logo

Хабарҳо

ПСИХОЛОГИЯ. Муҳимияти як фан

Психология аз зумраи он илмҳоест, ки бо рӯҳи инсон сару кор мегирад ва донистани он бештар аз ҳама ба омӯзгор зарур аст. Зеро омӯзгор ҳамарӯза бо хонандаҳои гуногунфеълу гуногунхислат кор мебарад ва барои муайян кардани қобилияту истеъдод ва ба самти зарурӣ равона сохтани фаъолияти онҳо доштани донишҳои аввалияи психологӣ ҳатмист.
Ин аст, ки чанде пеш бо тавсияи шӯрои илмӣ - методии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ китоби «Психология. Муқаддимаи ихтисоси психолог» (муаллифон Е. Л. Дотсенко, Р. Атахонов, О. С. Андреев) бори нахуст бо забони тоҷикӣ интишор ёфт.
Мақсади таълифи дастури таълимии мазкур аз он иборат аст, ки донишҷӯён дар бораи фан, метод ва соҳаҳои илми психология дар марҳалаи ҳозираи тараққиёти он маълумот гиранд, ба заминаи илмию методологии он сарфаҳм раванд ва дар бораи касби психолог тасаввурот пайдо кунанд.
Муаллифон бар он назаранд, ки донистани психология барои омӯзгори муосир бисёр судманд аст. Ҳатто барои ба равияҳои гуногуни иртиҷоӣ напайвастани наврасону ҷавонон, гумроҳ нашудани онҳо психология ёрии бедареғ мерасонад. Зеро маҳз тавассути ин илм омӯзгорону масъулон ба мушкилоти рӯҳии хонандагон расидагӣ карда, чораҳои зуруриро меандешанд.
Китоб барои донишҷӯён таҳия шудааст, аммо омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ низ метавонанд аз он истифода баранд. Имрӯз мо хуб медонем, ки дар назди мактабҳо амал кардани як ё ду психолог ё муаллими дар ин самт ихтисосманд амри зарурист. Дар баъзе аз гимназияву мактабҳо аллакай аз ин усул кор мегиранд ва самари хуб ҳам ба бор оварда истодааст.
Китоби мазкур аҳамияти таълимӣ ва амалӣ дошта, барои доираи васеи донишҷӯёну омӯзгорон ва ҳаводорони илми психология таҳия шудааст.
Мавлуда ҶӮРАЕВА, омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 575
14.08.2020


САНГВОР. ДЕҲАҲО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

ВАҲДАТ. ЭҲСОСИ ШУКӮҲИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ДАЪВАТИ СММ АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ҶАҲОН – 2022. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБӢ СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕШАВАНД

12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед