logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. РАҚАМҲО АЗ ТАЪРИХИ ДӮСТӢ

Дар таърих воқеаҳои муҳим дар санаҳои якхела,  дар ҳаёти халқҳо, давлатҳо, муносибатҳои байни давлатҳо, хоссатан  шахсиятҳои бузург, сиёсатмадорон рӯй медиҳанд, ки мазмунан ва ё умуман, як мавзӯъро дар бар мегиранд. Чун нек бингарем, ин мувофиқ омадан ва такрор шудани рақамҳо аслан ҳамон як рӯйдодро тадриҷан такмил медиҳанд ва ба сатҳи нисбатан баланд мебардоранд.
Мавзӯе, ки мо интихоб намудаем, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек аст.  Ба рақамҳое, ки аз ҳаёти шахсиятҳои бузург, сиёсатмадорони барҷаста фаъолияти илмӣ, адабӣ ва сиёсии онҳо дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир вохӯриҳо дар сатҳи олӣ, созишномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ таваҷҷуҳ намоед, чанд бор такрор мешаванд. Дар китоби дӯстии ин ду миллат номи онҳое сабт гаштаанд, ки амалан барои оғоз, таҳким ва идомаи дӯстии тоҷикону ӯзбекон нақши калидӣ бозидаанду мебозанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки меъморони ин “Қасри дӯстӣ”, ки имрӯзҳо хеле пурҷило ва муҳташам ба назар мерасад,  ҳанӯз дар асри XV мутафаккирони барҷастаи тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ будаанд. Фарқияти синну соли устоду шогирд 27 сол аст.
Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сафари давлатӣ пас аз 27 сол баргузор гаштааст.
Дар солҳои 20 - уми асри XX устод Садриддин Айнӣ барои  таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои хеле шоён анҷом додааст. Маҳз ӯ дар замони бисёр душвор ва тақдирсоз ба забони шевои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ асарҳое офарид, ки ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ оварданд ва ба қасри дӯстии тоҷикону ӯзбекон ҷилои махсус бахшидааст. Дӯстии устод Айнӣ бо адибони машҳури ӯзбек, аз ҷумла Абдулло Қодирӣ, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва, хоссатан, Ғафур Ғулом мисоли равшанест дар қаробати  халқҳои тоҷику ӯзбек дар солҳои 20 - уми асри гузашта. Ғафур Ғулом Айниро барои маслиҳатҳои устодонааш дар пешрафти эҷодиаш ва барои хизматҳо ба адабиёти ӯзбек устод хондааст. Бо амри тақдир устод Айнӣ пас аз 27 сол аз Бухоро ба Самарқанд - шаҳре, ки муддате пойтахти муштараки тоҷикону ӯзбекон буд, кӯчидааст.
9 - 10 марти соли равон дар шаҳри Душанбе вохӯрии сарони давлатҳо: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар сатҳи баланд баргузор гашт, ки дар маҷмӯъ, 27 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расид.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17 - 18 августи соли 2018 дар сатҳи баланд баргузор гашт. Ин сафар дар остонаи Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гашт.
Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев 27 сентябр ба мақсади абадӣ гардондан ва тақвияти дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, ҳамчун рамзи дӯстии ду миллати дӯсту бародар ва ҳамсоя боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ” дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт ва парда аз рӯи муҷассамаи мутафаккирони барҷастаи тоҷику ӯзбек - Ҷомӣ ва Навоӣ бардошта шуд.
Такроршавии ин рақамҳо воқеан ҷолиби диққат буда, хонандагон, хусусан ҳаводорони илми таърихро ба андеша водор месозад.
Мурод ҶУМЪАЕВ, омӯзгори МТМУ № 20 - и  ноҳияи Айнӣ,
Аълочии маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2018    №: 232    Мутолиа карданд: 839
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед