logo

ҳуқуқ

МИЛЛАТ ВА ПАРЧАМ

Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Парчамдориву парчамбардории халқи мо таърихи қадима дошта, аҷдодонамон аз ибтидои тамаддуни башарӣ соҳиби рамзу нишони худ буданд. Дар ин миён Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле  қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус буд. Бозёфтҳои таърихӣ, ҳафриёту навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногун, ки то замони мо ба мерос расидаанд, далели ҳамин гуфтаҳост.
Ба пайдоиши парчам дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик мутафаккирону адибони зиёде ишора кардаанд, ки муҳимтарини онҳо Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Ин мутафаккири барҷастаи тоҷик пайдоиши парчамро ба муборизаи Коваи оҳангар алайҳи зулму истибдод ва таъмини адолату зиндагии осоишта мансуб медонад. Дар «Шоҳнома» - и безаволаш, ки яке аз асарҳои ватандӯстию мардонагист, Фирдавсӣ доир ба муборизаи Коваи оҳангар ва қаҳрамониву ватандӯстии ӯ маълумоти муфассал додааст. Яъне, Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш карда, мардуми ситамдидаро барои мубориза даъват намуд ва халқ низ зери он дирафш ҷамъ омаданд. Кова шӯришгаронро ба назди Фаридун, ки вориси қонунии сулолаи Пешдодиён буд, овард ва Фаридун дирафшро бо 4 ситораи тилло, сангҳои қиматбаҳо, лентаҳои сурху зард ва бунафш оро дода, номашро Дирафши Ковиёнӣ гузошт. Аз ҳамон замон сар карда, парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ миёни аҷдодони мо қабул гардид.
Дар асри XX дар баробари Парчами давлати шӯравӣ, Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ парафшон буд. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар як ҷумҳурии аъзои онро мебоист, ки парчами ягонаи худро қабул кунанд. Ҳамин буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тоза соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардида буд, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 парчами ягонаи худро қабул кард. Он яке аз рамзҳои муҳими давлатдории муосири мо, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои намояндагони тамоми халқҳои муқими Тоҷикистон гардид.
Мавриди зикри хос аст, ки дар доираи баргузории чорабиниҳои идона ба муносибати ба 15 - умин солгарди қабули Конститутсия соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки  24  ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шавад. Аз ҳамон сол инҷониб, мардуми шарафманди тоҷик ҳар сол 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ дар фазои сулҳу ваҳдати комил ҷашн мегиранд.
Воқеан, Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои давлату миллат, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқамон мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди равшанзамири ин Ватани биҳиштосоро зарур аст, ки нисбат ба рамзҳои давлатӣ, алалхусус Парчами давлатӣ эҳтироми зиёд дошта бошанд.
Ғолиб ДАМОНЗОДА, корманди Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2018    №: 229    Мутолиа карданд: 299

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед