logo

фарҳанг

ОФТОБО, БА ҒУРУБ МАРАВ! ДАР БОРАИ ЗЕБОИОФАРИИ АДИБ

Сипеҳри Абуабдуллоҳи Ҳасанзод, ки имрӯз аз нависандагони фаъол маҳсуб мешавад, дар роҳи пурпечутоби эҷодӣ устуворона гом мебардорад. Воқеан, то имрӯз китобҳои зиёди ӯ, аз ҷумла «Парастуҳои саҳна», «Боздид», «Чакомаи шоҳи Хатлон», «Бозгашти даҳмарда», «Офтобо, ба ғуруб марав!», «Гулхани сабз», «Дарёдилеву соҳибдиле…», «Шаҳди мармиҷон» (тарҷума) ва ғайра ба табъ расидаанд.

Муаллиф дар қиссаи «Офтобо, ба ғуруб марав!» рӯзгори як модари меҳрубону ғамхор, ҳушманду пуртаҳаммул, нурониву пок, озодаву фариштахисоли деҳотиро ба тасвир мегирад. Модаре, ки дар назари нависанда мисли офтоб медурахшад, нурпошӣ мекунад, ба дилҳо гармӣ, ба дидаҳо равшанию эътимод мебахшад, модаре, ки ҳамчун рамзи зебоӣ, покӣ, муҳаббат, вафодорӣ, саодат, садоқат, пуштибону раҳнамо ва мураббии фарзандон чеҳранамоӣ мекунад.
Қиссаи «Навҳаи ҷомаи шаҳӣ» гӯё як навъ идомаи қиссаи «Офтобо, ба ғуруб марав!» мебошад, зеро дар маркази он низ симои модари ғамзадаву ранҷдида қарор гирифтааст. Дар ин қиссаи нависанда дар хусуси фоҷиае, ки ба сари як оила, фарзанди ин хонадон - Убайдулло меояд ва ишқу муҳаббати поки дилдодаи ӯ-Рӯшангул сухан меравад. Рӯшангул бо вуҷуди ба садама гирифтор шудану маҷрӯҳ гардидани Убайдулло аз вай рӯ наметобад. Ин дараҷаи баланди ишқу муҳаббат ва садоқати инсонист, ки Рӯшангул аз худ зоҳир менамояд, зеро дидаву дониста, бидуни ҳеҷ дудилагӣ дилдодаи худ- Убайдуллоро дар ҳама гуна аз даст додан намехоҳад.
Мутолиаи ҳикояи «Акаву хоҳар», ки нахустин ҳикояи ин маҷмӯа мебошад, нишон медиҳад, ки нависанда дар тасвир ва тавсифи хулқу атвори ҳамзамонон маҳорати хос дорад.  Албатта, як қаламкаш муваззаф аст, ки ҳамзамонони худро бубинад, бинамоёнад ва нисбат ба мушкилоташон бетараф набошад. Рӯи ҳамин асос муаллиф баду неки рӯзгор ва  рафтори ҳамрӯзгоронро мушоҳидаву муоина мекунад, ба андеша меравад, ба одамони беадаб адаб меомӯзад ва ба нопокон дарси покӣ медиҳад. Ӯ бо ин роҳ бархе аз афроди гумроҳро ба роҳи дуруст ҳидоят менамояд. Мисли Маъруфи ронанда, ки аз рӯи ҳавою ҳавасу гумроҳӣ, ҷаҳлу нодонию бадхулқӣ аз ҳамсафари покзамираш-Марям коми дил гирифтан мехоҳад, аммо тираш хок мехӯрад. Зеро ӯ баръакси гумонҳои палидонааш ба зане рӯ ба рӯ мешавад, ки соҳиби ахлоқи ҳамидаву иродаи қавӣ аст ва дар ҳама ҳолат метавонад шарафу нангу номуси худро ҳифз намояд. Ҳамин тавр, иштибоҳи худро мефаҳмад, зери таъсири ин зани покизахулқ ба шоҳроҳи одамият медарояд ва ислоҳ мешавад.
Ҳикояи мазкур нишон медиҳад, ки роҳҳои мухталифи ба одамон таъсир расондан, тарбия кардан, ибрат додан мавҷуданд. Он роҳҳоро бояд ёфт ва аз онҳо оқилонаву моҳирона кор гирифт.
Ҳикояҳои дигари нависанда низ ба мавзӯъ ва мушкилоти маънавию ахлоқии ҷомеа ва ҳаёти пур аз тазоди мардум бахшида шудааст. Ӯ дар онҳо, аз як сӯ, сифату хислатҳои ҳамидаи инсониро васф менамояд, аз сӯи дигар, ба мазаммати ахлоқи разилаи онҳо мепардозад.
Муаллиф дар навиштаҳои хеш аз аносири бадеъ ва зебоиофарии адабӣ, аз ҷумла ташбеҳу кинояву истиораву маҷозу муболиғаву ташхису такрору тамсил ва ғайра истифода мекунад.
Умед аст, ки мунаққидону адабиётшиносон ба таҳлили ҷиддии осори ӯ мепардозанд ва бурду бохт, шебу фарози нигоришоташро нишон медиҳанд.
Ҷамолиддин САИДЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2018    №: 249    Мутолиа карданд: 354
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед