logo

ҳуқуқ

ҲАДАФ: РАҲОӢ АЗ ХУДНАМОӢ ВА ТААССУБ. САБАБ ЧИСТ, КИ КОМИССИЯҲОИ ДОИМӢ МАДАНИЯТИ САРФАКОРИРО ТАШАККУЛ НАМЕДИҲАНД?

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади таъмини нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардондани пояҳои давлатдории миллӣ, 8 июни соли 2007 Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Бо гузашти зиёда аз ёздаҳ сол маълум шуд, ки ин қонуни миллӣ барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард ва пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт.
Иҷрои талаботи қонун аз тарафи мақоми ваколатдор - Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, аммо нақши асосӣ ҷиҳати татбиқи он дар маҳал ба зиммаи комиссияҳои доимӣ гузошта шудааст.
Тибқи моддаи 5 қонун дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти мамлакат комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим (комиссияи доимӣ) таъсис дода шудааст, ки он дар амалӣ намудани танзими анъана ва ҷашну маросим нақши асосӣ мебозад.
Айни замон дар мамлакат 503 комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот таҳти роҳбарии раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолият доранд ва Низомномаи комиссияҳоро Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ кардааст.
Комиссияҳои доимӣ бо шароити хуби корӣ ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин буда, имконияти чопи дастуру тавсияҳои методӣ, мақолаҳои илмию оммавӣ ва китобу васоити таълимиро доранд.
Аммо сабаб чист, ки то имрӯз, бо назардошти имкониятҳои мавҷуда, фаъолияти комиссияҳои доимӣ дар баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими дафну азодорӣ қонеъкунанда набуда, баъзе мушкилиҳо ба назар мерасанд?
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳайати комиссияҳои доимӣ ба иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ бемасъулиятона муносибат карда, ба ҳалли масъалаҳои ба зиммаашон гузошта беэътиноӣ зоҳир менамоянд.
Барои беҳбудии кор комиссияҳои доимиро зарур аст, ки бо қарори (фармоиши) роҳбари мақомоти маҳаллӣ аъзои комиссияро аз ҳисоби шахсони ботаҷрибаву масъулиятшинос таъсис, тавсия ва дастурҳо барои камхарҷ гузарондани ҷашну маросим таҳия намуда, шахсони рӯзгордидаро ба маъракаи тӯйи домодию арӯсӣ ва ходимони динро ба маросими дафну азодорӣ вобаста карда, назорати иҷрои онро пурзӯр кунанд. Чунки танзими расму оин қонунияти худро дорад, вақт ва шаклу усулҳои муайяни таъсиррасонӣ ба шуур, эътиқод, кирдору рафтори инсонро талаб мекунад. Дастури методӣ бояд маънавият ва арзишҳои башариро инкор ва мардумро аз андӯхтаҳои чандинасраи анъанаҳои фарҳанги миллӣ дур накунад ва баъзе анъанаҳои миллии қадимиро пос дорад.
Бинобар ин, бояд дастури методӣ дар асоси талаботи қонунҳои амалкунанда, бидуни тағйири вақти баргузорӣ, теъдоди меҳмонон ва маъракаҳои манъгардида таҳия шуда, гузарондани хурдтарин унсурҳои маърака бе хароҷоти зиёдатӣ нишон дода шавад.
Дар қонун мақсад, вазифа ва доираи амали танзими анъана ва ҷашну маросим пурра ифода гардидааст. Комиссияи доимӣ ваколатдор мебошад, ки тавассути тавсиянома ё дастури методӣ унсурҳои тӯйро бо нишон додани шумораи иштироккунандагон дар маросими никоҳ, теъдоди либосу ҷиҳози арӯс, гузарондани қоидаю одатҳо, ба монанди пойандоз, рӯйбинон, оинанамоишдиҳӣ, ороиши дастархон бо таомҳои миллиро мушаххас нишон диҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки баъзе маросим ва урфу одатҳо бисёр унсурҳои қадимиро нигоҳ дошта омадаанд, ки барои миллат ва фарҳанги он аҳамияти хос доранд.
 Тӯйи домодию арӯсӣ маросими анъанавии ҳамаи халқҳост. Дар таркиби ин маросим бисёр расму одатҳои миллӣ ва маъракавӣ аз замонҳои қадим, тағйиру такмил ёфта, то ба замони мо омада расидаанд.  Тӯй - маросими мураккаб буда, ба давраҳои хостгорӣ, никоҳ, тақдими сарупо ба домоду арӯс ва падару модари онҳо, додани оши тӯй, маросими домодталбон ва арӯсбинон ҷудо мешавад.
Дар амалӣ намудани танзими расму оин ягон қувваи дигар бештар аз занон саҳм гирифта наметавонад ва танҳо модарон урфу одатҳоро дар зеҳну шуури наслҳо талқин мекунанд.  Дар тӯй мавқеи занон хеле калон буда, аксар вақт онҳо сабабгори зиёдаравӣ мегарданд. Мувофиқи мақсад аст, ки модарон масъули назорати тӯйи домодию арӯсӣ бошанд.
Дар асоси талаботи қонун маросими дафну азодорӣ бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад ва маросими “се”, “чил” ва “сол” бе забҳи чорво ва додани таом гузаронда мешавад.
Бо мақсади риояи талаботи қонун Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби гузарондани маросими дафну азодориро омода ва бо теъдоди 500 ҳазор нусха нашр намуд. Дастури мазкур дар ҳамоҳангӣ бо Муассисаи давлатии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои Тоҷикистон таҳия гардидааст. Дар он маросими азодорӣ ва ҷанозаву таъзия мувофиқи аҳкоми шариату урфу одатҳои миллӣ шарҳ дода шуда, таъкид гардидааст, ки ҷиҳати хотирҷамъӣ баъди серӯзагӣ дар ҳудуди оила бо иштироки хешутаборони наздик вобаста ба маҳал як таоми сабук бе забҳи чорво бидиҳанд.
Дар ин ҳолат аъзои комиссияи доимӣ, аз ҷумла ходими дин вазифадор аст, ки соҳиби майитро бо талаботи қонун шинос кунад, то ки ба нофаҳмиву зиёдаравӣ роҳ надиҳад.
Тибқи  мушоҳидаҳо  аксари   қонунвайронкуниҳо дар ташкил ва гузарондани расму оинҳои баъди дафн бо иштироки ходимони дин рух медиҳанд ва комиссияҳои доимӣ бошанд, бетарафиро пеша мекунанд. 
Вобаста ба ташкили дурусти кор дар ин самт таҷрибаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ибрат ва боиси омӯзиши махсус мебошад. Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм 30 июли соли 2009 Роҳнамо барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  умумии ҷумҳурӣ оид ба тарбияи сарфаҷӯӣ ва оини дурусти зиндагӣ қабул гардидааст. Тавассути он комиссияҳои ҷамъиятии сохторҳои маориф ҳуҷҷатгузории худро дуруст ба роҳ монда, сарфаю сариштакориро ба хонандагон дар доираи корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ меомӯзонанд. Дар асоси фармони директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ комиссияҳои ибтидоии ҷамъиятӣ ва ахлоқӣ оид ба танзими анъана ва сарфаю сариштакорӣ дар ҳар як синф ташкил гардида, моҳияти он тавассути гӯшаи танзим ба роҳ монда мешавад. 
Ин муассисаҳо дар соли хониш як моҳи сарфаю сариштакорӣ эълон мекунанд. Дар натиҷа, дар 3879 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат аз тарафи 1 миллиону 900 ҳазор хонанда хуб нигоҳ доштани асбоби хониш, аз ҷумла китобу дафтару қалам, инчунин, сарфаи қувваи барқ дар хона ва мактаб қатъӣ назорат ва риоя карда мешавад. Ба ин васила, ҳар хонанда ба ҳисоби миёна 5 сомонӣ сарфа мекунад, ки дар маҷмӯъ, тахминан 9 миллион сомонӣ дар як моҳ ба манфиати хонадонҳо мебошад.
Ба ақидаи Аристотел: «Ғамхории тарбияи шаҳрвандон бояд вазифаи умумидавлатӣ қарор гирад, на кори хусусӣ ё соҳавӣ. Набояд фикр кард, ки ҳар як шаҳрванд ба ҳоли худ аст, ҳеҷ гоҳ. Ҳамаи шаҳрвандон мутааллиқ ба давлатанд, зеро ҳар яки он ҳиссачае аз давлат аст. Ғамхорӣ дар ҳаққи ҳар ҳиссача табиист, ки ғамхорӣ нисбат ба ҳамагон ба таври умумист».
Рисолати асосии комиссияҳои доимӣ – андешидани чораҳо ҷиҳати риоя кардани талаботи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, ҳамкории пайвастаи комиссияҳои доимиро бо ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тақозо дорад.
Ба комиссияҳои доимӣ тавсия дода мешавад, ки дар амалӣ намудани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шахсони обруманду рӯзгордида, омӯзгорону олимони варзидаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олӣ, собиқадорони соҳаи рӯзноманигорӣ, ки нақши тарбиявии осорашон қавӣ аст, ҷалб карда шаванд, то ки китобу дастурҳои таълимию ташвиқотӣ барои камхарҷ гузарондани ҷашну маросим таҳия ва дастраси аҳолӣ гардонда шавад.
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА, мудири шуъбаи дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2018    №: 240    Мутолиа карданд: 337
06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед