logo

иқтисод

БАДАХШОН. МАҲСУЛОТИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ НОБУД КАРДА ШУД

Баланд бардоштани сифату бехатарии хӯрокворӣ, ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Назорати сифати маҳсулоти фурӯхташаванда вазифаи муҳими сохторҳои марбута муқаррар шуда, дар ин самт назорат торафт пурзӯртар мегардад. Аз ҷумла, соли равон мубориза алайҳи фурӯш ва истеъмоли машруботи   пастсифати спиртӣ дар Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ вусъат ёфт. 
Санҷишу таҳлилҳо нишон доданд, ки фурӯши машруботи пастсифати спиртӣ дар ҳамаи минтақаҳои вилоят ба мушоҳида расида, шумораи нафарони ба касалии майзадагӣ гирифтор рӯ ба афзоиш аст. Ҳатто ҳодисаи фавти одамон бар асари истеъмоли машруботи ғайристандартӣ рух додааст. Бинобар ин, Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ВМКБ ҷиҳати мубориза бо фурӯшу истеъмоли маҳсулоти пастсифати спиртӣ давоми соли ҷорӣ фаъолияташро пурзӯр намуд.
Агар  охири соли гузашта  дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят  135 нуқтаи фурӯши машруботи спиртӣ фаъолият дошт, имсол то аввали моҳи декабр миқдори онҳо то 60 адад кам карда шуд. Бар замми ин, дар натиҷаи санҷишу тафтишоти иловагии раёсат нуқтаҳои фурӯши машруботи спиртӣ, ки бе қарор ва иҷозатнома фаъолият доштанд, манъ гардид.
Аз тарафи масъулони соҳа дар 17 манзили истиқоматии шаҳрвандон,  аз ҷумла дар ноҳияҳои Шуғнон 11 нуқта, Роштқалъа 4 ва Ишкошим 2 нуқтаи фурӯши машруботи спиртӣ ошкор гардида, фаъолияти онҳо қатъ карда шуд. Дар маҷмӯъ, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 30  соҳибкор барои фурӯши машруботи спиртии ғайристандартӣ  3500 сомонӣ ҷарима шуд.
Назорати сифати маҳсулот ва пешгирии воридоти хӯроквории ғайристандартӣ, аз ҷумла машруботи спиртӣ дар меҳвари фаъолияти раёсати номбурда қарор дорад. Кормандони он тайи 11 моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти назоратӣ дар шаҳри Хоруғ чанд маротиба рейди муштарак гузаронда, маҳсулоти нуқтаҳои фурӯшро мавриди санҷиш  қарор доданд. Дар натиҷа, 197 намунаи арақи тамғаҳои гуногун ба миқдори 26277 шиша аз муомилот гирифта шуд. Ҳангоми ташхис 95 намунаи онҳо 10207 шиша ғайристандартӣ баромада, аз тарафи комиссияи ваколатдор нобуд гардид. Ҷараёни маҳвсозии машруботи ғайристандартӣ тариқи телевизионҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ нишон дода шуд.
Ҳамчунин, бо сабаби хатарнок будани истеъмоли аз ҳад зиёди нӯшокиҳои спиртии қувватбахши «Ягуар» ва «Страйк» ба миқдори 3849 адад аз муомилот гирифта шуд.
Н. САБЗАЛИЕВ,
сардори раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия
ва нозироти савдои ВМКБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2018    №: 250    Мутолиа карданд: 276
14.08.2020


САНГВОР. ДЕҲАҲО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

ВАҲДАТ. ЭҲСОСИ ШУКӮҲИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ДАЪВАТИ СММ АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ҶАҲОН – 2022. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБӢ СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕШАВАНД

12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед