logo

ҳуқуқ

МАНҚУРТҲОИ ЗАМОНИ МО ЧӢ ХАТАР ДОРАНД?

Образи манқуртро аз романи нависандаи номвари қирғиз Чингиз Айтматов «Дуроҳаи бӯронӣ» хуб медонем. Манқурт касест, ки мағзу афкори ӯро шуста, хотироташро маҳв кардаанд. Ӯ наздикон, гузаштагон ва зиндагии аз сар гузарондаашро фаромӯш мекунад. Ба қавли дигар, ӯ ба як мавҷуди ваҳшигунае табдил меёбад, ки фармони хоҷагонашро иҷро мекунад, бе он ки дарк намояд. Дар асари мазкур тарзи манқурткунонии одамон ваҳшатангез нишон дода шудааст. Аммо, ҳоло мехоҳем  аз манқуртҳои имрӯз бигӯем.
Тавре воқеият нишон медиҳад, имрӯз низ баъзе гурӯҳҳои тахрибкор иддае аз ҷавонони сустунсурро осонакак манқурт мекунанд, бавижа баъзе ҷавонони тоҷикеро, ки ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҷалб карда, аз онҳо суиистифода менамоянд. Онҳоро тавре  манқурт кардаанд, ки дигар арзишҳои миллӣ, суннатҳои ниёгон ва Ватани худро комилан фаромӯш  кардаанд. Ҳоло онҳо касеро, ки бо андешаашон ихтилоф меварзад, мушрику кофир мехонанд. Онҳоро чунон манқурт кардаанд, ки аслу насаб ва бунмояи худро аз ёд бурдаанд.
Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, барои манқурт кардани ҷавонони минтақаи Осиёи Марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ василаи асосӣ мебошанд.
Пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои гуногуни ихтилофбарангез далолат бар он мекунад, ки дар кишвари мо ҳанӯз бархе аз мардум ба умқи таълимоти дини мубини ислом фурӯ нарафтаанд ва ин дини сулҳофару инсонсозро ба таври кофӣ дарк накардаанд. Ин боис шуда, ки мафкураи онҳо осебпазир гардад ва ангезаҳои берунӣ ба мағзашон зуд таъсир расонад. Ин дар ҳолест, ки дар ҷомеаи мо пайваста дар атрофи ислом баҳсҳову суҳбатҳои бешумор матраҳ мешаванд.
Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти ҳаракатҳои ифротӣ бо мурури замон низоми муташаккили сиёсӣ касб кардааст ва онҳо иддаои тағйир додани низоми давлатдорӣ дар кишварҳои мусулмониро доранд. Зери таъсири ақидаҳои ифротӣ андешаҳои ботил сохтани арзишҳои миллӣ ва дунявии ҷомеа шакл гирифта истодаанд. Иштироки шаҳрвандони тоҷик дар амалиёти ин гурӯҳҳо собит сохт, ки ҳадафи онҳо танҳо Ироқу Сурия ё Афғонистон нест. Балки мехоҳанд ҷомеаро заҳролуд намоянд.
Ҳамаи қувваҳои ифротӣ мекӯшанд халои маънавӣ ва фарҳангие, ки ҷомеаи давлатҳои пасошӯравиро фаро гирифта буд, пур намоянд ва ҷавононро барои пиёда кардани манфиатҳои худ истифода баранд. Дар ҷомеаи суннатии мо дин мавқеи намоён дорад. Барои ҳамин қувваҳои ифротӣ дар ҷомеа ба шакли дин ворид мешаванд. Бо пешрафти технологияи муосир гирифтани пеши роҳи ақидаҳои ифротӣ ва тундгароии динӣ душвор шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки амалкардҳои ифротиён ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд, бо исломи асилу ноб робитае надоранд. Дар натиҷаи амалиёти террористии онҳо хуни ҳазорҳо нафар бегуноҳ рехтаву кӯдакон қурбон мешаванд ва занон ба ҳалокат мерасанд.
Манқуртҳои мо, ки итоаткорона, бе идроку андешаи паёмади амали худ силоҳ ба даст гирифта, дар қатори онҳо меҷанганд, бешубҳа ба чоҳи ҷаҳолат афтодаанд ва дигар аз ин чоҳи амиқ берун кашидани онҳо хеле душвор аст, зеро касе ки манқурт шуд, дирӯзу имрӯзи худро аз ёд мебарад ва андешаи фардо ба сараш намеояд.
Гулнора ШОҶОНОВА, омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2018    №: 242    Мутолиа карданд: 267
03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД

ЛИГАИ БОНУВОН. "ХАТЛОН" БА САДРИ ҶАДВАЛ БАРОМАД

СҶТ: «ДУНЁ ТАНҲО ЯК МАВҶИ КОРОНАВИРУСРО АЗ САР ХОҲАД ГУЗАРОНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

28.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 28 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК». 11 ҲАЗОРУ 931 ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

КВД «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ». 200 ҲАЗОР АҲОЛИИ ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ. МАҶМӮИ МАЪЛУМОТ МИНБАЪД ДАР КИШВАР ТАҲИЯ ВА НАШР МЕГАРДАД

САҲМИ ДУШАНБЕ ДАР ММД-И КИШВАР БА 20,7 ДАРСАД РАСИД

МТС. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. 38 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР ТАШКИЛ ЁФТ

КОНФРОНСИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕГАРДАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед