logo

фарҳанг

РИСОЛАТИ АДАБИЁТ ДАР ТАШАККУЛИ ШУУРИ МАЪНАВӢ

Андешаҳо дар ҳошияи мақолаи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов «Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт», «Илм ва Ҷомеа», №4 (12), 2018
Адабиёти тоҷик дар фосилаи бештар аз ҳазорсолаи мавҷудияти худ рисолати бузургеро анҷом додааст, ки дар меҳвари он тарбияи камолоти маънавӣ ва мусоидат ба ташаккули шуури инсоният қарор мегирад. Нуктаи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ он аст, ки адабиёти пурғановати мо на танҳо ин рисолати бузургро нисбат ба миллати тоҷик, балки баҳри башарият анҷом додааст. Нуфузи ҷаҳонии устод Рӯдакӣ, Шайх Саъдӣ, Мавлонои Балхӣ ва дигарон, ки унвони адибони башариро соҳиб шудаанд, ишорати мустақим ба ин нукта дорад.
Ҳарчанд, борҳо ба таври куллӣ дар ин маврид матолибе нигошта шудаву пажӯҳишоте низ анҷом ёфтааст, аммо то кунун рисолати адабиёт новобаста ба халқияту миллат ва ҷойгоҳи илм дар ин арса аз назари илмӣ ҷиддан таҳқиқ нашудааст. Вобаста ба ин, метавон изҳор дошт, ки мақолаи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ятимов таҳти унвони «Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт» (маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”, № 4 (12), соли 2018) амалан як пажӯҳиши муҳим ва арзишманд дар самти баррасии ҷойгоҳи адабиёт дар таҳаввули ҷомеа, таъсири он барои шинохти ҳастӣ ва воқеият ба шумор меравад.
Воқеан, мутолиаи босароҳати ин матлаб вусъати андешаи хонандаро дар баробари дарки воқеиятҳои зиндагӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва худшиносии миллӣ таҳким мебахшад. Нуктаи меҳварии баҳси мақолаи мазкур дар асл дақиқ намудани пояҳои донишҳои инсонӣ ва шеваҳои маърифати ҳастӣ, инчунин, нақши илму адабиёт дар шинохти воқеиятҳои иҷтимоӣ ба шумор рафта, ба таъбири худи муаллиф “аз дидгоҳи назариявӣ, наздик гаштан ба инъикоси воқеияти зиндагӣ тавассути каломи бадеӣ дар чаҳорчӯби ниёзҳои иҷтимоӣ мебошад”.
Таҳлили қиёсии ҷойгоҳи илм ва адабиёт дар иҷрои ин рисолати бузурги иҷтимоӣ бар пояи аснод ва далелҳои айниву зеҳнӣ, намунаҳои осори адабиву бадеӣ бисёр ҷолиб сурат гирифтааст. Ҳарчанд муаллиф сарчашмаи аслии зуҳури донишу илм ва адабиётро воқеият ва таҷрибаи зиндагонӣ мешуморад, аммо шеваҳои таъсири онро ба шуури иҷтимоӣ ва ташаккули маънавиёти мардум гуногунранг муаррифӣ менамояд. Муаллиф ба маврид таъкид мекунад: “Адабиёт ҳам, ки аз эҳсос, тасаввурот ва кӯшиши наздик гаштан ба воқеият оғоз мегардад, ҳамзамон барои шинохт ва арзёбии ҳастӣ таъйин шудааст. Яъне, дар муқоиса бо илм ҳамон сифатро дорост”. Муқоисаи нигорандаи мақола дар шинохти ҷойгоҳи ин ду василаи муҳим ба тарзи дигаргуна ҷараён дорад, яъне ба таъбири матлуби ӯ: “Илм мекӯшад, ки моҳияти масъаларо орӣ аз хости шахс, дидгоҳи субъективӣ, дар он шакле, ки дар ҳақиқат ҳаст, “хушку холӣ”, хунсардона ба намоиш гузорад.
Ворид гаштан ба моҳияти масъала тавассути абзори бадеӣ, гоҳо авлотар аз илм аст. Зеро илм ҷаҳонбинии мутахассисони самти муайяни ҳаёти инсониро баррасӣ мекунад. Адабиёт «дили васеъ», диди васеъ дорад. «Шеърро ошиқ мекунад» (Гулназар), олами табиат, наботот, ҳайвонотро «ба гап медарорад». «Бо санги мазор гуфтугӯ мекунонад», «рӯд ӯро қисса мегӯяд», «чашма аз кӯзабарсар омадани модар ҳикоят мекунад ва хор ба гуноҳи худ, аз тасодуф пои модарро захмин кардан, хиҷолат мекашад» (маъниҳо аз М. Турсунзода). Дили шоир ва хонандаашро реш-реш месозад. Ҳолати рӯҳии инсонро тасхир менамояд. Илм аз ин тавоноӣ ва санъати таҳқиқи олами ҳастии сухани бадеӣ дар ҳайрат мемонад”.
Дар таъйини рисолати адабиёт ва илм дар шинохти воқеият ва нақши муассири онҳо барои рифъати шуури маънавии ҷомеа воқеан агар аз ин равзанаи шинохт ворид шавем, мисолҳои зиёдеро аз ҳақиқати зиндагонӣ метавонем баршуморем ва зикр намоем, ки аз афзалияти ҷойгоҳи адабиёт ва сухани бадеӣ ва ба таъбири муаллифи мақола “дилу диди васеъ”- и адабиёт паём мерасонанд. Мусаллам аст, ки илм асосан ба истилоҳ ва мафҳумҳое такя мекунад, ки хоссаи ҳамон соҳа ва бахш ҳастанд ва асари он дар доираи муайяни афрод ва гурӯҳи ҷудогонаи инсонҳо сурат мегирад. Албатта, рисолати илмҳои инсонӣ ва ҷомеашиносӣ шояд то андозае дигаргунатар аст ва таъсири он бештар аз дигар илмҳо дар пешрафти фикрӣ, маънавӣ ва болоравии шуури иҷтимоӣ ба мушоҳида мерасад. Аммо, ҳаргиз бар пояи адабиёт баробар нахоҳад шуд, чун арзишҳои бадеӣ ва эстетикии адабиёт қобили таъсир ба шуури тамоми инсонҳо ҳастанд, ки новобаста ба касбу кори мухталиф ва пешаҳо метавонанд ба ҳиссиёти онҳо таъсир гузошта, рӯҳияашонро боло бардоранд. Барои ҳамин муаллифи мақола дуруст натиҷагирӣ мекунад, ки нисбат ба илм адабиёт имконияти бештари таъсиррасонӣ ба шуури инсониро дорад, зеро “Ба василаи як байт, шеър, суруд, достон, ҳикоя, повест, роман, ҳатто ҳар кадоми онон дар алоҳидагӣ, имкон ҳаст, ки диди инсон нисбат ба ҳодисоти олам, муносибати ӯ ба воқеоти муҳити атроф тағйир ёбад. Адабиёт воситаи муассири шинохти моҳият аст. Вай метавонад, ки хонанда, махсусан ҷавононро ба тарзи “мушкилоти зиндагӣ водор созад. Қобилияти арҷгузории ӯро ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ бедор намояд, аз ҳама муҳим, барои муайян кардани рафторҳои иҷтимоии ӯ такони ҷиддӣ бахшад. Адабиёти ҳақиқӣ чӣ тавр ва барои кадом ормонҳо зистан ва ҷонфидоӣ карданро амалан меомӯзад ва меомӯзонад”.
Барои исботи ин назари муаллиф дар шинохти арзишу аҳамияти адабиёт дар ташаккули шуури маънавии ҷомеа метавон намунаҳои таҷрибаи зиндагии инсониятро чи дар гузашта ва чи имрӯз таъкид дошт, ки сарчашма дар таъсири адабиёт ба рӯҳияи инсонӣ доранд. Ин ҷо руҷӯъ ба таъкиди сарчашмаҳо дар нақши “Шоҳнома” - и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ кофист, ки мегӯянд замоне мардум бо қироати он барои нишон додани диловарӣ ва зуҳури оини ватандӯстӣ ба майдонҳои набард рафтаанд ва ҳамин рисолат ва мақоми ин асар буда, ки онро тимсоли оини ватандорӣ ва асари ватанпарастӣ унвон намуда, ҳатто дар робита ба он фармудаанд:
Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Мисли ин гуфтор, нақлу намунаҳои фаровоне дар шеъри гузаштагони мо мавҷуданд, ки шарҳи ҳақиқати ин мақоми бузурги адабиётро дар нуфузи тафаккури маънавии ҷомеа ва шуури иҷтимоӣ ифода менамоянд. Ва, албатта, таҳқиқи анҷомдодаи муаллифи мақола дуруст мушаххас кардааст, ки маҷмӯи тасвирҳои ҳайратангез, таъбирҳои ҷаззоб, то ҷое аз воқеиятҳо ба олами зебоиҳо кашондани калимаву вожаву таъбирҳо ба ҳадде метавонанд муассир бошанд, ки дар баробари тағйирот дар рӯҳияи инсон ба ивазшавии хислат ва характери он боис мегардад. Ин аст, ки муаллиф ҷойгоҳи шахсияти адиб, нигоранда ва офарандаи арзишҳои бадеиро низ дар ин росто, ба таври махсус таъкид мекунад, ки пеш аз ҳама таълифоти ӯ маҳсул ё ҷузъиёти зиндагонии худи вай аст ва ин метавонад барои дигарон, хосса насли ҷавон шахсияти адибро ба чеҳраи ормоние мубаддал созад. Шахсияти ормонии муаллифи асар метавонад қобили пайравии дигарон аз ӯ бошад, ки ин барои тарбияи ҷомеа, хосса дар айёми зиндагии мо бисёр муҳим ва арзишманд аст.
Дар умум, ҷаҳвари андешаҳои қобили таваҷҷуҳи С. Ятимов дар мақолаи мазкур маҷмӯан ҷомеаро дар баробари ҳидоят ба шинохти мақоми адабиёт дар пешрафти ҳаёт ва расидан ба ҳадафҳои наҷиби зиндагонӣ раҳнамоӣ бар он мекунад, ки ҳамеша дар таъмини рӯзгори шоиста ва саршори зебоиҳо, ҷилваи ғояҳои созанда, ояндабинона, пешқадам, тарбияи маънавиву ахлоқии мардум аз муҳимтарин ва беҳтарин василаи муассир ба камолоти инсонӣ - адабиёт ба кор бигирем ва ин рисолати муҳиму бузургро ба таври лозим дарку маърифат намоем. Дар ин сурат, мо метавонем ба нуқтаи муҳим ва олии ҳадафҳои наҷиби хеш дар зиндагӣ расем.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2018    №: 237    Мутолиа карданд: 459
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед