logo

иқтисод

МУЪМИНОБОД. ФАРДО ДУРАХШОН ХОҲАД БУД

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Муъминобод корҳои созандагию бунёдкорӣ аз рӯи таҳияи нақшаи чорабиниҳо бомаром ҷараён доранд.
Нақша аз 238 банд иборат буда, дар ноҳия давоми се соли омодагиҳо сохтмони 22 бунгоҳи тиббӣ, 1 маркази саломатӣ, 23 мактаб, корхонаҳои коркарди шир, пашм, қуму шағал, сохтмони биноҳои маъмурии прокуратура, бахши бойгонӣ, таъмири роҳҳо, сохтмони хати оби нӯшоӣ ва иваз намудани симчӯбҳои куҳна, ҳамчунин, 23 ҳаммом ва 18 сартарошхона дар назар аст.
Тоҳирхон Амиршозода, раиси ноҳия, иброз дошт, ки иқдоми пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ ва ба ин восита, боз ҳам беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва тақвияти рушди иқтисодию иҷтимоӣ хеле бамаврид ва саривақтист. Дар шаҳраку деҳот аз ҷониби соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва саҳми аҳолӣ корҳои таъмиру азнавсозӣ ва бунёди иншооти нав вусъати тоза гирифта, то 15 ноябри соли ҷорӣ 21 банди нақшаи чорабиниҳо пурра иҷро гардид. Аз ҷумла, дар Ҷамоати шаҳраки Муъминобод сохтмони ҳуҷраҳои кории иловагӣ ва беҳтар намудани шароити меҳнатии кормандони сохтори КАТС ба анҷом расида, таъмиру азнавсозӣ, мумфарш ва равшаннамоии 10 километр роҳи дохили шаҳрак, азнавсозии Қалъаи Муъминобод, сохтмони корхонаҳои дӯзандагӣ, коркарди шир, сартарошхона, кошонаи ҳусн, бозори меваю сабзавот, ошхона, дорухона, сохтмони бинои прокуратура, корхонаи коркарди маҳсулоти заргарӣ ва хонаи 36 ҳуҷрадор дар кӯчаи Т. Раҳимови шаҳрак бомаром идома дорад. Ҳамчунин, иваз кардани лӯлаҳои обгузар, таъмири роҳи кӯчаи Н.Сафаров, 4 синфхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30, таъмини аҳолии маҳаллаи Ҷавонони шаҳрак бо трансформатор, оби нӯшоӣ ва бунёди майдончаи варзиш дар назди биноҳои истиқоматӣ ба роҳ монда шудаанд. Таълиму тарбия, аз худ кардани донишу таҷрибаи муосир, ки аз роҳҳои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ба ҳисоб меравад, бинобар ин таъмиру азнавсозӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ низ масъалаи муҳими фарогири нақшаи чорабиниҳо мебошад. Дар деҳаи Кӯлчашмаи Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров айни замон, корҳои таъмир ва бо мизу курсӣ таъмин кардани синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 барои 1179 хонанда, дар деҳаи Кӯлчашмаи Боло сохтмони муассисаи нави таълимӣ барои 150 хонанда дар як баст, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 45, деҳаи Лиҷаки Поён,  муассисаи таълимӣ барои 200 нафар хонанда дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 - и деҳаи Хосабоӣ идома дорад. Дар ҳамин деҳот барои бунёди меҳмонхона, корхонаҳои коркарди маҳсулоти шир ва мева, маркази хизматрасонӣ, чойхона, ошхона дар деҳаи Кӯлчашма, лагери истироҳатӣ барои хонандагон дар деҳаи Деҳлоло корҳои лоиҳакашӣ ҷараён доранд.
Ноҳия бо табиати зебо ва мавзеъҳои тамошобоби худ имкониятҳои васеи рушди сайёҳиро дорост. Дар робита ба ин, ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ масъулони соҳа баҳри рушди туризми табобатӣ ва истироҳатӣ чораҳои зарурӣ андешиданд. Барои сайёҳон ишораҳои туристӣ, гӯшаҳои иттилоотӣ ва нуқтаҳои ҳунарҳои дастӣ насб ва майдони аспсаворӣ бунёд хоҳанд кард.   
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳин то ба имрӯз 4 банди нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла сохтмони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, гази моеъ ва таъмири автомобилҳо дар деҳаи Толеи Нав, сохтмони осиёби барқӣ ва коргоҳи чӯб (пилорама) ба анҷом расиданд. Бунёди зеристгоҳи барқӣ дар деҳаи Чашмасор ва сохтмони бунгоҳи тиббӣ, китобхона, сартарошхона ва ҳаммом дар деҳаи Толеи Нав ҳамоно ҷараён дорад.
Корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузург тамоми деҳоти ноҳияро фаро гирифта, аз ояндаи дурахшон шаҳодат медиҳанд.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.12.2018    №: 241    Мутолиа карданд: 243

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед