logo

иқтисод

ХОРУҒ. ТАЪМИНОТ БО ОБИ ОШОМИДАНӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Корҳои сохтмонии марҳилаи дувуми лоиҳаи таъминсозии  шаҳри Хоруғ бо оби ошомиданӣ оғоз ёфтанд.
Дар маросими оғози  тадбиқи лоиҳа, ки дар маҳаллаи Дашти Болои шаҳр баргузор  гардид, иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони асосии пешниҳоди судманди сатҳи ҷаҳонӣ дар самти пешгирӣ аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ба шумор рафта, татбиқи пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ давоми 10 соли оянда ба манфиати кулли сокинони сайёра хоҳад буд.

Агар 10 сол пеш дастрасии сокинони шаҳру ноҳияҳои  вилоят  ба оби нӯшокӣ 47 дарсадро дар бар мегирифт, имрӯз ин нишондиҳанда 80 дарсадро ташкил медиҳад. Танҳо дар чанд соли охир барои дастрасии беҳтари сокинони шаҳр ба оби тозаи  ошомиданӣ 4 миллион доллар сарф шуд, аммо ҳанӯз ҳам камбуди оби ошомиданӣ ба назар мерасад. Ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба он ҷаҳду талош доранд, ки  ҳар  чи  зудтар  ин  мушкили  сокинони кишвар, аз  ҷумла  шаҳри  Хоруғро ҳал  намоянд. Раиси вилоят  бо  итминони  комил  гуфт, ки баъди ду сол сокинони шаҳр чи будани беобиро комилан фаромӯш мекунанд.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ сокинону меҳмонон ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Маблағгузори лоиҳа Ҳукумати Швейтсария буда, он тасмим  гирифтааст, ки дар масофаи 2,7 километр тавассути қубури қутраш  150-миллиметра аз шоҳқубури Боғевдара то маҳаллаи Хичордев хати оби нӯшокиро пайваст намояд. Роҳбари дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон Валбург Рус таъкид дошт: «Дар муҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаро бо сатҳу сифати баланд ба анҷом мерасонанд. Он беш аз 5,5 ҳазор аҳолии шаҳр ва 100 идораву муассисаҳояшро дар бар мегирад ва бо татбиқи пурраи он аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мешаванд».
Дар доираи лоиҳа, ҳамчунин, роҳи мошингард ба масофаи 750 метр бунёд мешавад, ки рафтуомади сокинони маҳаллаи Дашти Болоро тавассути ин масир наздик месозад. Аз сӯи дигар, бунёди зинапоя сокинонро аз хатари эҳтимолии сангфароӣ  ҳифз мекунад. Амалисозии лоиҳаи мазкурро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир-энергосервер» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонроҳсоз»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма доранд. Дар марҳилаи аввал 50 нафар сокинони шаҳр ба кор ҷалб мешаванд. Лоиҳа то моҳи июни соли 2019 бояд анҷом ёбад. Барои бунёди хати оби нӯшокӣ 1,4 миллион сомонӣ маблағи шарикони рушд равона шудааст.    
Раҳмони ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2018    №: 248    Мутолиа карданд: 166

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед