logo

иқтисод

ХУРОСОН. ФАРДОРО БЕҲТАР АЗ ИМРӮЗ МЕСОЗЕМ

Хуросон. Сокинони ин гӯшаи рӯ ба рушди кишвари азизамон заҳматкашу мушкилнописанданд, ки аз меҳнати содиқонаашон сол ба сол мавзеяшон ободу боғу роғашон сарсабзтару ранҷи кашидаашон ганҷи хирманашонро афзунтару баракати дастархонашонро бештар мегардонад. Чуноне Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳия, зикр намуд, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ  бо масъулияти баланди касбӣ ба роҳ монда, ба як қатор дастовардҳои меҳнатӣ ноил гардиданд. Чунончи, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ва ба кор даровардани захираҳои дохилӣ, дар нуҳ моҳи соли равон нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ноҳия барзиёд иҷро шуданд. Нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 409 миллиону 441 ҳазор сомонӣ баробар гардида, афзоиш 102, 5 дарсадро ташкил дод.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 103 дарсад таъмин ва ба буҷет 15 миллиону 846 ҳазор сомонӣ ворид гардид.
Иҷрои Барномаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда 63 дарсад таъмин гардида, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 192 ҷойи кории нав ва барқароршуда таъсис дода шуд, дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 114 нафар ҷӯянда бо ҷойи кор таъмин гардид. 
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои манфиатбахш ва риояи агротехникаи  зироатҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 34,5 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 25,3 ҳазор тонна сабзавот, 5,6 ҳазор тонна картошка, 8,9 ҳазор тонна полизӣ, 3,8 ҳазор тонна мева, 5,5 ҳазор тонна ангур истеҳсол шуд.
Соли равон 65,94 гектар боғи нав ва 8,56 гектар ситруспарварӣ ташкил ёфта,  дар заминҳои лалмӣ 2,86 гектар боғу токзор бунёд гардиданд. Дар баробари зиёд афзудани маҳсулоти кишоварзӣ содироти он низ ба хориҷа бештар шуда, то 1 октябри соли равон 1345 тонна маҳсулот, аз ҷумла 1125 тонна сабзавот ва 220 тонна ангур содирот шуд, ки 103,5 дарсади нақша аст.  Барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ 2 яхдону сардхонаҳо бо иқтидори 1600 тонна  омодаи кор мебошанд.
Тибқи маълумоти оморӣ то 1 октябри  соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 3089,4 тонна гӯшт, 7089 тонна шир, 119,2 тонна пашм, 13,2 тонна асал истеҳсол шудааст.
Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 3 - то расида, майдони кӯлу ҳавзҳо  21 гектарро ташкил медиҳад. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои рушди соҳаҳои саноату энергетика ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба бунёди корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ   тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.  
Корхонаҳои  саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 78 миллиону 980 ҳазору 300 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Айни ҳол ҳосили пахтаи соли ҷорӣ барои фаъолияти мунтазами корхонаҳои коркард ба муассисаҳо ворид гардид.
Дар ҳудуди ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар 120 километр роҳ таъмири асосӣ ва ҷорӣ сурат гирифт, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ таъмиру мумфарш намудани роҳҳои байни деҳаҳо идома дорад.
Дар соҳаи сохтмон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 19 миллиону 599 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуда, ба  маблағи 19 миллиону 405 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмону васлкунӣ ва 70,1 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро гардида, бо истифода аз 1,5 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ 2125 метри мураббаъ хонаҳои шахсӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар ноҳия 61 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад ва дар онҳо 27536 хонанда  ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ соли ҷорӣ дар олимпиадаҳо иштирок  намуда, ба гирифтани 52 ҷойи ифтихорӣ сазовор гардиданд. Бо вуҷуди пешравиҳо дар соҳаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ норасоии мизу курсӣ ба чашм расида, аксарияти муассисаҳои таълимӣ ба таъмири умумӣ ниёз доранд. Ҳамчунин, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ташкил намудани “Маркази инкишофи кӯдак” синфхонаҳои иловагӣ заруранд. Сохтмони муассисаҳои томактабӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот, мушкилоти дигар аст, ки бо ҳал гардидани он рушди соҳаи маориф таъмин мегардад.
Баҳри татбиқи барномаҳои сиёсати давлатӣ, ки ба ҳифзи саломатии аҳолӣ нигаронда шудаанд, дар ноҳия 56 муассиса, аз ҷумла 6 муассисаи бистарикунонӣ, 50 муассисаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Бо мақсади дарёфти сарчашмаю манбаъҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ташкилу гузарондани чорабиниҳои пешгирию маҳдудкунӣ ва безараргардонии манбаъҳои сирояткунанда аз ҷониби мутахассисони соҳа корҳои муайяне ба анҷом расонда шудаанд. Соҳаи тандурустӣ ҳам мушкилоти худро дорад. Чунончи, барои кормандони тиб дар муассисаи ёрии аввалияи тиббию санитарии ноҳия ҳуҷраҳои корӣ намерасанд ва дар шаҳраки Обикиик табибон барои шифои беморон ба сохтмони шуъбаи ҷарроҳӣ ва бемориҳои дарунӣ сахт эҳтиёҷ доранд.
Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018  - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши носутурданӣ хоҳад гузошт.
Дар ин давра дар ноҳия номгӯи чорабиниҳои гуногун дар байни наврасону ҷавонон бо фарогирии беш аз 27800 нафар гузаронда шуда,  якчанд майдончаҳои варзиш, толорҳо ва дигар иншоот аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.   
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳамаи имконоти мавҷуда пурсамар истифода бурда, баҳри он саъю талош меварзад, ки соли ҷориро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст карда, зиндагии орому осудаи сокинонро таъмин намояд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Убайдулло МУРОД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2018    №: 229    Мутолиа карданд: 313
01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед