logo

сиёсат

ҲХДТ. БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Низоми таърихи давлатдориву давлатсозии чандсадсолаи охири ҷомеа собит намудааст, ки ҳар як ҷараён ва ё неруи сиёсии амалкунанда, замоне ба ҳадафҳои аслиаш муваффақу комгор мегардад, ки агар иҷрои хостаҳояш ба мардум пайванди ногусастанӣ дошта бошад.  
Бо тавзеҳи нуктаи муқаддимотӣ ва бо таваҷҷуҳ ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, имрӯз сароҳатан метавон афзуд, ки Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон тавассути ҳидоятҳои ибратомӯзи Роҳбари соҳибфитрату накусиришташ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун неруи тавонои пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ нақши муассиру мондагор дорад.  
Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни ҲХДТ қаблан аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он манша гирифта, авлавияти рисолаташро барои беҳбудии сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат равона намудааст. Агар ба таърихи таъсисёбии ин ҳизби пешоҳанги мардумӣ назар афканем, пайдост, ки марҳилаҳои душвори тайкардааш дар масири давлатсозии миллиамон бо дастоварду натиҷаҳои намоён баҳогузорӣ мешавад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфта, дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти рақами 199 сабти ном шудааст. Дар арафаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 25 июни соли 1997, дар шаҳри Душанбе Анҷумани III Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардид ва дар он номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд.
18 апрели соли 1998 дар Анҷумани IV ҲХДТ, Раиси муаззами ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслакони худро ёбанд».
Табиист, ки Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон фаъолияташро аз рӯзҳои нахустини корӣ дар асоси қонунҳои амалкунанда ва меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ба иҷро расонда, дар самти гуногунандешии сиёсиву идеологӣ, ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии дигари фаъол ба таври густарда ба роҳ монд.
Дар ин замина, нуктаи дигар ин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати 24 соли фаъолияти босамар чор марҳилаи таърихии ибратомӯзро паси сар намудааст. ҲХДТ дар заминаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муттаҳидсозии ҳамдигар, рушду инкишоф ва тақвияти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқро ба инобат гирифта, вобаста ба талабу тақозои ҷаҳони муосир муҳимтарин нақшаву барнома ва стратегияҳои миллии ояндадорро рӯйи даст гирифт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта, метавон ёдовар шуд, ки давоми чанд соли охир, ҲХДТ барои ҳар чи бештар густариш додани фарҳанги сулҳ ва решадор сохтани ваҳдату ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди нодири замон нақши арзишманд дорад.  
Бо камоли тавонмандӣ метавон гуфт, ки дар 24 соли фаъолияташ ҲХДТ зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаи моро ба марҳилаҳои сифатан нав расонд.
Ҳамин тариқ, бо натиҷагирӣ аз комёбиҳои арзишманд имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мактаби бузургеро мемонад, ки омӯзиш ва азбарнамоии он метавонад ҳар яки моро ба пешравиҳои намоён комгору муваффақ гардонад.
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ шодбош гуфта, дар фаъолияти меҳнатиашон ба хотири фардои шукуфои ин Ватани азиз ба ин миллати соҳибсаодат, пешравиҳои намоёнро таманно дорем.
Зоир РАҲМОНЗОДА, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2018    №: 242    Мутолиа карданд: 505
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед