logo

фарҳанг

ИЛМ. Олимони тоҷик ду минерал кашф намуданд

Олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои кишвар дар якҷоягӣ бо кормандони Осорхонаи минерологии ба номи А. Ферсмани Академияи илмҳои Россия, зимни корҳои муштараки илмӣ – саҳроӣ аз ҳудуди кишвар ду минерали нав - «Фалғарит» ва «Бадахшонид»  - ро кашф намуданд.
Тибқи иттилои директори институт И. Оймуҳаммадзода, муҳаққиқон минерали «Фалғарит» - ро аз мавзеи Кӯҳи Малик, соҳили рости дарёи  Яғноб, «Бадахшонид» - ро аз қисмати шарқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёфта, вобаста ба мавзеи пайдоишашон номгузорӣ намуданд.
Минералҳо  дар  озмоишгоҳи  Институти   геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология мавриди баррасӣ, омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифта, хосияти физикӣ, кимиёвӣ, кристаллографиашон муайян гардид. Комиссия  оид ба маъданҳои  нав ва Ассотсиатсияи  байналмилалии  минерологҳо «Фалғарит» ва «Бадахшонид»  - ро аллакай тасдиқ ва эътироф намуданд.
Минерал кандании фоиданоке ба шумор меравад, ки онро табиат худ ба вуҷуд меорад. Он дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ороиш, техникаву тиб васеъ истифода мешавад. То имрӯз дар ҷаҳон 5336 намуди минералҳо муйян карда шуданд. Ҳамасола комиссия оид ба минералҳои  нав даҳҳо навъи минералро эътироф ва қабул менамояд. Аммо, айни замон, дар дунё танҳо беш аз 150 навъи минерал машҳур аст. Коршиносон аз Тоҷикистон то имрӯз беш аз 30 намуди минерал пайдо намудаанд, ки «Тоҷикид», «Сурхобит», «Тиёншолит», «Баротовит» аз ҷумлаи онҳост.
Тавре Абдулҳай Файзиев, мудири озмоишгоҳи канданиҳои фоиданоки  институт, зимни суҳбат ба мо гуфт: «Танҳо аз дараи Пиёзи минтақаи Рашт олимони кишвар наздики 30 навъи маъданро пайдо намудаанд. Аммо, аз сабаби он ки миқдорашон хеле кам мебошад, онҳоро дар соҳаҳои гуногун истифода намебаранд. Маъданҳоро бештар хусусияти илмиашон омӯхта мешавад».
Бино ба иттилои ӯ миқдори минералҳои ёфтшудаи    «Фалғарит» ва «Бадахшонид» низ кам аст. Аммо, корҳои омӯзишӣ идома доранд ва эҳтимол аст муҳаққиқон дар ин мавзеъ боз навъҳои дигари маъданро пайдо намоянд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2018    №: 230    Мутолиа карданд: 362

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед