logo

сиёсат

БА ПЕШ, ТОҶИКИСТОН!

Беш аз ду даҳсола аст, ки кишвари азизамон Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҳалқаи мамолики мутамаддини ҷаҳон шарафмандона ва шоиста гом мениҳад. Қобили зикр аст, ки мафҳуми аслии Истиқлолияти давлатиро истиқлоли сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва энергетикӣ комил месозад. Ва ин рӯйдоди муҳими таърихӣ – ба кор андохтани агрегати нахустини неругоҳи “Роғун”, ки моро насиб гашту шоҳидаш будем, кафили пешрафт, рушд ва бақои миллати тоҷик хоҳад буд.
Ҷои ёдоварист, ки таърихи ҳар қавму халқият  шахсиятҳоеро мешиносад, ки ба туфайли эшон миллат муаррифӣ мегардад ва дигарон бо назари хос ба онҳо менигаранд. Дар таърихи навини кишвари мо абармарди назаркардаи Худо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омад, ки боиси пояндагӣ ва бақои давлату миллат гардид. Бунёди иншооти аср - Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки бо талошҳо ва заҳматҳои ин марди наҷиб рӯи кор омад, далелест раднопазир аз ватандӯстии ӯ.
Баъди ба даст овардани сулҳ аз ҷониби Сарвари давлат дар фазои Ватан насими тозаи эҳё, созандагӣ ва бунёдкорӣ вазид. Иншооти зиёди фароғатию варзишӣ ва маишӣ, корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, шифохонаву бунгоҳҳои тиббӣ, нақбу роҳҳо ва ғайра сохта ба истифода дода шуданд. То ба гардиш даровардани агрегати НБО - и “Роғун”, бо талошҳои Пешвои муаззам “Сангтӯда - 1”, “Сангтуда - 2” мавриди истифода қарор гирифтанд, ки аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар дар афзун намудани неруи барқ маҳсуб меёбад. Ин ҳадафи бузург намоди номус ва шарафи халқу Ватан аст. Сохтмони НБО  “Роғун” моҳият ва арзиши байналмилалӣ дорад. Ин неругоҳ на танҳо хонадони тоҷикистониён, балки манзили кишварҳои ҳамҷаворро низ мунаввар хоҳад кард. Ба чарх даромадани агрегати якум тапиши қалби мардуми кишвар ва рӯҳи шикастнопазири онро қавитар ва устувортар сохт. Бешак, мардуми умедвор аз ин неругоҳи тақдирсоз неру гирифт. Ҳангоме ки зимоми сарнавишти миллат ба дасти фарзонафарзанди Ватан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор гашт, сатрҳои ҷовидонаи Муҳаммад Иқбол ба хотир омаданд, ки фармудааст:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Бунёди неругоҳ ба ҷуз аз он ки аҳамияти бузурги стратегӣ барои пешрафти кишвар дорад, инчунин, мактаби бузурги гидроэнергетикӣ низ ба шумор меравад, зеро ин мактаб дар таҷрибаандӯзии мо дар ин масир  ёрии беандоза метавонад расонад. Хушбахтона, корҳои лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии “Шӯроб”, “Фондарё”, “Нуробод -1”, “Нуробод-2” идома доранд, ки барои фардои дурахшони мо заминаи рушди иқтисодиётро фароҳам хоҳанд овард. Яъне, ин мактаби бузург барои тарбияи мутахассисони соҳаи энергетика пойгоҳи устуворест.
Албатта, ин ҳама дастоварде, ки насиб гашт, натиҷаи талошҳои Пешвои муаззами миллат буд. Ибтикор дар эҳёи “Роғун” сароғози корномаҳои навбатии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, ки дар таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар фосилаи садсолаҳо батаҳриковарандаи пешравиҳои бузурги иқтисодӣ хоҳад гашт. Азму иродаи Пешвои миллат буд, ки сохтмони неругоҳи “Роғун” ба корзори нангу номуси ватандории тоҷику тоҷикистонӣ табдил ёфт.
Ба таъбири шоир Муҳаммадалии Аҷамӣ:
Афсона ҳақиқате шуд, инак,
Афсонаи бегазанд омад.
Аз ғайрати Пешвои миллат
Талхӣ ҳама рафт, қанд омад.
Эй марди Худой, бо ту ҳастем,
Маънист чунин, баланд омад.
Малоҳати АБДУЛЛО, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2018    №: 231    Мутолиа карданд: 402
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед