logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади ботантанаи кушодани ҳайкали Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, шаҳри Хуҷанд, 9 сентябри соли 2008

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади ботантанаи кушодани ҳайкали Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ, шаҳри Хуҷанд, 9 сентябри соли 2008

Ҳозирини гиромиқадр!
Меҳмонони азиз!
Миллати соҳибтамаддуну бофарҳанги тоҷик имрӯзҳо 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни мубораки 1150-солагии Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикиро таҷлил карда истодааст. Ман бо камоли ифтихор мардуми меҳнатдӯсту меҳмоннавози вилояти Суғдро чун тамоми халқи Тоҷикистон бо ин ҷашнҳои бузург табрик гуфта, барои ҳар яки шумо саодати рӯзгор, шодкомиву пирӯзӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Дунёи маънавии миллати фарҳангофари моро дар ҳар давру замон шахсиятҳои фарзонае чун ситораҳои пурҷилову тобнок бо нури хираду андешаи худ мунаввар кардаанд. Ном ва осори гаронбаҳои ин бузургон на танҳо дар қаламрави фарҳангу тамаддуни тоҷикону форсизабонон шӯҳрат пайдо кардаанд, балки аз онҳо тамоми мардуми равшанфикри дунё файзёб гардидаанд.
Дар даврони начандон тӯлонии истиқлолият ба мо муяссар шуд, ки ҷашнвораҳои чанде аз бузургони илму фарҳанг ва чеҳраҳои намоёни сиёсии миллатамонро дар сатҳи баланд баргузор намоем. Лозим ба таъкид аст, ки ҳадафи мо аз руҷӯъ ба таърих ва мероси маънавии худ натанҳо ифтихор аз гузашта, балки бо диди нав омӯхтани осори ҷовидонаи абармардони илму фарҳанги миллатамон, ба кор гирифтани андешаву афкори пешқадами онҳо дар эъмори имрӯзу фардои давлати худ ва таҳкими пойдевори иморати бузурги истиқлолияти миллӣ аст. Пос доштани ном ва мероси бузургони миллат ва ба ин васила арҷ гузоштан ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни гузашта, аз як тараф барои камолоти маънавию ахлоқии ҷомеаи мо ва густариши худшиносии миллӣ хизмат намояд, аз ҷониби дигар дар марҳилаи вусъати рӯзафзуни раванди ҷаҳонишавӣ имкон фароҳам меоварад, ки миллати мо бо ҳифзи симои маънавӣ ва арзишҳои ахлоқии худ ба воқеияти ҷаҳони муосир пайванд гардад. Дар робита ба ин осори бунёдгузори адабиёти тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои имрӯзи миллати мо ва истеҳкоми пояҳои маънавии истиқлолияти кишвар аҳамият ва арзиши хоса касб мекунад.
Зиндагии устод дар замоне ҷараён гирифта буд, ки ниёгони мо ба шарофати талошҳои пайгиронаи сулолаи Сомониён пойдевори давлати мутамаркази худро бунёд ниҳоданд. Устод Рӯдакӣ дар замоне зиндагӣ ва эҷод карда буд, ки забони тоҷикӣ пас аз ду асри хомӯшӣ қадамҳои аввалини худро ба саҳнаи адабу фарҳанг мегузошт. Дар он даврони сарнавиштсоз осори гаронбаҳои устод Рӯдакӣ ниёгони бедордили моро ба иқдоми меҳанпарастона баҳри ҳифз ва таҳкими ҳувияти миллӣ ҳидоят намуда, дар баробари ин барои барнишондани забони тоҷикӣ ба тахти заррини адабу фарҳанг мусоидат кард. Аз ин ҷост, ки дар осори устод Рӯдакӣ пайванди забон, адабиёт ва ҳувияти миллӣ ба таври комил таҷассум ёфта, шеъри оламгири Одамушшуаро дар радифи арзишҳои муқаддаси миллии мо қарор гирифтааст. Хизмати бебаҳои устод Рӯдакӣ буд, ки забони шевою ширини тоҷикӣ рушд ёфту шоирони миллатҳои дигар низ бо ин забон эҷод намуданд. Имрӯз низ харитаи гуфтугӯи ин забон хеле густариш ёфта, то Аврупо расидааст. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар Амрико 79, дар Олмон 57 ва дар Ҳиндустон 46 рӯзнома бо забони тоҷикӣ нашр мешавад.
Басо рамзист, ки дар остонаи ин ҷашнҳои муборак дар маркази шаҳри бостонии Хуҷанд муҷассамаи устод Рӯдакӣ қомат меафрозад.  Маҳз ҳамин нуфузу нусрати шеър ва шахсияти Одамушшуаро буд, ки шӯҳрати ашъор ва афкори ӯ дар олами мутамаддин доман паҳн кардааст. Беҳикмат нест, ки анҷумани форсизабонони кишвари Фаронса имрӯз номи устод Рӯдакиро гирифтаасту дар чандин давлатҳои форсизабон маҷаллаҳои адабиву фарҳангии ҳамноми устод чун рамзи ифтихору ихлос ба шахсият ва шеъри оламгири вай интишор мешаванд.
Таҷлили 1150-солагии устод Рӯдакӣ ҷомеаи моро ба бозшиносии мероси ин абармарди бузург ва дарки воқеии ҳикматҳои мондагори ӯ даъват менамояд. Панду ҳикмати устод Рӯдакӣ аз умқи асрҳо ба гӯши мо мерасад, моро ба сӯи маърифати амиқи таърих ҳидоят менамояд ва бароямон сабақи хештаншиносӣ медиҳад. Боварии комил дорам, ки мардуми Тоҷикистон бо даъвати ҷовидонии устод Рӯдакӣ ҳамовоз гардида, аз ганҷинаи пурбори шеъри ноб, панду андарз ва ҳикмати мондагори ӯ барои бунёди ҷаҳони маънавияту ахлоқи худ ва эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол файзёб хоҳанд шуд. Бигзор муҷассамаи пурҳашамати устод Рӯдакӣ, ки имрӯз дар канори рӯди Сир  қомат меафрозад, то абад чун рамзи иродату эътиқоди мардуми тоҷик ба фарзандони фарзонаи худ боқӣ монад ва ин  мавзеъ зиёратгоҳи аҳли дилу назар гардад.
Агар пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки нӯҳ сол пеш дар соҳили рости рӯди Сир қомат афрохта буд, ифодаи ҳастии миллати созандаи тоҷик ва рамзи давлату давлатдории ин халқи куҳанбунёд бошад, муҷассамаи устод Рӯдакӣ рамзи шукӯҳи шеъру адаби оламгири тоҷик ва таҷассуми фарҳангу маънавиёти мардуми мо маҳсуб мегардад. Зеро ашъори оламгири устод дар тӯли беш аз ҳазор сол ба мардуми мо ҳамқадамӣ ва ҳамрозӣ дошт, дар рӯзҳои шодиву сурур ва ғаму ҳиҷрон ҳамсадою ҳамнавои дили онҳо буд. Таърихи адабиёти тоҷику форс гувоҳ аст, ки аксарияти шоирони баъдӣ кӯшидаанд, то мисраъ, маънӣ ва ё матлаберо аз устод Рӯдакӣ бардошт намоянд ва ё асаре аз тафаккур ва андешаҳои ҳикматофарини устодро дар навиштаҳои худ ҷой диҳанд. Ба таъкиди аксари рӯдакишиносон, қасидаи маъруфи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён»-и устод дар маҳфилҳои суханварон сароида мешуд ва шоирони зиёде дар ҷавоби ин қасидаи ватандӯстона маҳорати хешро санҷидаанд. Минбаъд боғистони устод Рӯдакӣ ва пояи муҷассамаи ӯ ҷойгоҳи маҳфилороӣ гардида, ба ифтихору эҳтироми қофиласолори назми тоҷику форс ин ҷо шабҳои адабӣ, маҳфилҳои мусиқӣ ва барномаҳои идона доир хоҳанд шуд ва чароғи абадии шеъру сухани воло дар ин макон ҳамеша фурӯзон хоҳад монд.
Бо ҳамин умед ҷашнҳои мубораки миллати тоҷик - 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 1150-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва ҳузури устод Рӯдакиро дар зодбуми Камолу Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва Темурмалики диловар муборакбод мегӯям.
Хонаободу сарбаланд бошед!
Ташаккур!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 722

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед