logo

сиёсат

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН!

Мусаллам аст, ки Парчами давлатӣ рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлат мебошад. Бешак, баёни ин ҳақиқат бо забони содаву равон ва фаҳмо гуфтан ба шогирдон осон нест. Барои дарки он нахуст тухми меҳри Парчами давлатиро дар замири дили онҳо мебояд, ки кишт. Ва ҳам он бояд самар  биёрад. Тавре мегӯянд, аз газанди обу ҳаво ва офтоби сӯзон нигоҳаш бояд дошт.
Ин муҳаббатро, ба яқин, дар як дарс ва ё як суҳбат наметавонад омӯзгор дар дилҳо бипарварад. Инчунин, як омӯзгор дар иҷрои ин амри хайр ба он мақсаде, ки дорад, дар алоҳидагӣ муваффақ намегардад. Яъне, зарур  аст, ки ҳар омӯзгор вобаста ба фанни таълимии худ моҳияти Парчами давлатиро баён бидорад.
Ман ба шогирдон зимни соатҳои таълимӣ ва тарбиявӣ мегӯям, ки Парчами давлатӣ муаррифгари симои мардуми тамаддунсози мо дар арсаи байналмилалӣ аст. Воқеан, ин ҳақиқати собитшуда мебошад. Парчами мо реша дар таърихи куҳани миллӣ дорад. Аз сарчашмаҳо маълум гардидааст, ки умри он ба беш аз 6600 сол мерасад. Васфу сифаташ чун «Парчами коваёнӣ» дар китобҳои қадимии «Авасто» ва «Таърихи Табарӣ» омадааст. Абулқосим Фирдавсӣ низ аз ин парчам ва таърихи пайдоишаш дар «Шоҳнома» ёдовар мешавад. Ниёгони пуршарафи мо онро хуш ва бо зару зевар меоростаанд. Ин, албатта, аз садоқат ва нангу номуси ватандориашон шаҳодат медиҳад. Дар майдони корзор ба ҳангоми разм бар зидди душманонашон ҷон медодаанду парчамро аз даст намедодаанд. Агар ҳам дасташонро мебуриданд, онро ба дандонҳо мегирифтаанду нигоҳ медоштаанд.
Зимни баёни ин ҳақиқати таърихӣ таъкид менамоям, ки чун ниёгонамон мо бояд Парчами миллиро дӯст бидорем ва пайи ҳифзашу пойдорияш ҳатто ҷонро дареғ надорем.
Ба вуҷуд овардани ин муҳаббат ногузир ва бисёр зарур мебошад. Дар ин сурат пеши бисёр амалҳои номатлуб ва гаравидан ба ҳаракатҳову ҳизбҳои ҳадафашон баду нопок пешгирӣ карда мешавад.
Қабули Парчами давлатӣ дар замони истиқлол ва ҳам даврони вазнину сангини миллат раванди давлатдорӣ ва мазмуну мундариҷаи зиндагиву тафаккури  халқи моро дигар кард. Он, дар ҳақиқат, иқдоми олии ватандӯстона буд. Ҳанӯз аз хотирҳо нарафта ва дар пеши чашмонамон ҷилвагар аст, ки дар он иҷлосияи сарнавиштсози миллат Сарвари тозаинтихоби давлат дар назди Парчами Тоҷикистон бо муҳаббату самимияти хос сари таъзим фуруд оварданд ва онро бӯсиданд. Дар ин лаҳзаҳои таърихӣ беихтиёр ашки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамоми мардум тариқи телевизор диданд. Пас  аз он бовар ҳосил карданд, ки ин кишвар Сарвари ҳақиқии худро пайдо намуд.
Имрӯз дар фазои софу ороми кишвари азизамон парафшонии Парчами давлатиро  мебинему мутмаин мегардем ва низ умед мебандем, ки ояндаи ин давлату миллат дурахшон аст.
Дуову таманнои ҳамаи мо ин аст, ки «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!».
Санчагул БУРҲОНОВА, омӯзгор, ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2018    №: 229    Мутолиа карданд: 432
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед