logo

сиёсат

"РОҒУН". ВАҚТЕ МАРД БА АҲДАШ ВАФО МЕКУНАД...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари халқро аз парокандагӣ, давлату миллатро аз нестшавӣ раҳо бахшидан барои рушди устувори иқтисоди кишвар заминаҳои устувору таҳкимбахш гузоштанд.
Дар радифи чунин корнамоиҳои бемисл эҳёи сохтмони НБО «Роғун»  аз зумраи ташаббусҳои нотакрори Пешвои миллат аст, ки самари онро имрӯзҳо мо бо чашми худ дида истодаем. Бунёди иншооти стратегии мазкур майдони корнамоиҳои бузурги аср буда, дар Осиёи Марказӣ неругоҳи калонтарин ва нодиртарин ба ҳисоб меравад. «Роғун» барои ҳамагон мактаби бузурги омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз захираҳои фаровони табиист. «Роғун» арсаи нангу номуси миллат ва корзорест, ки дӯстии халқҳо ва ваҳдати миллии тоҷиконро таҳким  мебахшад. Аҳамияти иқтисодии он хеле чашмрас аст. Неругоҳи беназир  Тоҷикистонро ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ расонда, ба густариши самтҳои дигари иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ифтитоҳи  агрегати якуми НБО «Роғун» 16 ноябри соли равон дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки доираи васеи меҳмонони дохилию хориҷӣ  ба ҷашни умумимиллии тамоми тоҷикони ҷаҳон табдил ёфта буд. Амалишавии ин ормони чандинсолаи халқ қадами дигари пирӯзмандона дар пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад, ки ба  беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии минбаъдаи мардум такон мебахшад.
Ба ифтихори ин ҷашни муборак дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ чорабинии бошукӯҳ барпо шуд. Таҷлили ин рӯзи фархунда  дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  ба эҳсоси ватанпарастию худшиносии миллии ҷавонон бетаъсир нест. Ба ин васила, дар  мафкураи эшон андешаи ифтихор аз  миллату Меҳан устувортар мегардад, ки ҳадафи мо ҳам, ҳамин аст.
Ҳамчунин, дар ин рӯзҳои фархунда бо ибтикори раёсат дар донишгоҳ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон гардида, бинои нави сеошёна мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ошёнаи якуми бино ду маркази тестӣ – маркази тестии № 1 барои 90 ва маркази тестии № 2 барои 92 ҷой бо компютер муҷаҳҳаз гардидааст, ки дар онҳо донишҷӯён имтиҳонҳои даврӣ месупуранд. Ҳамчунин, дар кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотии факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт синфхонаи компютерӣ бо 20 компютер - моноблокҳои замонавӣ кушода шуд. Дар он донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи кафедра ва факултет дарсҳои ихтисосӣ мегузаранд.
Умед  аст, ки таълимгирандагони донишгоҳ аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ босамар истифода карда, донишу малакаи замонавиро  аз худ менамоянд ва чун созандагони НБО «Роғун» дар пешрафту шукуфоии ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд.
Шукрулло ХАЙРЗОДА, ректори Донишгоҳи давлатии молия
ва иқтисоди Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2018    №: 236    Мутолиа карданд: 404
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед