logo

президент

Шӯрои машваратии назди Сардори давлат фазои сармоягузориро баррасӣ намуд

8 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҷаласаи IV-и Шӯрои машваратии назди Сардори давлат оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ доир гардид.
Дар ҷаласаи IV –и Шӯрои машваратӣ аъзои Шӯро, масъулони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони созмонҳои байналмилалии мададрасон иштирок намуданд.
Оид ба рафти татбиқи барномаи «200 – рӯзи ислоҳот» ва беҳсозии фазои сармоягузорию соҳибкории кишвар ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, аз ҷумла, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии омор ва Агентии сохтмон ва меъморӣ ва ҳамчунин гузориши намояндагони созмонҳои байналмилалии мададрасон чун Кордори Иттиҳоди Аврупо, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Кӯмаки техникии Олмон шунида шуд.
Зимни ҷаласаи IV –и Шӯрои машваратӣ бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар доираи татбиқи  барномаи «200 – рӯзи ислоҳот» механизми «Равзанаи ягона» дар бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ 6 моҳ пеш аз мӯҳлат ба кор шурӯъ намуд ва имрӯз фаъолияташ дар назди мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо муваффақият ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки як комиссияи ҳукуматӣ ва вазорату идораҳои дахлдор баҳри кам кардани шумораи иҷозатномаҳо ва бартараф намудани ҳамаи расмиёти маъмурӣ, ки ба соддагардонии фаъолияти соҳибкорӣ монеа мешаванд, чораҳои муассир андешида истодаанд, аз ҷумла тариқи таҳияи санадҳои нави қонунгузорӣ ва тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии амалкунанда.
Аъзои шӯро ва намояндагони созмонҳои байналмилалии мададрасон ба рафти татбиқи барномаи «200 - рӯзи ислоҳот» баҳои мусбат дода, бо назардошти он ки беҳсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ бевосита таҳти роҳбарии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, дурнамои ин корро умедбахш арзёбӣ намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 754

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед