logo

сиёсат

РӮЙДОДИ НОДИРИ СОЛ Ё РАСИДАН БА ҚАЛАМРАВИ САОДАТИ МИЛЛӢ

Бо гузашти солҳо дар таърихи давлатдории навини тоҷикон соли 2018 ҳамчун соли фатҳи қуллаҳои саодати миллӣ ва милоди бузургтарин иншооти аср - Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо ҳуруфи заррин сабт хоҳад шуд.
Аслан соли 2018 барои мо ва кишвари азизамон аз ибтидо соли наку буд. Соле буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дигарбора мутаваҷҷеҳи Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуданд. Зеро дар ростои ҳамин сол татбиқи ташаббуси нави Сарвари давлати мо оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” расман шурӯъ шуд ва ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир гардид, ки дар он беш аз 1500 коршинос аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмони байналмилалию минтақавӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Вале, ин танҳо чорабинии байналмилалие набуд, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон бори дигар муаррифӣ сохт. Соли 2018 кишвари азизи мо, ҳамчунин, мизбони Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд.
Муҳимтар аз ҳама, воқеаи фараҳбахши сол ин бо ҳузури Пешвои муаззами миллат дар таърихи 16 ноябр ба кор оғоз намудани чархаи аввали НБО “Роғун” буд, ки паёми муборак ба  тамоми мардуми Тоҷикистони азиз ва минтақа буд. Бо бунёди ин Кохи муҳташами нур, ки таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор дошт, марҳилаи асосии татбиқи ҳадафмандонаи барномаҳои давлатӣ дар ҷодаи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ фаро расид.
Тавре таъкид мешавад, бунёди НБО “Роғун” на танҳо барои Тоҷикистон ба унвони кишвари содиркунандаи неруи барқи арзон аҳамияти муҳими иқтисодӣ дорад, балки дар амалишавии ҳадафҳои бузурги минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он низ метавонад таъсир гузорад. Гузашта аз ин, анҷоми пурраи сохтмони ин иншооти муҳим метавонад, Тоҷикистонро ба таври воқеӣ ҳамчун сарчашмаи таъминоти неруи барқ ва дорои захираҳои бои энергетикӣ муаррифӣ намояд, ки ин амр барои таҳкими ҳамкориҳо бо мамолики гуногун заминаҳои нав ба вуҷуд меорад.
Ҳоло бо оғози тавлиди барқ дар НБО “Роғун” марҳилаи нави пешрафтҳо ва ба ибораи дигар, расидан ба қаламрави нуристон фаро расидааст. Ин рӯйдоди нодир, ки мо солҳо боз интизораш будем, маҳз тавассути талош ва иқдомоти беназиру бесобиқаи Пешвои миллат ба амал омада, марҳилаи нави рушду тараққиётро барои давлату миллати сарбаланди тоҷик ибтидо гузошт.
Гулшан МАМАДҚУЛОВА,
омӯзгори гимназияи хусусии “Ҳиммат”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2018    №: 244    Мутолиа карданд: 455
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед