logo

илм

ЭЪТИРОЗЕ ОШКОРО БА НАФЪИ ИЛМ

Симои илмӣ ва инсонии Лутфулло Бузургзода аз назари Е. Бертелс

Лутфулло Бузургзода бешак  яке аз бунёдгузорони илми забоншиносии тоҷик аст. Таълиф ва тадриси нахустин китобҳои дарсии грамматикаи забони тоҷикӣ, пажӯҳиш ва баррасии хеле аз лаҳҷаҳои он ба номи ин олими пуркор пайванди устувор ва ногусастанӣ дорад. Як паҳлуи вижаи лаҳҷашиносии Л. Бузургзода дар он аст, ки вай адабиёти шифоҳӣ ва вижагиҳои гуногуни шеваҳои маҳаллиро якҷо гирд меовард ва меомӯхту онҳоро ҳамчун забоншинос ва  матншинос таҳқиқ менамуд. Асарҳои ӯ «Грамматикаи забони тоҷикӣ, Фонетика ва морфология» (бо ҳамқаламии С. Арзуманов, Ҳ. Каримов, С. Нестеренко, с. 1940), «Фонетикаи забони адабии тоҷикӣ»  (с. 1940), «Морфологияи забони тоҷикӣ» (с. 1941), бо ҳамроҳии Б. Ниёзмуҳаммадов), «Синтаксиси мухтасари забони тоҷикӣ» (с.  1942)   ба чоп расиданд. Дар ин солҳо баробари як зумра асарҳои арзишманде, ки  ба фолклор ва адабиёти классикии форсу тоҷик (аз ҷумла «Инъикоси Шӯриши Восеъ дар фолклор» - Сталинобод - Ленинград, с. 1941 ва «Искатель правды и справедливости»  Сталинобод-Москва, с. 1942 (1949)) бахшида шудаанд, чанд рисолаи арзишманди ӯ оид ба лаҳҷашиносӣ низ ба майдон омад.
Асарҳои ӯ аз ҷониби забоншиносони маъруфи тоҷику рус В. Расторгуева, Н. Маъсумӣ, Ф. Абдуллозода, М. Фозилов, В. Соколова, С. Арзуманов, Л. Успенская, М. Қосимова, Ш. Рустамов, Т. Мақсудов эътироф ва қадршиносӣ шудааст.
Дар пажӯҳиши илмии Л. Бузургзода омӯзиши лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Пайдост, ки  ба  пажӯҳиш  ва  омӯзиши ин масъала пештару  бештар донишмандони рус  машғул буданд. Устод Лутфулло Бузургзода дар ин мактаби илмӣ тарбия гирифт ва аз миёни забоншиносони тоҷик нахустин шуда, ба баррасии илмии лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ пардохт ва сипас сари чанде аз лаҳҷаҳои забонамон як зумра асарҳои арзишманд офарид. «Чорбайтҳои халқӣ ва хусусиятҳои шеваи Конибодом», «Шеваи Чилгазӣ», «Шеваи Ворух», «Шеваҳои Риштон ва Сӯх», «Баъзе хусусиятҳои забони аҳолии Самарқанд», «Шаклҳои феълии шеваҳои Ленинобод, Исфара, Самарқанд, Бухоро ва фарқи онҳо аз забони адабӣ», «Шеваи Ленинобод», «Харитаи диалектологии шеваҳои тоҷикони водии Фарғона»  феҳристи мухтасари  ин асарҳо мебошад.
Рисолаи «Чорбайтҳои халқӣ ва хусусиятҳои  шеваи Конибодом» нахуст соли 1941 дар шумораи 1 «Асарҳои илмии филиали Тоҷикистонии АИ СССР» ба чоп мерасад ва сипас соли 1944 (баъди вафоти муаллиф) бо ташаббуси С. Арзуманови арманӣ ва  А. Колпакови рус дар ҳаҷми 52 саҳифа ва дар сурати китоби ҷудогона нашр мешавад.
Забоншиноси номвари Шӯравӣ зода ва парвардаи мактаби ховаршиносии Петербург В. Расторгуева дар асари «Советскому языкознанию 50-лет» онро «Асари нав ва дорои маводи ҷолиб» хондааст.
Л. Бузургзода дар пажӯҳиши овозшиносии забони тоҷикӣ низ ҷойгоҳи арзанда дорад. ӯ нахустин забоншиноси тоҷик аст, ки зери унвони «Фонетикаи забони адабии тоҷик» китобе навишта ва ин бахши илми забоншиносии тоҷикро бунёд гузошт ва барои бозояндагон роҳ кушод. Сабаби асосии диққати ховаршиносони  рус ба осори Л. Бузургзода дар он аст, ки аксари кулли асарҳои ӯ «вижагии ховаршиносӣ» дошт. Ин нуктаро донишмандони  тоҷик ҳарранг маънидод кардаанд, аммо маънидоди забоншиноси тоҷик, профессор Фарҳоди Зикриё ҷавҳари  муамморо мекушояд: «Лутфулло Бузургзода замони дар Ленинград буданаш тавассути олимону ховаршиносони машҳури замон монанди Е. Бертелс, И. Зарубин, Ф. Розенберг, А. Фрейман, И. Орбели ва  дигарон ихтисоси суханшиносии онҳоро тахассус дода, мактаби илмии онҳоро азбар карда дар диёри худ  равон додаст».
Профессор Холиқ Мирзозода  нӯги гиреҳро мекушояд: «Дар Ленинград моро дар хиёбони Лаби дарёи Нева, дар хобгоҳи Донишгоҳи мазкур ҷой доданд. Дарсро дар бинои факултети шарқшиносӣ гӯш мекардем.  Лутфулло  Бузургзода бо   як   ҳисси   баланди  ватандӯстона лексияҳои профессор Е. Бертелсро аз таърихи адабиёти форсу тоҷик гӯш мекард».
Домулло Тӯрақул  Зеҳнӣ, ки аз ихлосмандони Л. Бузургзода буд, масъаларо хеле саҳеҳ ба қалам меоварад: «Солҳои 1937-38 ба назарам самарабахштарин солҳои фаъолияти илмӣ ва адабии Лутфиддин буданд. Вай барои «Намунаҳои адабиёти тоҷик» фасли калони фолклори тоҷикро менавишт. «Фонетикаи забони адабии тоҷик»-ро ба чоп супорида, дар бораи Носири Хисрав як тадқиқоти муфассалеро оғоз карда буд  ва  дар  бораи   забони  асарҳои Носири Хисрав бо профессор  Е.Э. Бертелс   баҳси   тезутунде дошт».
Аз таъкиду  ишораҳои Х. Мирзозода ва Т.Зеҳнӣ бармеояд, ки Л.Бузургзода аз як тараф, аз хирмани дониш ва ҳунари дарсгӯиҳои  Е. Бертелс  ба ваҷд меояд ва ҳамзамон вазну эътирофи дониши хешро дар тарозӯи дониши Е. Бертелс месанҷад.
Аз тарафи дигар, бар зидди баъзе андеша ва хулосаҳои Е. Бертелс ошкоро эътироз менамояд. Аз ҷумла, хулосаи зерини Е. Бертелс: «Забони асарҳои Носири Хисрав бисёр душвор ва архаистӣ буда, ҳатто калимаҳои   помирӣ зоҳир шудааст». Л. Бузургзода бисёр сахт (дар рӯ ба рӯяш) эътироз намуда, гуфтааст, ки барои баҳо додан ба забони асарҳои саромадони адабиёти тоҷик баҳодиҳандаро зарур аст, ки забони тоҷикиро бо тамоми  вижагиҳо ва  ҷилову тобишҳояш дарк бикунад».
Л. Бузургзода ҳамзамон дар ин суханронияш андешаи субъективии устоди дигараш-академик А. Семёновро рад ва ислоҳ менамояд. А. Семёнов ҳанӯз соли 1927, яъне даҳ сол пеш аз Е. Бертелс чунин навишта будааст: «Асарҳои Носири Хисрав нақши архаистӣ дорад (архаичный отпечаток)».
Бисёр ҷолиб аст, ки Л. Бузургзода бар хилофи андешаҳои бебунёди устодонаш  А. Семёнов ва Е. Бертелс Носири Хисравро барҳақ яке аз асосгузорони забони адабии тоҷик мехонад: «Носири Хисрав является одним из основоположников литературного таджикского языка. Он, как великий ученый своей эпохи, прекрасно владел арабским языком и, как указывалось выше, он часть своих произведений написал на арабском языке. Однако свой родной таджикский язык он не засорял арабизмами, как это делали придворные учёные и поэты, с арабизмами он вёл упорную борьбу».
Е. Бертелс, ки марди  донишманди камназир буд, аз ин  тундравиҳои  Л. Бузургзода наранҷид, баръакс аз зиракӣ, донишмандӣ, ҳақталошиҳои шогирдаш ба ваҷд меомад. Ҳамин буд, ки барои чопи навиштаҳои забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ бо ҳисси дилсӯзӣ ба илми тоҷик ва  камоли шогирдаш дар илм ғамхорӣ мекард. Аз ошноӣ бо корҳои анҷомдодаву маводи ҷамъовардаи  Л. Бузургзода хушнуд гашта, онҳоро арҷгузорӣ мекард. Аз ҷумла моҳи августи соли 1937 барои чопи асари илмии ӯ доир ба лаҳҷашиносӣ тақризи мусбат навишта, аз як тараф, ба ҳунару истеъдоди лаҳҷашиносии Л.Бузургзода, аз тарафи дигар, ба арзиши баланди  илмии асар баҳои баланд додааст. Ногуфта намонад, ки Е. Бертелс зимни ба  аспирантура тавсия кардани Л. Бузургзода ҳамон тақризро тафсил додаву пура намуда, ба сурати як ҳуҷҷати қатъӣ пешниҳод кардааст.
Мо ҳамин нусхаи тафсилёфтаи тақризро дар  асл меоварем:
Тақриз ба кори илмии рафиқ Бузургзода
Корҳои рафиқ Бузургзода ба ду даста ҷудо мешаванд:
1)  як силсила корҳо, ки   асосан  мақсади  сирф  амалӣ доранд, чун васоити тадриси забони адабии тоҷик дар мактабҳои тоҷикӣ;
2) корҳои илмӣ, ки иборатанд аз як силсила таснифоти системаноки лаҳҷаву шеваҳои тоҷикии гурӯҳи шимолӣ чун Чил-
газӣ, Исфара, Ворух, Ленинобод /Хуҷанд/, Конибодом ва ғайра, ки ӯ худ анҷом додааст.
Агар корҳои дастаи аввал нишон диҳанд, ки муаллифи онҳо бо мушкилоти омӯзгори забони модарӣ дар ҶШС Тоҷикистон ба хубӣ ошност ва мекӯшад, ки ҳатталмақдур онро сабуктар намояд, пас корҳои дастаи дувум таври итминонбахш ба исбот мерасонанд, ки муаллифи онҳо усули ҷамъоварии маводи лаҳҷашиносиро хуб ёд гирифтааст, вазифаи чунин ҷамъовариро возеҳу равшан тасаввур мекунад, шунавоии нозук дорад ва тамоми вижагиҳои мушаххаси гӯишро зуд дарк мекунад. Маводе, ки ӯ ҷамъ овардааст, бо дақиқии аъзами хеш тафовут доранд ва то ҷое, ки бовар ҳосил кардан имконпазир буд, он мавод тамоман мӯътамад ҳастанд ва аз ин рӯ ҷиҳати коркарди назарии оянда асоси боэътимод шуда  метавонанд.
Кори таснифи гӯишҳои шимолӣ, ки рафиқ Бузургзода аз соли 1935 инҷониб пайваста шуғл меварзад, ҳоло наздики тамомшавист. Таснифи боз ду-се шева боқӣ мондааст ва баъд аз он маводи марбути тамоми гурӯҳ дар ихтиёри ӯ қарор хоҳад гирифт. Аммо дар ҳоли ҳозир ҳам бо камоли итминон тасдиқ кардан метавон, ки маводи ҳамчун марбут ба гӯишҳои шимолии то ҳол тамоман номаълуми забони тоҷикӣ дар дасти ягон пажӯҳанда нест, на дар Иттиҳоди мо ва зиёда аз ин на дар хориҷа.
Ин мавод имкон медиҳад, ки дар оянда кори дорои арзиши фавқулодае ҳам барои сохтмони амалии забон ва ҳам барои забоншиносии умумӣ таълиф гардад. Бо вуҷуди ин кас мехоҳад, ки ин кор ба савияи охирин сухани илми забоншиносии кунунӣ ба чоп омода шавад. Агар ки рафиқ Бузургзода онро дар базаи Тоҷикистонии Академияи улум кор карда, омода созад ва ҳам адабиёти заруриро дар даст надошта, барои такмили дониш аз забонҳои Аврупои ғарбӣ шароит набошаду машварати ихтисосманди кофӣ гирифта натавонад, бидуни шак, дар ин сурат корро ба дараҷаи лозим расондан имконпазир нест. Бад-ин ҷиҳат бо огоҳӣ аз қобилияти барҷастаи ӯ ва кӯшишу ғайраташ дар кори илмӣ, ки ҷамъоварии маводро дар шароити ниҳоят мушкил анҷом дод, ман хоҳиши ӯро дар боби дохил  шудан ба сафи  аспирантони  Институти забону тафаккури ба номи Н. Мари АИ ИҶШС самимона ҷонибдорӣ мекунам. Шубҳае нест, ки баъди хатми аспирантура мо дар симои ӯ мутахассису корманди олиҷанобро соҳиб мешавем, ки на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми илми шӯравии мо арзишманд хоҳад буд».
Ин хулосаи (баҳои) Е.Бертелс аз хусуси истеъдоди Л.Бузургзода дар номаи ӯ ба сарвари Филиали Тоҷикистонии АИ СССР академик Павловский боз ҳам саҳеҳтар ва дилсӯзонатар ба назар мерасад: «… бисёр хоҳиш мекардам, ки   аз Тоҷикистон   ҷавони   дорои    истеъдоди  модарзод Лутфулло Бузургзода ба аспирантураи  Институти забон ва тафаккури ба номи академик Мари АИ ИҶШС дохил шавад, зеро дар симои  вай ман на танҳо  як олими бузурги тоҷик, балки  Иттиҳоди Шӯравиро тасаввур мекунам» .
Мо намедонем, ки академик Павловский ба Бертелс чӣ ҷавоб навишта ва мактуб  ба рӯҳия ва сарнавишти Л. Бузургзода чи таъсир гузоштааст. Танҳо инаш маълум аст, ки ӯ 10 декабри соли 1940 аризае ба Раёсати АИ ИҶШС навишта «барои аз  соли 1941 дар аспирантура хондан» иҷозат мепурсад. (Ва аризаро якҷо бо мактуб ба Ленинград ба Е. Бертелс мефиристад).
Аммо бо сабаби июни соли 1941 сар шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар муҳосира мондани шаҳри Ленинград, Лутфулло Бузургзода ба ин шаҳр рафта дар аспирантура таҳсил карда натавонист. Аввали соли 1942 худи ӯ низ ба фронт рафт ва 12 ноябри соли 1943 дар шаҳри Витебски Белоруссия ҳалок шуд.
Соядастҳои Е. Бертелс  дар китобҳои  ба Л. Бузургзода бахшида ва ӯ ба ин олим навишта боз бисёр лаҳзаҳои ҳамкории эҷодӣ ва илмии устоду шогирдро бозгӯ мекунанд. Қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии мо аст, ки корнамоиҳои  илмии устоди зиндаёдро ба гӯшаи фаромӯшӣ набарем  ва рӯҳу номи  ӯро зинда бидорем!

Сайфиддин  НАЗАРЗОДА,
директори Пажӯҳишгоҳи забон ва
адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи
Рӯдакии Академияи илмҳои  ҷумҳурӣ,  
 доктори илми филология.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 987

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед