logo

ҳуқуқ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Юсуфӣ Муҳаммадраҳим ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода оид ба қабули 70 – солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар баргузор гардид.
Зариф Ализода иброз дошт, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аввалин санад дар ҷаҳон буд, ки ҳуқуқҳои шахсият, озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро эълон кард. Дар он, аз ҷумла омадааст, ки ҳамаи одамон ҳуқуқҳои баробар доранд ва ин аз тафовутҳои шахсии онҳо, аз ихтилофот дар низоми сиёсии кишварҳояшон бастагӣ надорад.
Барои таҳияи ин ҳуҷҷати муҳим тамоми дастовардҳои тафаккури инсонӣ истифода шуда, он аввалин таҷрибаи таҳияи дастаҷамъонаи санади ягона доир ба ҳуқуқи инсон мебошад.  Эъломия аз 30 модда иборат буда, ба зиёда аз 500 забон тарҷума шудаааст, ки аз доштани хусусияти универсалӣ ва миқёси паҳншавии он шаҳодат медиҳад.
Зикр гардид, ки бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқу озодиҳои он ба сифати арзиши олӣ эътироф шуда, онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд.
- Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба он равона карда шудааст, ки ҷавобгӯи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буда, барои ҳифзу пешрафти ҳуқуқи инсон механизми самарабахш бошад. Инчунин, фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар такмили қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқ, гузарондани санҷишу тафтишҳо ва мониторинги ҳуқуқу озодиҳои инсон ва корҳои таҳлилӣ – иттилоотӣ оид ба ҳуқуқи инсон равона гардидааст, - қайд кард З. Ализода.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2018    №: 243    Мутолиа карданд: 259

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед