logo

сиёсат

САНОАТИ ИНДУСТРИАЛӢ – АГРАРӢ. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли гузашта масъалаи гузариш ба саноати индустриалӣ - аграрӣ яке аз ҳадафҳои рушди миллӣ зикр гардид. Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои ноил шудан ба он тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. 
Айни замон суръат бахшидани рушди соҳаи саноат, дигаргунсозии куллии сохторӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва ҷорӣ намудани навовариҳои техникию технологӣ дар истеҳсолоти саноатӣ зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Ба гуфтаи Гулрӯ Ҷабборзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар, нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ шаҳодат  медиҳанд, ки  дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, дар маҷмӯъ, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ таъмин гардидааст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба зиёда аз 47,5 миллиард сомонӣ баробар буда, рушди воқеии он 7 дарсадро ташкил намуд. Истеҳсолоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 дарсад, кишоварзӣ 4,  маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,8,  ҳаҷми гардиши савдо 15, 6  ва хизматрасонии пулакӣ 2 дарсад боло рафт. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаҳои саноати истихроҷ ба 118, 6 дарсад,  коркард 115, 2  ва неруи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ  107, 5 дарсад баробар гардид.
Бо мақсади ба кор андохтани иқтидорҳои нави рақобатпазиру воридотивазкунанда тавассути ҷалби сармоягузориҳо, ворид намудани техникаю технологияҳои муосир имтиёзҳо муқаррар шудааст, ки соҳибкорони ватанию хориҷӣ аз онҳо бархӯрдоранд. Дастгирии давлатӣ дар ин самт солҳои минбаъда низ идома хоҳад ёфт.
Ин аст, ки дар нуҳ моҳи соли равон  барои истеҳсоли маҳсулоти нав, ворид кардани таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла дар бахшҳои саноати сабук ва пилла, хӯрокворӣ маъданҳои кӯҳию металлҳои қиматбаҳо, мошинсозӣ, мудофиа, кимиё, масолеҳи сохтмон, истихроҷи ангишт наздики 700 миллион сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардидааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ин давра дар ҷумҳурӣ 105 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ бо фарогирии 1487 ҷойи нави кор, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 20 корхона бо 151 ҷойи кор  ба фаъолият оғоз карданд. Дастовардҳои мазкур дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» ба даст омада, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор қисми асосии чорабиниҳо ба иҷро расидааст. Дар ин қатор техника, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ барои эҳтиёҷоти истеҳсол воридшаванда аз андози арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд. Номгӯи тарифҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти номгӯи нави молҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ такмил дода шуд. Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, марказҳои миллии иттилоотӣ оид ба монеаҳои техникӣ дар савдо дар назди Агентии «Тоҷикстандарт», оид ба чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ дар назди Вазорати кишоварзӣ ва иттилоотӣ таъсис дода шудаанд. Инчунин, барои соҳибкорони хурд ҳадди даромад дар низоми махсуси андозбандӣ аз 500 ҳазор сомонӣ то ба 1 миллион сомонӣ баланд бардошта шуда, андоз аз фурӯши нахи пахта бекор ва бар ивази он боҷи содиротии нахи пахта ҷорӣ гардид. Имтиёзҳои ҷоригардидаи андозию гумрукӣ ва дигар шароитҳо имконият медиҳанд, ки марҳилаи нави рушди иқтисоди миллӣ - саноатию аграрӣ босамар амалӣ гардад.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2018    №: 249    Мутолиа карданд: 391
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед