logo

сиёсат

ЧАРХАИ ИҚБОЛИ МИЛЛАТ ЧАРХ ЗАН!

Он рӯз Тоҷикистон барҳақ ид дошт. Иди нур, шодию сурур, ки дар он зиёда аз нуҳ ҳазор нафар иштирокчиён – кормандону масъулони неругоҳ, аҳли зиёи кишвар ва меҳмонони олиқадр аз мамлакатҳои дуру наздик ҷамъ омада, оғози фаъолияти агрегати аввалини НБО «Роғун» ва пахши тугмачаи рамзиро аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интизорӣ мекашиданд.
Ду соли охир ҳудуди неругоҳ майдони корзор ва қаҳрамониҳо буд. Ин лаҳзаҳои хотирмонро ба чашм дида хотираҳои хуш моро ба санаи 29 октябри соли 2016 мебарад. Бо даъвати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба мо раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва фаъолони ҳизб муяссар гардид, ки дар қатори дигар фаъолони кишвар дар маросими  оғози бастани маҷрои рӯди Вахш ва бунёди обанбори НБО «Роғун» иштирок намоем.  Мо дар автобусҳои замонавӣ ва барҳаво нишаста роҳ сӯи шаҳри Роғун пеш гирифтем.
Ҳангоми наздикшавӣ ба шаҳри Роғун, дар соҳили  дарёи Вахш макони нурофарон ба чашм намудор гардид. Техникаҳои зиёди пуриқтидор дар ҳаракат буданд. Дар ҷойе, ки мебоист пеши роҳи рӯди пуртуғён баста мешуд, садҳо ҳазор тонна қуму санг ҷамъ шуда буд. Аз дур даромадгоҳи нақбҳои сохтмонӣ ба назар мерасид. Дар дили кӯҳ сохтмон бо авҷ идома дошт. Дар он лаҳза  ду тарафи соҳили рӯди Вахш идона оро дода шуда,  ҳазорон нафар чашм ба соҳил дӯхта буданд. Ниҳоят, зери кафкӯбиҳои пурмавҷ ва нидоҳои шодмонӣ Пешвои миллат бо либоси кории бунёдкорони «Роғун» аз мошин берун шуданд ва ба паси чанбараки булдозери пуриқтидор нишаста, пеши маҷрои дарёи Вахшро бастан гирифтанд. Дар ин дам мардум ба ҳаяҷон омада бо нидои шодӣ ва мамнуният ба Сарвари давлат аҳсант мегуфтанд.
Маҷрои рӯд оҳиста - оҳиста тангтар ва оби ҷамъшуда ба дарвозаҳои ду нақби бузурги соҳил наздик мешуд. Баъди муддате ду соҳили рӯд ба ҳам пайваст шуд ва нахустин касе, ки ин роҳро убур карда гузашт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Пешвои миллат таъкид намуданд: «Имрӯз рӯзи равшаниву нур ва пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистон мебошад». Ин суханон дар хотири мо то ҳанӯз нақш бастааст. Бале, "Роғун" рамзи рӯшноӣ, истодагарию матонати миллати мо бо сарварии Пешвои миллат мебошад.
Барои ман ҳамчун як корманди ҳизбӣ ба истифода дода шудани агрегати нахустини НБО «Роғун» боиси ифтихор аст. Зеро ман низ чун яке аз шаҳвандони хушиқболи Ватан ин рӯзи саидро бесаброна интизорӣ мекашидам. Оғози фаъолияти НБО «Роғун» беҳтарин туҳфа ва хушбахтии  беназир барои тоҷикистониён  ҳам ҳаст.  Зеро фаъолияти муназзами корхонаҳои саноатиро таъмин карда, дар коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагонии мардум саҳм мегузорад. 
Мурод ШУКУРЗОДА, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2018    №: 240    Мутолиа карданд: 397
05.12.2020


 СААД ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ИДМ, СҲШ, САҲА, НАТО ВА ИТТИҲОДИ АВРУПОРО ПЕШНИҲОД НАМУД

 ДАР ДУНЁ МОҲЕ 30 МИЛЛИОН ВОЯИ «СПУТНИК V» МЕБАРОРАНД

ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ ЧИН ВА РОССИЯ БА ЗАРБАИ ПАНДЕМИЯ ТОБ ОВАРД

БАЛАНДТАРИН МАНОРАИ "АБУ-ДАБИ ПЛАЗА" - РО "ҚАЗОҚИСТОН" МЕНОМАНД

 ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед