logo

иқтисод

РОҒУН. ШАҲРИ ЗЕБО ВА ОБОДУ ОЗОДА

Ҳар нафаре, ки рӯзи пурифтихори ба кор даровардани  агрегати аввалини НБО “Роғун” дар ин шаҳр қарор дошт,  ободонию зебоиҳои сурурбахши  онро дида, ҳаловат бурдааст. Онҳое, ки бори аввал ба ин макони нуру зиё ташриф оварданд, аз тозагию озодагӣ  ва биною иншооти гуногунранги шаҳр ба роҳбарияти он аҳсанту офарин хонданд. Воқеан, мардуми шаҳр имсол  бо  роҳбарии  Билол Иброҳим пайи ободонию пешрафти диёри хеш ҷаҳду талош намуда, ба натиҷаҳои баланди иқтисодию иҷтимоӣ  ва созандагӣ расиданд. Шаҳр  ҳоло он гулзори шукуфонеро мемонад, ки дар оғӯши кӯҳҳои осмонбӯс маскан гирифтааст.

ИҚТИСОДИЁТИ ШАҲР ПЕШРАФТА АСТ
Дар  зарфи ҳамагӣ нуҳ моҳи соли равон қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр  ба ҷойи  31 540,2 ҳазор сомонии нақша беш аз   32 ҳазор сомонӣ,  яъне  101,8 дарсад иҷро гардида, даромади солонаи буҷети ҷумҳуриявӣ низ кариб пурра амалӣ шудааст. Қарздории музди маош ва пардохтҳои дигар аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ вуҷуд надорад. Ҳамаи намудҳои андозу даромадҳо барзиёд иҷро гардида, ба ҷойи 143,5 миллион, 156,9  миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки 109 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои  Билол Иброҳим, дар шаҳри Роғун ба масъалаи рушди   фаъолияти  соҳибкорӣ низ диққати ҷиддӣ  зоҳир мегардад. Ҳамин аст, ки шумораи субъектҳои хоҷагидори он ба беш  аз 1500 расидааст.Тавассути равнақи фаъолияти соҳибкорон ва ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр дар зарфи 9 моҳ қариб ба 50 миллион сомонӣ баробар шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 101 дарсад бештар мебошад.

БА ХОТИРИ ҶАШН
Омодагиҳо ба Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин гӯшаи зебоманзари кишвар  натиҷабахшанд. Бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти он буҷети маҳаллӣ ғанитар гардида, аз ин ҳисоб корҳои ободонию  созандагӣ дар ин ҷо  вусъати тоза гирифтаанд. Дар давраи сипаришуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ барои корҳои сохтмону барқарорсозӣ ва таъмир зиёда аз 3 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Аз ин  2 300 ҳазор сомонӣ барои сохтмони асосӣ, аз ҷумла  бунёди мактаб барои 520 хонанда  дар деҳаи Қандак, таъмирҳои ҷорию барқарорнамоӣ  440,9 ҳазор сомонӣ  ва нигоҳдошти  роҳҳои дохилӣ 300  ҳазор сомонӣ равона гардидааст. Иҷрои  корҳои созандагӣ дар ин муддат  дар муассисаи фарҳангию фароғатии “Аҳорун” - и  шаҳри Душанбе азнавсозии фаввора ва корҳои ободонӣ  ба маблағи беш аз 1,2 миллион  сомонӣ, сохтмони бинои таълимӣ барои 520 хонанда дар деҳаи  Ғурунг  7,7 миллион сомонӣ,  азнавсозии дегхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9 дар кӯчаи Майдони Нави шаҳр ба маблағи 50,9 ҳазор сомонӣ,  мумфаршнамоӣ ва нишонагузории  кӯчаҳои марказии шаҳр  ба маблағи 420,6 ҳазор сомонӣ пурра ба анҷом расонда шудааст. Ба рангубори босифати биноҳои истиқоматии маркази шаҳр низ диққати махсус дода мешавад ва то ин дам бештар аз 50 дарсади хонаҳои истиқоматӣ рангубор карда шудаанд.  
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, рангубори биноҳо ва кабудизоркунию сабзкории кӯчаю гузаргоҳҳо вусъат гирифта, аз ҷумла дар  назди биноҳои истиқоматии маркази шаҳр ба маблағи 252 ҳазор сомонӣ  гулгаштҳои зебо бунёд гардидаанд. 
Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамчунин,  тавассути тадбирҳои ҳавасмандкунанда  соҳибкорону  сармоягузоронро ба амалҳои созандагию ободкорӣ ҷалб намуданд. То ин дам бо ташаббус ва ёрии шахсони саховатпешаю соҳибкорон ба андозаи 620 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардиданд. Аз ҷумла, дар даромадгоҳи  шаҳр лавҳаҳои таблиғотӣ ба маблағи 55 920 сомонӣ,  навиштаҷоти “Роғун Кохи Нур” 102 ҳазор, “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 15 ҳазор ва равшаннамоии кӯчаҳои маркази шаҳр 115 ҳазор сомонӣ сурат гирифта, равшаннамоии шоҳроҳ  дар байни деҳаҳои Қалъаи Нав ва Қади Об идома дорад. То имрӯз дар шаҳраки Оби Гарм ва дигар гузаргоҳҳои шаҳр ба маблағи беш аз 127 ҳазор сомонӣ қариб 70 чароғи рӯшноидиҳанда насб карда шуд.

ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД ШУД
Дар  шаҳр  бунёди иншооти таъйиноти гуногун ба роҳ монда шуда, торафт симои он бошукӯҳтар мегардад. Сохтмони гулгашт ва ҷойҳои нишаст барои сокинони шаҳр дар назди боғчаи кӯдакони № 1 ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ, навсозии шабакаи обёрии Сафеддорон - Ёли Гармоба 37 ҳазор сомонӣ ва сохтмони маҷмаи  “Роғун” дар сероҳаи шаҳр идома доранд. Навсозии роҳи кӯчаи Истиқлол - Норакиён  бо сарфи 5 800 ҳазор сомонӣ анҷом ёфтааст.
Дар радифи ободу зебо гардидани шаҳр,  ҳамчунин,  бахшҳои саноат ва хизматрасонии он  низ рӯ ба рушд оварда, аз ин ҳисоб ҷойҳои зиёди кор фароҳам гардидаанд. Коргоҳи масолеҳи сохтмон ва маркази савдои боҳашамат,  гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Қади Об, шаҳраки Оби Гарм ва маркази шаҳр  сохта  ба  истифода дода шуд, ки ба зебоии маҳаллаҳои аҳолинишин ҳусни тоза зам намуд. Дар ин давра, зиёда аз 8700 ниҳоли гул ва 1360 дарахти ҳамешасабз шинонда шуда, ба маблағи13000 сомонӣ корҳои ободонию кабудизоркунӣ иҷро шуданд. Дар доираи корҳои созандагӣ  дар шаҳр ба сохтмони иншооти хизматрасонӣ, варзишию  фароғатӣ  бо мақсади тарбия ва солимгардонии насли наврас таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Бунёди майдончаҳои  варзиш ба маблағи қариб 1,5 миллион сомонӣ дар назди бинои №28 - и маркази шаҳр  ва деҳаи Қалъаи Нави Ҷамоати деҳоти Қади Об, бинои боҳашамати ҳаммом ва сартарошхона дар кӯчаи Майдони Нав 204,3 ҳазор сомонӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон  дар кӯчаи 25 - солагии Истиқлолият 123,4 ҳазор сомонӣ  сохта ба истифода дода шудаанд.
Баробари гулгашту иншооти рангоранг ва дигар инфрасохтори баландсифати иҷтимоию иқтисодӣ роҳҳои шаҳр низ обод буда, дар ҳолати хуб қарор доранд. Дар ин давра, аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ба маблағи 137,5 ҳазор  сомонӣ корҳои таъмирӣ иҷро шуданд. Роҳи деҳаи Ҷавонӣ  бо харҷи  18,3 ҳазор сомонӣ дар  масофаи 7 километр таъмири ҷорӣ шуда, роҳҳои  деҳоти Сангова, Чормағз, Пору ва Фаррухон,  Қандак,  Чашмаи Куло дар масофаи 21 километр тахту ҳамвор гардиданд. Мавҷуд набудани хатсайри автобусу микроавтобусҳо дар самти Роғун - Душанбе  ва Душанбе - Роғун аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи нақлиёти шаҳр аст, ки дар ояндаи наздик ҳалли худро меёбад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Ташрифулло  САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2018    №: 238 - 239    Мутолиа карданд: 299
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед