logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - СИМОИ МАРДУМИ ТАМАДДУНОФАР

Шахсияти инсонию маънавӣ ва роҳбарии сарвари созандаи мардум, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли офтоби тобони бахт мебошад, ки 26 сол инҷониб ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гармӣ ва рӯшноӣ мебахшад. Чунки Пешвои фидокори халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне Сарвари давлат интихоб шуданд, ки умеду боварӣ ба ояндаи дурахшони Ватан дар дилҳо пажмурда, хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлат ва пароканда шудани миллати тоҷик ба воқеияти рӯз табдил ёфта буд.
Дар он рӯзҳои талху сиёҳи аввали солҳои навадуми асри гузашта оташи ҷанги бародаркуш рӯз аз рӯз баланд мегардид. Дар чунин вазъият Тоҷикистони нав ба истиқлолрасида монанди модари сияҳпӯш дар ғами фарзандони фидокораш хуни дил мехӯрд. Аз чунин ҳолати ногувор истифода карда, дар мамлакат, махсусан ҷанубу шарқи кишварамон, қумандонҳои «камондор» ба қатлу ғорати ҳамдиёрону ҳамватанони худ машғул буданд. Хазинаи кишвар ба ғорат рафта, қаҳтию гуруснагӣ рӯз аз рӯз шиддат мегирифт. Сохтори давлатӣ фалаҷ гардида буд.
Дар чунин вазъияти нобасомон, ояндаи норавшан, даврони тирабахтию шум дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аз байни намояндагони халқ марди шердилу боҷасорат ва қавииродаву хирадманд бо номи Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ ва баъди ду сол Президенти мамлакат интихоб гардида, аз рӯзҳои аввали ба вазифа шурӯъ кардани худ ба мардуми кишвар хитоб намуданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин марди бузург ба ин қавли додаи худ содиқ монда, ба кишвару Ватани худ сулҳу ваҳдати миллиро ба армуғон оварданд.
Сулҳу ваҳдат беҳтарин ва нодиртарин ҳадияи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Тамоми ғайрату кӯшиши Президенти мо ба он равона гардидааст, ки ба таъкиди сиёсатмадори маъруф, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин: «Дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад».
Собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш дар тавсифи сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр муташанниҷ ба кишвараш ва халқаш сарвар гардид. Вале тавонист халқу давлаташро аз варта наҷот диҳад. Вай дар муддати начандон тӯлонӣ дар мамлакат сулҳро барқарор кард ва ба арсаи байналхалқӣ баромад. Чунин сиёсатмадорон каманд».
Яке аз маъруфтарин ва маҳбубтарин адибони муосир, нависандаи номвари қирғиз Чингиз Айтматов хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу шукуфоӣ чунин васфу ситоиш намудааст, ки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад: «Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ ва фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузургвор дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд».
Дар радифи Чингиз Айтматов адиби машҳури Доғистон Расул Ҳамзатов дар ситоиши Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид менамояд: «Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор мешавад. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад».
Ҳамин тавр, таъмини сулҳу ваҳдат ҷавҳари фидокориҳои Президенти сулҳофарини миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад. Ин маънӣ дар мисраҳои зерини Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло хеле зебо ифода гардидааст:
Ваҳдати миллӣ ҳамин иқдоми ӯст,
Ваҳдати миллӣ худи ӯ, номи ӯст.
Ваҳдати миллӣ ҳамин имони мост,
Сурати Эмомалӣ Раҳмони мост.
Ба шарофати ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини сулҳу ваҳдат пешрафти устувори соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои стратегии ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таъмин гардида, кишвари азизамон обод, сокинони мамлакат хурраму дилшод ва ояндаи босаодати наврасону ҷавонон равшану босубот гардид.
Имрӯз кишвари маҳбубамон зери парчами  музаффаронаи Сарвари созандаи худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи нави рушду инкишофи бемайлони таърихӣ қарор дорад. Мардуми шарифи мамлакат бо ҳидояти Пешвои маҳбуби худ баҳри истиқболи сазовори Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободонию бунёдкориҳоро вусъат мебахшанд. Ин ҷашни хуҷаста, ба таъкиди Пешвои миллат, «ҳамчун рамзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳсоси баланди ватандориву ватандӯстӣ метавонад ба сифати ғояи бузурги миллӣ ҳар як фарди бонангу номуси миллатро ба ҷодаи ободкориҳои нав ҳидоят намояд».
Бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми мамлакат беш аз 22 ҳазор иншоот, аз ҷумла дар вилояти Суғд зиёда аз 6 ҳазор ва дар ноҳияи Мастчоҳ 300 иншоот, сохта ба истифода дода мешавад, ки ин бори дигар аз таъмини рушди босуботи Тоҷикистон дар даврони сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Сокинони заҳматқарини ноҳия бо чунин Пешвои ваҳдатсозу бахтофарини миллати худ ҳамеша ифтихор намуда, бо ҳидояти ин марди бузург барои таҷлили шоистаи Ҷашни 23 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки соли 2020 дар Мастчоҳ баргузор мешавад, тамоми саъю талоши худро равона менамоянд. Барои сокинони ноҳия кору зиндагӣ дар партави сиёсати ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат саодати бузург ва ифтихори волои ватандорист.
Зиндаву поянда бодо халқи мо бо Сарвараш,
Тоҷикистон Каъбаи мо, ӯ имоми миллат аст!
Ғайрат АЗИЗЗОДА, раиси ноҳияи Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2018    №: 230    Мутолиа карданд: 653
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед