Хабарҳо
“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи ҳилол”, ки бо сабаби мушкили молиявӣ чанд сол боз фаъолияти камранг дошт, дубора ба кор пардохт. Соли 2017 бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ба корхона таҷҳизоти нав ва хӯроки фаровони паранда ворид шуда, иқтидори он аз нав барқарор гардид ва имрӯзҳо бо номи “Ганҷи ҳилол” фаъолияти пурсамар дорад.
Бино ба гуфтаи Зафар Ҳакимов, директори корхона, аксари таҷҳизот аз хориҷи кишвар оварда шуд.
Корхона қобилияти нигоҳубин кардани қариб 300 ҳазор сар мурғро дорад. Ҳамчунин, барои харидани зоти мурғҳои сермаҳсул бо соҳибкорони эронӣ ҷамъияти номбурда шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст. Аз оғози соли гузашта роҳбарияти он ҷиҳати барқарорсозии иқтидори пешинаи истеҳсолӣ наздики 100 ҳазор сар чӯҷа ворид намуд. Ҳоло корхона 270 ҳазор паранда дошта, рӯзҳои наздик шумораашон ба 300 ҳазор мерасад. Имрӯз тухм ва гӯшти паҳрезии ин корхона дар тамоми гӯшаву канори кишвар харидори зиёд доранд, гуфт Зафар Ҳакимов.
Дар корхонаи парандапарварии “Ганҷи ҳилон” имрӯз 150 нафар коргар аз ҳисоби мутахассисону кормандони маҳаллӣ фаъолият мекунанд. Масъулин нияд доранд, ки теъдоди коргаронро афзоиш дода, то соли оянда ба 300 нафар расонанд. Корхонаи “Ганҷи ҳилол” барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифату бозоргир дар як қатор озмунҳо ширкат варзида, аз ҷумла бо ҷоизаи “Маҳсулоти беҳтарини сол дар Тоҷикистон”, шаҳодатномаи бренди сол “Қуллаи шараф” сарфароз гардидааст. Умед аст, ки пешрафти кори ҶДММ “Ганҷи ҳилол” ба фаровонии маҳсулоти маҳаллӣ мусоидат менамояд ва солҳои наздик ба яке аз корхонаҳои пешрафтатарини саноатӣ дар кишварамон табдил хоҳад ёфт.
Зикрулло РАҶАБ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 259