logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятӣ, 4 декабри соли 2009

Мӯҳтарам аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ!
Мулоқоти навбатии мо дар даврае доир мегардад, ки дар ҷомеаамон раванди созандагиву ободкорӣ беш аз ҳарвақта вусъат пайдо карда, мардум ҳамаи захираву имкониятҳо ва саъю кӯшиши худро ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 20- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 2011  ҳамчун иди умумихалқӣ таҷлил мегардад, равона кардаанд.
Зеро маҳз ба шарофати истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста пайдо кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Вобаста ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки ҳоло дар дунё тақрибан ҳафт ҳазор қавму халқиятҳо маскунанд, вале на ҳамаи онҳо ҳуқуқи ҳамчун миллат ном гирифтанро касб кардаанд ва на ҳамаи онҳо соҳибдавлатанд. Вале Тоҷикистони азизи мо имрӯз узви Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад.
Дар айни замон, ҳар кадоми шумо хуб медонед, ки дар ин давраи ташаккулёбии давлату давлатдории худ халқи тоҷик чӣ санҷишҳои гаронро паси сар кард ва ба чӣ қадар мушкилоти сангин дучор омад. Ба саодати мардуми мо имрӯз дар кишварамон сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармост ва мо дар фазои ваҳдати миллӣ, рӯҳияи ягонаи миллӣ ва созандагӣ зиндагӣ дорем.
Омодагии мардуми мо ба ҷашни мубораки миллӣ – 20 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки барои кишвари мо санаи воқеан муқаддас аст, аз ҳоло оғоз гардидааст ва торафт вусъат мегирад.
Ва дар ин марҳала аз ҳар фарди ватандӯст ва бонангу номуси ҷомеа беш аз пеш тақозо мешавад, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва нерӯи дучанд вазифаи худро дар назди Ватан ва халқи хеш адо намояд.
Дар ин раванд нақшу мақоми Шӯрои ҷамъиятӣ бояд хеле муассир ва назаррас бошад. Ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ниҳодҳои миллӣ, ташкилоту созмонҳои ҷавонону занон, аҳли илм, аъзои иттиҳодияҳои эҷодӣ, хуллас кулли мардум бояд истиқлолият, ваҳдат, манфиатҳои давлату миллатро аз ҳамаи манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ волотару афзалтар гузоранд.
Итминони комил дорам, ки Шӯрои ҷамъиятӣ тамоми нерӯи зеҳнии худро ба таблиғи дастовардҳои замони истиқлолият равона сохта, дар баланд шудани сатҳи маърифату маънавиёт ва фарҳанги сиёсии ҷомеа, таҳкими ваҳдат ва худшиносии миллӣ, тарбияи мардум, алалхусус ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯсти ва ифтихори миллӣ саҳми арзанда мегирад.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз фурсати муносибе фаро расидааст, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон бо шумо сӯҳбати рӯ ба рӯ доир намоем. Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки дар давоми солҳои фаъолияташ шӯрои мазкур тавонист, ки ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф, марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ, иттиҳодияву иттифоқҳои гуногун ва созмонҳои зиёди ғайриҳукуматиро ба ҳам биёрад ва сари як миз нишаста, масъалаҳои доғи ҷомеаро баррасӣ намояд ва ҷиҳати ҳалли онҳо пешниҳодҳои муфиду созанда манзур созад.
Ман ҳамчун Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ хоҳ бевосита ва хоҳ бавосита ҳамеша дар ҷараёни баҳсу мунозираҳои он масъалагузориҳо ва пешниҳоду дархостҳои аъзои Шӯро қарор дорам.
Маҳз ба шарофати ҳамин музокираҳо бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа роҳи ҳалли худро меёбанд, ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ тағйироту иловаҳо пешниҳод мегарданд ва моҳияти санадҳои қабулшуда ба мардум фаҳмонида мешавад.
Баъзе ғояҳои созандае, ки дар асоси онҳо фармону қарор, барномаю консепсияҳои давлатӣ таҳия ва қабул мегарданд, аз ҳамин мубоҳисаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ сарчашма мегиранд.
Дар тӯли солҳои истиқлолият мо бисёр шебу фарозҳо, пешрафту нобарориҳо ва комёбиву мушкилотро аз сар гузаронидем. Аммо ҳамеша як падидаи хайре моро ҳамроҳӣ мекунад, ки дар лаҳзаҳои мушкили зиндагии мардуми мо ҳизбҳо ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, сарфи назар аз мавқеи сиёсии худ ба ҳам меоянд, муттаҳид мешаванд ва муштаракан ба рафъи проблемаҳо иқдом мекунанд. Ин воқеан ҳам далели равшани хиради азалии мардуми тоҷик ва мояи ифтихори мо мебошад.
Шӯрои ҷамъиятӣ аз замони таъсисёбиаш то ба имрӯз тавонист, ки вазифаи пурмасъулияти худро бо сарбаландӣ иҷро намояд. Ба фаъолияти он бисёр созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва монанди инҳо баҳои муносибу сазовор додаанд. Чунки то имрӯз Шӯрои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, барои рушди ошкорбаёнӣ, плюрализми андеша, маданияти баҳсу мунозира ва ташаккули фарҳанги сиёсиву ҳуқуқӣ нақши намоён бозидааст.
Раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он асосан ба давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост меояд. Ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар давраи мушкилу ҳассоси таърихи навини кишвар ба вуҷуд омада, дар чунин ташкилоти бонуфуз – Шӯрои ҷамъиятӣ муттаҳид гашта, дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалию ватанӣ ҷиҳати густариши тафоҳуми байниҳамдигарӣ дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз аз тариқи муколамаи ҷамъиятӣ талошҳои зиёд кардаанд. Ин, бегуфтугӯ, яке аз далелҳои фаро гирифтани табақаву гурӯҳҳои ҳарчи бештари ҷомеа бо озодиҳои демократӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ мебошад.
Як нуктаро тазаккур бояд дод, ки то ҳанӯз мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандиро мардуми мо ба пуррагӣ дарк накардаанд. Асосҳои ҳуқуқии ин падидаи нав ва нодири ҷомеа, ки инсоният барои ноил гаштан ба он талош дорад, дар Конститутсияи мо дарҷ гардида, ташаккули он кафолат дода шудааст. Аслан гирем, ҷомеаи шаҳрвандӣ зодаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд мебошад ва дар навбати худ ҳар қадаре, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ инкишоф ёбад, давлати демократӣ ҳам ба ҳамон андоза пеш меравад.
Яке аз шартҳои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ин аст, ки мақомоти давлатӣ беасосу бедалел ба кори ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дахолат накунанд. Яъне сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд берун аз бахши давлатӣ инкишоф ёбанд. Солҳои охир бинобар муҳайё сохтани шароити мусоид аз ҷониби давлат иқдому ташаббусҳои аҳли ҷомеа низ афзоиш ёфт. Дар як муддати кӯтоҳ ҳашт ҳизби сиёсӣ ва зиёда аз 2000  иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба вуҷуд омаданд.
Онҳо дар баррасии бисёр масъалаҳо бо давлат ҳамкорӣ карда, дар ҳалли мушкилоти ҷомеа мусоидат менамоянд. Маҳз аз ҳамин хотир мо барои рушди минбаъдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонем. Имрӯз Тоҷикистон дар марҳалаи созандагиву бунёдкорӣ қарор дорад ва дар ин раванд мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии мавҷуда бояд давра ба давра ҳаллу фасл карда шаванд. Шӯрои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои аъзои он, ки марҳалаи ташаккули худро асосан аз сар гузарониданд, дар ин давра ҳамчун як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири  ҷомеа бо мавқеи созандагии худ дар раванди демократикунонӣ ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим мегузоранд.
Истифодаи ҳамаҷонибаи нерӯи зеҳнии ин созмон барои тавсеаи муколамаи шаффофу мустақими байни сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа бо мақсади татбиқи сиёсати давлати мо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, бешубҳа, дар таъмини субот ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат карда, пояҳои сулҳу ваҳдат ва оромии ҷомеаро дар мамлакат боз ҳам мустаҳкам мегардонад.
Сулҳу ваҳдати миллӣ, ки имрӯз дар кишвари мо пойдор аст, аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолият буда, дар радифи дигар арзишҳои миллӣ барои ҳар яки мо азизу муқаддас мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордилу ватандӯст ва ҳар як иттиҳодияи ҷамъиятии кишвар, ки барояш обу хоки Ватан ва сарзамини аҷдодии мо қадру манзалат дорад, бояд онҳоро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намояд ва ба хотири таҳкими ҳамбастагиву ягонагии миллат ҷаҳду талош варзад.
Вобаста ба ин, Шӯрои ҷамъиятиро лозим аст, ки дар доираи салоҳиятҳои худ фаъолтар амал карда, ҷиҳати ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ ҳарчи пурраву васеътар фаҳмонда додани моҳияти сулҳу ваҳдати миллӣ, вазъияти имрӯзаи иқтисодиву сиёсии мамлакат ва роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда  кӯшиш ба харҷ диҳад.
Ин амр тақозо мекунад, ки фаъолони Шӯро бо мардуми касбу кори гуногун, бахусус ҷавонон робитаи мустаҳкам дошта бошанд ва бо онҳо вохӯриҳои доимӣ барпо намоянд. 
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳоло мехоҳам, ки дар атрофи масъалаи мубрами рӯз – вазъи энергетикии кишвар ба таври мухтасар ибрози ақида намоям. Шумо медонед, ки мо дар фасли тирамоҳу зимистон ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ хеле танқисӣ дорем ва мардуми мо дар давоми 18 соли охир 5-6 моҳ ва баъзан аз ин ҳам бештар аз камбуди барқ азият мекашанд.  Ва ин дар ҳоле ки кишвари мо дар мавриди имкониятҳои истеҳсоли нерӯи барқи обӣ дар ҷаҳон мақоми махсус дорад. Дар ҳудуди Тоҷикистон то 60 фоизи тамоми захираҳои оби Осиёи Марказӣ ҷой гирифтаанд ва аз лиҳози захираҳои барқи обӣ мо дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунем. Вале мо то ба имрӯз аз ин захираҳои фаровон ҳамагӣ 5 фоиз истифода мекунем ва ҳоло ба ду ҳазор мегаватт, яъне зиёда аз 8-9 миллиард киловатт – соат нерӯи барқ ниёз дорем. 
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид карданӣ ҳастам, ки дар мавриди истифодаи оқилонаи ин захираҳои ғании обию барқӣ ҳам Тоҷикистон манфиат мебардораду ва ҳам дигар кишварҳои минтақа.
Дар айни замон Ҳукумати Тоҷикистон тамоми қувваро ба он равона кардааст, ки барои таъмини ҳарчи беҳтари аҳолӣ бо нерӯи барқ захираҳои энергетикии хешро ҳамаҷониба ба кор андозад. Истифодаи пурраи захираҳои энергетикӣ, ки дар ҳалли мушкилиҳои дар ин самт мавҷуда мусоидат мекунад, барои мо на танҳо яке аз самтҳои афзалиятнок, балки масъалаи ҳаётан муҳим ба шумор меравад.
Аз ин лиҳоз, сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои кишвари мо яке аз масъалаҳои стратегӣ ба ҳисоб меравад. Зеро бе бунёди ин нерӯгоҳ таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ғайриимкон мебошад.
Сохтмони Роғун талаби замон, шарти асосии рушду тараққиёти давлат ва ҷомеаи мост. Инро ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд. Бо дарназардошти ҳамин нукта, мо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро майдони кору меҳнати созанда ва ҷабҳаи зарбдори ободии Ватан эълон кардем.
Бояд қайд кард, ки бунёди чунин иншооти бузург дар таърихи Тоҷикистон падидаи нав нест. Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Норак, роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, азхудкунии водии Вахш ва Канали калони Фарғона далели равшани меҳнати созандаи падару бобоёни мо мебошад. Мо, насли имрӯза, бояд ватандӯстии худро собит сохта, бо заҳмату фидокорӣ сохтмони ин иншооти бузург ва тақдирсоз, инчунин дигар нерӯгоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла «Нуробод-1», «Нуробод-2», «Шӯроб», «Зарафшон» ва «Санобод»-ро ба анҷом расонем.
Бовар дорам, ки мардуми шарафманду заҳматпешаи мо бо истифода аз нерӯи ақлонию зеҳнии созандаи худ барои расидан ба ин ҳадафи умумимиллӣ саъю талошҳои худро дареғ нахоҳанд дошт.   Вобаста ба ин, вазифаи аввалиндараҷаи Шӯрои ҷамъиятӣ аз он иборат аст, ки моҳият ва аҳамияти сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва умуман ҳамаи иншооти гидроэнергетикиро ба ҳар як фарди ҷомеа фаҳмонад, то ҳамватанони мо бори дигар дарк намоянд, ки Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамеша ва дар ҳар як лаҳзаи тақдирсоз ҷонибдори воқеии манфиатҳои миллӣ, ободонии мамлакат ва ҳалли проблемаҳои мураккабу таъҷилан ҳалталаби мардум буд ва ҳаст.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Бояд гуфт, ки бисёрҳизбӣ воқеияти ҳаёти имрӯзаи мо буда, барои ташаккулёбии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мусоидат мекунад. Бисёрҳизбӣ, ки талаботи ҷомеаи имрӯзаи шаҳрвандӣ мебошад, бештар ба арзишҳои умумимиллӣ ва равандҳои демократии ҷаҳони муосир такя намуда, воситаи муҳими пешгирӣ аз зуҳуроти авторитаризм ва волюнтаризм маҳсуб меёбад.
Имрӯз халқи Тоҷикистон хуб дарк намудааст, ки бисёрҳизбӣ ва иштироки баробарҳуқуқи ҳизбҳову иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар, ки кафолати он дар қонуни асосӣ зикр шудааст, воситаи муассири рушду такомули ҳамаи соҳаҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ мебошад. Чи тавре ки маълум аст, ташаккулёбии афкори омма доир ба гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ, пеш аз ҳама аз фаъолияти барномавӣ ва иштироку мавқеи ҳизбҳо дар ҳаётӣ сиёсиву иҷтимоии ҷомеа вобаста буда, метавонад боварии оммаро нисбат ба ин ё он ҳизб тағйир диҳад.
Ҳоло, ки интихоботи парламент хеле наздик аст, мардум ба ин маъракаи муҳим бо рӯҳияи худшиносӣ ва масъулияти баланд омодагӣ мегирад. 
Натиҷаи интихобот ва чорабиниҳои гузашта боиси дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардум ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллие гардиданд, ки онҳо афкори оммаро дар масъалаи  ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа бедор намуда, барои пешрафти маданияти сиёсӣ замина гузоштанд.
Иштироки васеи гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ дар интихобот имконият медиҳад, ки ба мақоми олии қонунбарор шахсони дорои донишу таҷрибаи зиёд, баландихтисосу кордон ва босалоҳияту обрӯманд интихоб карда шаванд. 
Дар интихоботи дарпешистода ҳамаи ҳизбҳо инро бояд ба назар гиранд ва ҷиҳати пешбарии номзадҳо масъулияти баланд эҳсос намоянд.
Номзадҳои ба вакилӣ пешбарикардаи ҳизбҳоро лозим аст, ки дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва пас аз интихоб гардиданашон худро дар доираи меъёрҳои барномавии ҳизбҳояшон маҳдуд нагардонида, фаъолияташонро аз нуқтаи назари манфиатҳои милливу давлатӣ ба роҳ монанд.
Дар назар бояд дошт, ки манфиатҳои миллии ҳар як давлату ҷомеа пеш аз ҳама ҳалли самараноки масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодиро дар бар мегиранд. Аз ин рӯ, гуногунандешию бисёрҳизбӣ бояд дар чорчӯбаи ҳамин андеша ташаккул ёфта, бо ҳамин шакл зуҳур намояд. Зеро мо ҳанӯз дар оғози роҳи бунёди давлати миллӣ ва демократӣ қарор дорем.
Ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандони алоҳидае, ки барои соҳиб шудан ба мандати намояндагӣ мубориза мебаранд, бояд пеш аз ҳама фаъолияти худро дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, инчунин дар доираи одобу маданияти сиёсӣ ва таҳаммулгароӣ ба роҳ монанд.
Бовар дорам, ки ҳар як узви Шӯрои ҷамъиятӣ дар ин маъракаи интихоботӣ, хоҳ номзад ба намояндагӣ ва хоҳ тарафдори номзад бошад, бо дарки амиқи масъулият барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ гузаронидани он мусоидат хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, бояд тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад, ки интихобот дар сатҳи баланд, шаффофу озод гузашта, мардум намояндагони воқеан арзандаи худро интихоб намоянд.
Ман чун кафили озодиҳои воқеии шаҳрвандон риояи пурраи қонуни интихобот ва таъмини моддиву маънавии онро аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳамаи зинаҳо қотеъона талаб намуда, барои дар фазои демократӣ гузаштани интихоботи парламентӣ ва таъмини шаффофияти он тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳам. 
Таъкид месозам, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд мутобиқи қонун сурат гирад ва дахолат кардан ба ҷараёни интихобот, ба қонуншиканӣ ва сохтакорӣ роҳ додан комилан манъ мебошад. Ин талабот аз ҷумлаи меъёрҳои асосии баргузории демократии маъракаҳои интихоботӣ буда, иштироки фаъолона ва баробарҳуқуқи ҳизбҳои сиёсиро дар он имконпазир мегардонад ва мо аз ин меъёр истиқбол менамоем. 
Ман ҳамчун Президенти кишвар шахсан манфиатдори шаффоф гузаштани интихобот ва ба вакилӣ интихоб шудани беҳтарин фарзандони халқ мебошам. Вале як чиз мусаллам аст, ки шаффофияти баргузории интихобот аз мавқеи фаъоли худи мардум ва ҳизбҳои сиёсӣ низ вобастагии калон дорад. 
Ҳизбҳои сиёсӣ бояд дар байни мардум бошанд ва андешаҳои созандаи худро ба нафъи давлату Ватан ба халқ дуруст фаҳмонанд.  Қобилияти ташкилотчигӣ, сатҳи баланди ватандӯстӣ ва нерӯи кадрии ҳар ҳизбро худи мардум эҳсос мекунад ва баҳо медиҳад, ки аъзои ин ё он ҳизби сиёсӣ барои рушди ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои миллат чӣ саҳми воқеӣ гузошта метавонад.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Мо ваҳдату муттаҳидии халқияту миллатҳои сокини мамлакатамонро, ки  шаҳрвандони баробарҳуқуқи давлати Тоҷикистон мебошанд, омили муҳими таъмини пешрафти ҷомеа, тарғиби дӯстиву бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ медонем ва  ин арзишҳои олии инсониро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.
Дар мавриди фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ гуфтаниам, ки шахсони мутасаддӣ дар хусуси он ба ман пайваста гузориш медиҳанд ва ман дар ҷараёни кор  ҳастам.
Соли равон Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҷаласаҳои худ чандин масъалаи муҳими ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амнияти миллӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, бехатарии экологӣ, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва интихоботи парламент, инчунин истиқлолияти энергетикии мамлакатро мавриди баррасӣ қарор дод. Иштироки фаъоли Шӯрои ҷамъиятӣ дар чорабиниҳои Соли бузургдошти Имоми Аъзам ҳам қобили қайд аст. Инро низ бояд зикр кард, ки дар давоми сол аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ як қатор лоиҳаҳои қонунҳои аз ҷониби парламенти кишвар қабулшударо мавриди муҳокима қарор дода, оид ба такмили мазмуну мундариҷаи онҳо хулосаҳои хешро пешниҳод кардаанд. Аз ин лиҳоз, ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ барои кори пурмаҳсул ва дастгирии Ҳукумат дар татбиқи чорабиниҳои ба нақша гирифташуда миннатдории хешро изҳор менамоям.
Вобаста ба ин, мехоҳам зикр намоям, ки мо бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи илму маориф, такон додан ба раванди истифодаи дастовардҳои навини илму технология дар иқтисодиёти мамлакат ва дар ин замина таъмин намудани рушди босуботи он соли 2010-ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон кардем.
Бовар дорам, ки дар ин самт низ Шӯрои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои узви он саҳми босазои худро хоҳанд гузошт. Имрӯз инкишофи илмҳои техникӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои замонавӣ дар истеҳсолот аҳамияти бузург дорад.  Аз ин рӯ, тафаккури техникиву технологии наврасону ҷавонони мо, ки дар марҳалаи ташаккулёбӣ қарор дорад, бояд рушд ва густариш бахшида шавад. Барои бунёди асосҳои шуури техникиву иқтисодии ҷомеа пеш аз ҳама илмҳои техникӣ ва дақиқро ривоҷ додан зарур аст.  Ҳамчунин, масъалаи истифодаи сарфакоронаи захираҳои об, барқ, газ ва имкониятҳои молиявии давлат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инкишофи соҳаҳои асосии иқтисодӣ, махсусан энергетика, саноат, кишоварзӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин кардани се ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки дар соли оянда дар маркази диққати Шӯрои ҷамъиятӣ бояд қарор гиранд.
Дар марҳалаи кунунӣ аз ҳар фарди ҷомеа талаб карда мешавад, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва нерӯи дучанд қарзи ватандории худро дар назди халқу Ватан бо ифтихор иҷро намояд.
Бовар дорам, ки Шӯрои ҷамъиятӣ тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба кори тарғибу ташвиқи моҳияти дастовардҳои бемисли даврони истиқлол равона карда, ҷиҳати таҳкими сулҳу ваҳдат дар мамлакат,  тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангу маърифати аҳли ҷомеа талош хоҳад кард.
Мӯҳтарам аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ!
Ба ман иттилоъ расид, ки шумо дар ҷавоб ба даъвати Ҳукумати кишвар оид ба дастгирии сохтмони бузурги аср – Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки омили асосии рушди устувори Тоҷикистони азизи мо мебошад, бо дарки аҳамияти ин масъала иқдоми ҳимматбаландона зоҳир намуда, аз пасандозҳои худ маблағи муайян ҷамъ кардаед.
Ба шумо барои чунин ташаббуси ватандӯстона арзи сипос намуда, таъкид карданиам, ки ин иқдоми нек ҳамчун нишонаи идроки баланди сиёсӣ, ватандӯстӣ ва хушбинии шумо ба фардои дурахшони Ватани азизамон барои тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ибратбахш  мебошад.
Шумо бори дигар собит намудед, ки Шӯрои ҷамъиятӣ на фақат минбари баррасии масоили доғи рӯз аст, балки омили нерӯманди муттаҳидкунандаи ҷомеа низ мебошад ва манфиатҳои олии Ватану миллатро ҳамеша ба мадди аввал мегузорад. Ман рисолати Шӯрои ҷамъиятиро пеш аз ҳама дар ҳамин мебинам.
Ба ҳамаатон саодати рӯзгор ва дар фаъолияти судмандатон барору комёбӣ орзумандам.
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 499

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед