logo

ҳукумат

Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатӣ доир кард

4 декабр  дар Бӯстонсарои Ҳукумати мамлакат бо  иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъятии Тоҷикистон баргузор гашт.
Дар ҷаласа масоили омодагӣ ба истиқболи ҷашни солгарди 20 – уми Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистон, интихоботи навбатии порлумонӣ, сафарбар кардани мардум ба иштироки фаъол дар маблағгузории бунёди нерӯгоҳи Роғун ва дигар масоили муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ба Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, созмону муассисаҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои касбию эҷодӣ, ҷамъиятҳои миллӣ ва дигар ташкилоти соҳибнуфузи мамлакат шомил мебошанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба аҳамияти тадбирҳои номбурдаи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию техникии Ҳукумати Тоҷикистон ва вазъияти минтақа ва ҷаҳон аъзои Шӯрои ҷамъиятиро ба иштироки фаъол дар равандҳои иҷтимоии ҷомеа, тарғибу ташвиқи мардум ба ваҳдату ягонагӣ дар пешорӯи чунин тадбирҳои тақдирсози давлату миллат даъват намуд.
Сардори  давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки солгарди 20 – уми Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистонро бояд бо дастовардҳои намоёну арзанда дар рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар истиқбол бигирем.
Дар мавриди нерӯгоҳи Роғун Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки то кунун дар бунёди он аллакай 1 миллиард доллари амрикоӣ аз худ карда шудааст, аз ҷумла 800 миллион дар солҳои шӯравӣ ва 200 миллион маблағҳои буҷети давлатӣ тайи ду соли ахир.  Сардори  давлат таъкид дошт, ки барои ба кор даровардани навбати аввали ин нерӯгоҳ боз 600 миллион доллари амрикоӣ зарур аст ва изҳори боварӣ намуд, ки бо дастгирии иттиҳодияҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин маблағ дар мӯҳлати кӯтоҳ ҷамъ мешавад.
Дар робита ба омодагӣ ба интихоботи навбатии порлумонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ бояд озоду шаффоф ҷараён бигирад ва ба мақомоти олии қонунбарор ва маҷлисҳои маҳаллӣ бояд мутахассисони баландпоя, шахсони донишманду соҳибмаърифат ва арзанда ба мақоми намояндаи мардумӣ шомил шаванд ва таъкид намуд, ки барои ин бояд тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки аз тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ низ бояд танҳо ҳамин гуна шахсон ба номзадӣ пешниҳод шаванд.
Сардори  давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамагон даъват намуд, ки баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи шоиста аз арзишҳои волои Тоҷикистон манфиатҳои давлату миллатро ҳамеша аз манофеи  шахсию гурӯҳӣ ва ҳизбии худ боло гузоранд.
Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон ҳамчунин аъзои сершумори он, аз ҷумла роҳбарияти ҳизбҳои сиёсӣ – Файзулло Фатҳуллоев, Муҳиддин Кабирӣ, Шодӣ Шабдолов, Абдуҳалим Ғаффоров, Мансур Собиров ва аъзои фаъоли Шӯро чун Рафиқа Мӯсоева, Мунира Шаҳидӣ, Муҳиба Ёқубова, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, Матлуба ӯлҷабоева ва шоира Меҳринисо  суханронӣ карда, сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба бунёди нерӯгоҳи Роғун бо маблағгузории дохилӣ ва озодонаю шаффоф гузарондани интихоботи порлумонӣ мавриди пуштибонӣ қарор доданд. 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 724

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед