул гардидааст. Навиштаи рӯи он рушду суботи давлат аст, инчунин, байни ситораҳо рамзи салиб низ инъикос ёфтааст, ки он ғайр аз парчами Бразилия дар байрақҳои Австралия, Зеландияи Нав, Папуа ва Гвинея низ дучор меояд. 
5. Дар парчами шоҳигарии Бутан расми аждаҳо тасвир ёфтааст, ки исми ин кишварро («Замини аждаҳо») равшан месозад. Дар чанголҳои аждаҳои рӯйи парчам ҷавоҳироте дида мешавад, ки рамзи боигарии Бутанро таҷассум мекунад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ҚАЛБИ МОДАР
Cоати 3 - и шаб. Занги телефон. Писар аз гӯшаки телефон садои модарашро мешунавад:
- Фарзандам, саломатият хуб аст?
- Хубам, ягон коре шудааст?
- Ҳеҷ гап нест, танҳо хостам овозатро шунавам.
- Модар, барои овози маро шунидан дар нисфи шаб занг мезанӣ?
- Нороҳат кардам, магар?
- Бале, нороҳат кардӣ.
- Писарам, 22 сол қабл, дар ҳамин вақту соат  ту ҳам маро нороҳат карда будӣ. Зодрӯзат муборак!
Таҳияи Бахтовар КАРИМ


3,5 ҲАЗОР СОЛ ТАЪРИХИ ДИРАФШ
1.Парчам таърихи беш аз 3 - 3,5 ҳазорсола дорад ва нахус-тин парчамҳо дар Эрони Қадим, Чин ва Миср пайдо шудаанд.
2.Тарҳи парчами сипоҳи Ориён (порсҳо, суғдиён, бохтариён) дар деворнигораҳои шаҳри Помпейи Рим (асрҳои 2-1 то милод) тасвир ёфтааст.
3.Дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ки ба асри VII мансубанд, тасвири парчами суғдиёнро метавон мушоҳида кард. Дар онҳо чунин манзара тасвир ёфтааст. Рустам баъди мағлуб кардани аждаҳои одамсар бо ёронаш ҷонибе равона аст ва дар нӯги найзаи ду нафари онҳо парчамҳои зардранги сегӯша дида мешавад.
4. Парчами Аморати Бухоро охирин парчами давлати тоҷикон то инқилоби Октябр буд. Он чоргӯша буда, дар худ аксҳои Моҳу ситора ва панҷаҳои дастро дошт.
5.Дар эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон 24 августи 1991 бори аввал зикр гардид, ки рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ мебошанд. Дигар аз санадҳои муҳими кишвар, ки парчамро рамзи давлатӣ эълон намуд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таҳияи Р. КАРИМОВ


КӮДАКОНЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДААНД
Пётр Величико
Пётр дар минтақаи Запорожйеи Федератсияи Россия ба дунё омада, соли 2015 дар синни 11 - солагиаш яке аз мукофотҳои асосии озмуни «Кӯдакон - муъҷиза» - ро ба даст овардааст. Волидонаш собит менамоянд, ки ӯ ба донишандӯзӣ аз хурдӣ шавқ дорад. Ба гуфтаи онҳо писарак ҳамеша савол медоду ба ҳарфҳову калимаҳо таваҷҷуҳ мекард. Ин буд, ки  дар дусолагиаш хондан ва шумурданро аз худ кард. Хусусан, математикаро хеле хуб медонад. Ин қобилияти Пётрро метавон ирсӣ номид, зеро волидонаш донишгоҳро бо тахассуси математика хатм кардаанд. Ӯ, ҳамчунин, дар озмунҳои компютерӣ ва барномасозӣ ширкат намуда, диплому медалҳои зиёдеро ба даст овардааст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ЭЙНШТЕЙН ВА БОРОН
Рӯзе Эйнштейн дар меҳмонӣ буд, ки борон зад. Ҳангоми гусел соҳибхона кулоҳи зебоеро ба ӯ муроот кард, то дар сараш монад.
Эйнштейн бо исрор рад карда, гуфт:
- Чи лозим барои ман кулоҳ. Ман медонистам, ки имрӯз борон меборад, барои ҳамин кулоҳи худро дар хона мондам. Охир, маълум аст, ки аз сари ман дида, кулоҳ хеле дертар хушк мешавад.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Милиса – математик
Аз лейтенанти калони милиса Аброр пурсиданд, ки соат чанд аст?
- Инро, бисёр одӣ муайян кардан мумкин, - ҷавоб дод Аброр, ки ӯро ҳамчун математик дар милитсия медонистанд.
- Аз чаҳор як ҳиссаи вақти аз нимаи шаб то ҳоло гузаштаро ба нисфи вақти аз лаҳзаи ҳозира то ними шаб ҷамъ кунед, вақти аниқро ҳосил мекунед.
Оё аниқ гуфта метавонед, ки ин суҳбат дар кадом вақт баргузор гардид?
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

93-547-00-05 Вайбер, Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40


КУЛЧАҲОИ ТИЛЛОӢ
Шумо боре дидаед, ки ширинӣ дар таркибаш тилло дошта бошад?
Дар тарабхонаи «Manila Social Club» - и Бруклини Ню - Йорк пончик - кулчақандҳоеро ба фурӯш баровардаанд, ки як донаи он сесад доллари ИМА арзиш дорад.
Сабаби гарон будани кулчақандҳо тиллои таркибашон мебошад. Баъди он ки кулчаҳои ширинро дар равған мепазанд, қаннодон ба рӯйи он хокаи тилло мепошанд.
Таҳияи Кароматулло АТО


ДАНДОН.  Якчанд факти ҷолиб
Соли 1816 як дандони Нютонро ба ашрофзодае бо нархи 3300 $ фурӯхтанд. Дандонро ҳамчун нигин барои ангуштаринаш истифода бурд.
Хоккей аз ҳама бозии хатарнок барои дандон ҳисоб мешавад. Қариб аз се ду ҳиссаи хоккейбозон бештари дандонҳои худро аз даст додаанд.
Аввалин чӯткаи дандоншӯӣ 500 сол пеш дар Чин пайдо шудааст. Ин чӯткаҳоро аз мӯи асп тайёр мекарданд. Хамираи дандоншӯӣ бошад, 100 сол пеш пайдо шуд. То ин дам дандонҳоро бо бӯр ва хокистар мешустанд.
Тамокукашон ё одамоне, ки нӯшокиҳои газнок бештар менӯшанд, бисёртар  гирифтори касалии варами милку пӯсидани дандон мешаванд.
Дар асри XVII дар стоматология бори аввал гузоштани дандонҳои сунъӣ ба роҳ монда шуд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ГАНҶИ  ШОЙГОНИ КИШТИҲОИ  ҒАРҚШУДА
Садамаи "Титаник"
Аз таърихи садамаи киштии "Титаник", ки шаби 14 ба 15 апрели 1912 дар қисмати шимоли уқёнуси Атлантика рух дод, хонандагони “Шоми шанбе” тавассути филми бадеии ҳамном воқифанд.
Фоҷиа охири рӯзи панҷуми шинои "Титаник" бо масири Саутгемптон — Ню - Йорк ба амал омад. Соати 23:40 киштии он замон калонтарини уқёнуспаймо, ки 2208 нафар мебурд, ба яхкӯҳ бархӯрда, осеби ҷиддӣ ёфт. Пас аз 2 соату 40 дақиқа, яъне соати 2:20-и 15 апрел пурра зери об рафт. Садама, тибқи маълумоти гуногун, боиси ҳалокати аз 1495 то 1635 нафар шуд.
Киштии мусофирбар пур аз ҷавоҳирот, аз ҷумла бриллиант, сабикаи тилло, нуқра ва дигар чизҳои қиматбаҳо буд, зеро аксари кулли киштинишастагон ашхоси сарватманд маҳсуб меёфтанд. Боигарии ғарқшударо $200 миллион мешуморанд.
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


ҲЕМИНГУЭЙ: «БО 6 КАЛИМА ҲИКОЯ МЕНАВИСАМ»
Боре нависандаи машҳур Эрнест Ҳемингуэй шарт мебандад, ки бо 6 калимаи англисӣ ҳикояе менависад, ки аз дигар навиштаҳояш пуртаъсиртар мебарояд. Ва ӯ ғолиб меояд. Ҳикояаш дар тарҷума чунин аст. «Кафшҳои кӯдакона фурӯхта мешаванд. Наванд ва касе онҳоро напӯшидааст.  (For sale: baby shoes, never used.)
Ин ҳикояи хурдтарини Ҳемингуэйро ҳанӯз розкушоӣ накардаанд.
Нависандаи амрикоӣ О. Генри (Уилм Сидни Портер) ғолиби озмуни хурдтарин ҳикояе, ки аз оғоз, гиреҳбандии воқеа ва анҷом иборат аст, мебошад. О. Генри навишта буд: «Ронанда сигор мекашид ва ба назди баки мошин омад, то бубинад, чӣ миқдор бензин боқӣ мондааст. Марҳум 23 сол дошт».
Фредерик Браун нависандаи хурдтарин ҳикояи ваҳмангез мебошад, ки навиштааст: «Охирин одами рӯи Замин дар ҳуҷрае менишаст. Ногаҳ дарро кӯфтанд».
Таҳияи Комрон САФАР


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
МАШҚИ ЗИДДИ СӮХТОР
Сӯхторкуш Сэм — чунин меномиданд қаҳрамони дӯстдоштаи бачаҳоро дар филмҳои тасвирии телевизиони Британияи Кабир. Вай ба кӯдакон таълим медод, ки бо гӯгирд бозӣ накунанд ва дар амал тарзи хомӯш намудани оташро нишон медод. Александр Оуэни уэлсӣ хост филфавр тарзи куштани оташро дар амал санҷад. Вай ба ошхона давида рафта, онро оташ зад ва ба хонаи хоб рафта ба модараш гуфт: «Очаҷон натарс, ана мебинӣ, ман оташро зуд хомӯш мекунам!».
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ


ФАЛСАФА
Ман ҳеҷ гоҳ намегузоштам, ки дарсҳои мактабӣ садди роҳи илмомӯзиам гарданд.
***
Агар сагеро, ки аз гуруснагӣ ғуломи марг аст, хӯронда наҷот диҳӣ, ҳеҷ гоҳ туро намегазад. Асоситарин фарқ миёни саг ва инсон дар ҳамин аст.
Марк Твен


ПАНД
Аз Ҳакиме пурсиданд: - Сангинтар аз кӯҳ чист?
- Туҳмат ба инсони бегуноҳ.
- Аз дарё паҳновартар чист?
- Қалби инсони қонеъ.
- Аз заҳр талхтар чист?  
- Сабр дар баробари  ҷоҳилон.
Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи  С. Улуғзода


СЕ НАБАРДИ РЕКОРДӢ
Бокси касбӣ ҳама вақт бизнес буду мемонад. Дар набардҳо байни ситораҳои ринг маблағҳои калон - даҳҳо ва ҳатто садҳо миллион доллар фоида ба даст меояд. Аҷобаташ дар он аст, ки ҳамаи набардҳои рекордӣ (се набард) бо иштироки Флойд Мейвезери афсонавӣ сурат гирифтаанд. Ин муштзан ҳамаи рекордҳоро ноил гаштаву тӯли фаъолияти касбии хеш зиёда аз як миллиард доллар даромад кардааст.

2. ФЛОЙД МЕЙВЕЗЕР - МЭННИ ПАКЯО 440 МИЛЛИОН ДОЛЛАР
Баъди шаш соли гуфтушунидҳо Флойд ва Мэнни дар мусобиқаи NBA вохӯрданд ва дар он ҷой дар бораи шартҳои рақобат ба мувофиқа расиданд.
Набард 2-юми майи соли 2015 дар MGM Grand Las Vegas, ки ғунҷоишаш то 16800 бинанда аст, доир гардид. Нархи чиптаҳо барои тамошои ин набард аз 1500 то 150000 доллар боло рафт.
Даромади Мейвезер аз ин набард 300 миллион доллар ва ҳарифаш Мэнни қариб 140 миллион долларро ташкил дод.
Таҳияи Умар АЛӢ


САХОВАТМАНДТАРИН ШАХСИЯТҲОИ ОЛАМ
СУЛАЙМОН ИБНИ АБДУЛАЗИЗ АР-РАҶӢ
Соли 1957 Сулаймон ибни Абдулазиз ар - Раҷӣ бо се бародараш бонке таъсис дод, ки пасон ба яке аз бонкҳои бузургтарини ҷаҳон табдил ёфт. Ба Ар - Раҷӣ сармояи гузоштааш фоидаи даҳкарата овард. Соли 2013 магнат бо дороии доштааш иктифо карда, якбора ба эҳсонкорӣ гузашт ва тамоми даромадашро ба Ширкати хайриявии «Sulaiman bin Abdul Aziz Al Rajhi Endowments Holding Company» равона кард.
Маблағҳои он барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф, тандурустӣ сафарбар мегардад. Ар - Раҷӣ, ҳамчунин, Донишгоҳи забони арабӣ, департаменти тандурустии гвардияи миллии Арабистони Саудиро  сарпарастӣ менамояд. 
Маблағи умумии хайрияи ӯ  5,7 миллиард доллар, сармояи худӣ 590 миллион доллар ва индекси сахотватмандиаш 966 дарсадро ташкил медиҳад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


10 ҶОНВАРИ ОБИЕ,  КИ НОТАКРОРАНД
3. МОҲИЧАИ СИТОРАШИНОС
Дар иёлати Калифорния моҳичае мавҷуд аст, ки вай барои ҳаётгузаронӣ аз Моҳ васеъ истифода мебарад.
Моҳича ҳангоми тухмгузорӣ ба соҳил хеле наздик омада, саршавии ҷозибаи Моҳ (мадд)-ро интизор мешавад. Пас аз қувваи кашиш, оби баҳр баланд шуда, моҳичаро ба соҳил бароварда, мепартояд. Вай дар реги соҳил тухм гузошта, баъд бо ёрии дум худро ба об наздик мекунад ва гашта ба баҳр меравад. Азбаски мадду ҷазри калонтарин дар вақти пуррагии Моҳ ба вуҷуд меояд, моҳича ҳам тухмгузории худро ба ҳамин ҳолати Моҳ мувофиқ кардааст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


СУД. ДАЪВОҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
Одамон, аслан, барои он ба суд муроҷиат мекунанд, ки ҳақиқат ва адолат тантана кунад. Ва ин як кори маъмулист. Аммо, вақте одамони одӣ ба суд муроҷиатҳои ғайриодӣ мекунанд, ин воқеан, аҷиб аст.

СУРУДИ  «HAPPY BIRTHDAY» ҲАМ МУАЛЛИФ ДОРАД
Мусиқии ин сурудро баъзе аз шаҳрвандони мо низ ҳангоми таҷлили зодрӯз зам – зама мекунанд. «Happy birthday» ҳуқуқи муаллифӣ дошта, он аз ҷониби давлат дифоъ мешавад. Ҳар боре ин мусиқӣ дар намоиш ё филмҳои телевизионӣ садо диҳад, ҳаққи иҷозатнома барои истифодаи он ба ширкати «Warner Chappell Music» интиқол меёбад. Коргардон Ҷенифер Нелсон аз ин кор норозӣ шуда, ба хотири ҳалли масъалаи баҳсангез ба суд муроҷиат намуд. Зеро ширкати мазкур аз ӯ барои дар филми мустанадаш истифода бурдани суруди мазкур пардохти 1 миллиону 500 ҳазор доллари амрикоиро талаб кард. Дар додгоҳ Ҷенифер чанд далели мардумӣ будани мусиқӣ ва суруди «Happy Birthday» - ро пеш овард. Аз ҷумла, кори илмии профессор Роберт Браунейсро бо номи «Ҳуқуқи муаллифи беҳтарин суруд дар ҷаҳон» далели равшан донист, ки мухтассар дар бораи пайдоиши суруд нақл мекунад. Суд ҳанӯз қарори худро набаровардааст, вале дар ҳар сурат ҷараёни суд ба кори ширкати «Warner Chappell Music», ки бе омӯзиши амиқи таърихи мусиқӣ ва суруд онро соҳибӣ кардааст, таъсир гузошт.
Таҳияи О. ВАФОБЕК


РЕАЛ – ДАСТАИ «ШОҲОНА»
1. Аз ҳама бохти калонтарини «Реал» - Мадрид дар Ла Лига (соли 1929) мағлубияти ӯ бо ҳисоби бузурги 1:8 аз дастаи Эспаниол маҳсуб меёбад.
2. Дар соли аввали таъсисёбӣ - соли 1895 ин даста номи  «FC Sky» - ро дошт.  Баъдан,  президенти ин бошгоҳ ба хулосае омад, ки номи дастаашро дигар кунад.  6 марти соли 1906 бошгоҳ тағйири унвон кард ва номи «Реал» Мадридро гирифт.
3. «Реал» Мадрид 29 июни соли 1920 аз тарафи шоҳаншоҳ Алфонсои XIII ҳамчун дастаи шоҳона номгузорӣ шуд. Аз он сол то инҷониб даста ин номро дорад.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2018    №: 229    Мутолиа карданд: 484
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед