logo

сиёсат

ШИНОСОӢ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАСҶИДИ МАРКАЗИИ ҶОМЕИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит шинос шуданд.
Лоиҳаи бунёди масҷид бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, рафти корҳои сохтмонӣ дар он таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дорад. Масҷиди бузург дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлис ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зербинои масҷид 3 гектарро ташкил медиҳад ва корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ гузошта шуда буд.
Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони варзидаи Тоҷикистону Қатар омода гардидааст ва он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ аз 4 манораи баландиаш 75  - метра ва гумбази 47 - метра иборат хоҳад буд.
Бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони иншооти бузург тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳою даромадгоҳҳо ва тамоми дигар корҳои ороишии дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудаанд. Дар вақти таҳияи лоиҳаи бунёди масҷид меъморону сохтмончиён пешниҳоду талабот ва тавсияҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифтаанд.
Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои ороишии толорҳои масҷид ва ободонию кабудизоркунии майдони назди он масъулони корҳои сохтмониро вазифадор намуданд. Таъкид шуд, ки корҳои ороишию кандакорӣ ва чӯбтарошӣ дар ин иншоот бояд мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи санъати меъморию сохтмонии мардуми куҳантамаддуни тоҷик анҷом дода шаванд, то ин ки иншоот барои мардуми Тоҷикистон ва нафароне, ки ба диёри мо ташриф меоваранд, садсолаҳо хизмат расонад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоии пурра бо рафти корҳо бори дигар ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороишии босифати бино ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани толорҳои барои ибодат пешбинишуда, даромадгоҳҳои он ва дарвозаҳояш дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2018    №: 237    Мутолиа карданд: 333
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед