logo

фарҳанг

РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТАР

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳониашон тоҷику Тоҷикистонро дар тамоми олам мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.
Яке аз чунин кишварҳо Давлати Қатар мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 декабри соли 1994 муносибатҳои дипломатиро бо он барқарор кардааст.
Рӯзҳои 6 - 7 майи соли 2007 боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Давлати Қатар ба вуқӯъ пайваст. Дар ҷараёни ин боздид 4 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид.
Моҳи августи соли 2007 Амири Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ бо сафари расмии ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Зимни музокирот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо сармоягузории Давлати Қатар як масҷиди бузург бо тарҳи замонавӣ ва бо риояи нозукиҳои меъмории тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе бунёд шавад. Ҳоло сохтмони он идома дорад. Ҳамчунин, дар ин сафар 4 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, савдо, парвариши занбӯри асал ва чорводорӣ ба имзо расид.
Моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа кушода шуданд, ки заминаҳои асосии рушди ҳамкориҳо маҳсуб меёбанд.
Дар доираи муносибатҳои дӯстона даҳаи охири моҳи ноябр ба мо - чор нафар хабарнигор муяссар шуд, ки ҷиҳати иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар бо ҳайати расмӣ аз тариқи Истанбул ба Давҳа  парвоз намоем.

Дар Осорхонаи миллии Қатар
23 ноябр баъд аз нисфирӯзӣ ҳайати намояндагони фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи миллии Давлати Қатарро, ки ба шайх Файсал ибни Қосим оли Сонӣ тааллуқ дорад, тамошо карданд. Ин осорхонаи шахсӣ дар дунё беназир буда, яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Дар он беш аз 600 намуди автомобили сабукрав, аз ҷумла аввалин мошинҳои ихтироъкардаи инсоният аз тамоми кишварҳо ҷамъоварӣ  шудааст. Ҳазорҳо навъи нигора ба монанди сарулибос, ашёи рӯзгор, силоҳи дастӣ чун корд, шамшер, ханҷару камонҳои мухталиф, тангаҳои давлатҳои қадим ҳатто сиккаҳои тиллоии Қорун ҳолгӯи тамаддуни қадимаи инсониятанд. Ҳар рӯз садҳо сайёҳони хориҷӣ ба тамошои ин осорхона меоянд. Шайх Файсал зимни муаррифии осорхона иброз дошт, ки ӯ худ узви комиссияи ЮНЕСКО буда, чандин конфронсу чорабиниҳои сатҳи  ҷаҳонӣ маҳз дар ҳамин ҷо баргузор гардидаанд.

Ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳангӣ
Рӯзи 24 ноябр ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар театри  драмавии «Қатара» бо суханони ифтитоҳии вазирони фарҳанги ҳар ду кишвар - Шамсиддин Орумбекзода ва Шайх Салоҳ бини Ғоним ал - Алӣ бо роҳандозии барномаи консертӣ, намоиши мусаввараҳо, аксҳо ва ҳунарҳои мардумӣ оғоз ёфтанд.
Намоиши мусаввараҳо, аксҳо ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ки дар даромадгоҳи театри драммавии «Қатара» гузошта шуда буданд, таваҷҷуҳи тамошобинон ва намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Қатарро, ки ба ин ҳамоиши фарҳангӣ омада буданд, ҷалб кард.
Дар намоишгоҳ 50 сурат, аз ҷумла акси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ зимни боздиди расмӣ 7 майи соли 2007 дар Давҳа ва дастоварду муваффақиятҳои Тоҷикистон дар замони истиқлолият насб гардида буданд. Мусаввараҳои рассомони тоҷик Фаррух Хоҷаев, Карим Наҷмиддинов, Равшан Рақибов ва дигар мусаввараҳо аз Меҳриддини Абусаид, Эраҷ Олимов, Олимхон Рабиев, Муҳаммаднаққош Шарифов хеле ҷолиб буданд. 

Тақдими китоби Пешвои миллат ба Китобхонаи миллии Қатар
Барномаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар 25 ноябр бо ҳузури намояндагони ҳайати кишвар бо шиносоӣ аз Китобхонаи миллии ин кишвар идома ёфт ва меҳмонон бо фаъолияти он шинос шуданд.
Баъд аз  боздид аз ин боргоҳи дониш вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Тоҷикон дар оинаи таърих» (бо забони арабӣ) ва китоби академик Бобоҷон Ғафуров - «Тоҷикон» - ро ба мудири ин китобхона такдим намуд.
Ба гуфтаи мудири  китобхона, дар баробари 3 миллион китоби ин махзан, донишҷӯёну кишваршиносон бо тамаддуни бостонӣ ва фарҳанги тоҷикон бештар шинос мешаванд. Китобхонаи миллии Қатар баъд аз китобхонаи Миср дар ҷаҳони араб ҷои дуюмро мегирад. Ҳамарӯза ба инҷо беш аз се ҳазор хонанда меояд.

«Фалак» - рубоиёти халқӣ ва шеъри устод Рӯдакӣ танинандоз шуд
Рӯзҳои 25 - 26 ноябр консерти ҳунармандони тоҷик дар калонтарин  маркази савдои шаҳри Давҳа – «Қатар мол», ки дар он 8600 нафар кор мекунад, баргузор гардид. Тамошобинони сершуморе, ки дар атрофи саҳна ҷамъ омада буданд ва боз садҳо муштариёну фурӯшандаҳо аз дуконҳо аз тариқи мониторҳо баромади ҳунармандони тоҷикро бо шавқи беандоза тамошо мекарданд. Ба тамошобинон суруду таронаҳои ҳунармандони тоҷик писанд омад.
Ба гуфтаи Хусрав Соҳибзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар ин кишвар беш аз 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият дорад. Мо бо чанде аз онҳо суҳбат доштем, ки дар мағозаву тарабхона ва меҳмонхонаҳо кор мекарданд. Шодиву сурурашон аз тамошои консерт ҳадду канор надошт. Онҳо бо ҳунармандон бо камоли шарафмандӣ борои хотира сурат гирифтанд.  

Макрам Дарвозӣ: «Ба суроғи аҷдодони хеш ба Тоҷикистон меравам»
Дар байни тамошобинон ду ҷавонмарди аврупоинажоди чашмкабуд, ки яке дар тан либоси расмӣ дошт, бо як ҳаяҷон ва завқи беандоза ҳунарнамоии санъаткорони тоҷикро тамошо ва бо телефонҳои мобилӣ сабт мекарданд. Пас аз баромади санъаткорон яке аз онҳо худро Ампито Пюме шаҳрванди Англия муаррифӣ карда, иброз дошт, ки ба ман ҳамчун санъатшинос рақси зебои гулдухтарони тоҷик, савту навои сарояндагону мутрибон хеле писанд аст. Дар ҳақиқат санъати зебои тоҷикон чун ганҷ ва рози нокушудаест, ки омӯзиш ва таҳқиқоти зиёдеро талаб менамояд. Чун ин суханҳоро ҳамроҳаш аз англисӣ ба арабӣ тарҷума кард, чашмам ба корти дар костюм часпондааш афтод, ки дар он Макрам Дарвозӣ, мудири хидматрасонӣ ва менеҷери «Қатар мол», навишта шуда буд. Дар фурсати муносиб пурсидам, ки оё шумо тоҷик ва аз Дарвози Тоҷикистонед?
- Бале, - гуфт ӯ, - аҷдодони мо сесад сол қабл аз Бухоро ба Алҷазоир ва аз он ҷо ба Тунис амадаанд. Чун шуғли асосии онҳо дар Дарвоз деҳқонӣ  будааст, дар ин ҷо низ минтақаи кӯҳистонро интихоб карда, ба кишоварзӣ машғул шудаанд. Онҳо бо меҳнати ҳалол соҳибэҳтиром ва фарзандонашон дар таҳсил ва омӯзиши илму маърифат муваффақ гардида, ба мақоми баланд расидаанд. Ҳоло яке аз ин авлод ба ҳайси вазири фарҳанги Тунис фаъолият дорад. Ман ҳашт сол қабл тариқи озмун ба ин вазифа таъйин гардида, дар ин ҷо кор мекунам. Волидонам ҳамеша таъкид мекунанд, ки мо бояд решапайванди худро  дар минтақаи Дарвози Тоҷикистон ёбем ва рафтуомад кунем. Сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овардааст, ки тамоми кишварҳои олам, хусусан мамолики араб, бо Тоҷикистон равобити дӯстона ва бародарона дошта бошанд ва ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо ривоҷ ёбанд. Ман ният дорам, ки Тоҷикистонро бубинам. Бо ин мақсад, баҳори соли оянда ба суроғи аҷдодони хеш ба Дарвози Тоҷикистон меравам.
Мавриди зикр аст, ки чорабиниҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи воситаҳои ахбори оммаи Давлати Қатар ба таври васеъ инъикос гардид. Ҳамчунин, ширкатҳои гуногуни телевизионӣ низ ин чорабинии сатҳи баландро намоиш доданд. Аз ҷумла, рӯзномаи «Ал - Ватан» - и Қатар ҷараёни Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин кишвар муфассал инъикос намуд. Ҳайати фарҳангии Тоҷикистон баъди ба анҷом расидани сафари ҳунарӣ бо таассуроти баланд ба Ватан баргашт.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Душанбе - Давҳа – Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2018    №: 242    Мутолиа карданд: 392

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед