logo

туризм

2018 ПАЁМ ВА РУШДИ САЙЁҲӢ

Омӯзишу эҳёи ҳунарҳои мардумӣ талаботи замон буда, баҳри  пешрафти соҳаи иқтисодии кишвар яке аз омилҳои муассир ба ҳисоб меравад. Фаро гирифтани нафарони бешуғл ба касбу ҳунар, махсусан занону духтарони хонашин дар маҳалу деҳоти мамлакат,  ба ҳаёти маънавию иҷтимоии онон такони  нав мебахшад. Дар ин раванд, тибқи маълумотҳо, тайи даҳ моҳи соли 2018 дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 18 394 нафар занону духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд.
Қобили зикр аст, ки бо супориши Сарвари давлат  истеҳсолу фурӯши  ҳунарҳои дастӣ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ  озод буда, ҳар ҳунарманд метавонад дастранҷи худро  ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ   ба фурӯш барорад. Ин омил, бешак, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат  менамояд. Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 492 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ таъсис дода шудааст.  Ташкили корхонаву сехҳо, марказҳои таълимию  истеҳсолии ҳунарҳои мардумӣ  ҷиҳати  эҳё ва  густариши   ҳунарҳои қадимаи мо, омода намудани ҳунармандони бомаҳорат ва тайёр намудани молҳои бозоргир   имконоти зиёд фароҳам меоварад. 
Яке аз шохаҳои дигари ҳунарҳои мардумӣ кадбонугист.   Маҳсули дастони бонувони тоҷик  аз қабили кулчаю нонҳои ширмолу пиёздор, чапотию фатиру таҳмол, навъҳои гуногуни  таом, ба мисли  кунҷитҳалво, ҳалвои ришта,  шакаробу оши бурида,  палову  ширбиринҷ, ки  бо  таъму лаззати хосса ва меҳру муҳаббати тоҷикона омода мешаванд, диққати сайёҳони хориҷиро ҷалб менамоянд. Масалан,  оилаи  Морретиҳо,  ки аз Италия ба кишвари офтобии мо ташриф овардаанд,  таассуроти худро чунин иброз доштанд:  «Ҳунари кадбонувони тоҷик, пухтани нонҳои хуштаъм ва хӯрокҳои  лазиз  худ як шоҳкории дигар аст».  
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ берун аз ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуда, маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандони тоҷик  дар хориҷи кишвар низ муштариёни худро дорад.  Чунончи,   чанде  қабл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева  чорабинии хайриявии «Бозори СММ – 2018» доир гашт ва намунаи ҳунарҳои мардумии  мо ба маъраз гузошта шуд, ки аҳли ҷамъомад онро хеле хуб арзёбӣ карданд.  Дар ҳамоиш лавҳаи Тоҷикистон таҳти унвони «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон» пешниҳод шуда, оид ба ин ташаббуси Президенти мамлакат ба ҳозирон  маълумот манзур гардид.
Рӯйдоди дигари фараҳбахш ин ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид намудани чакан аст. Дар ин бора қарори иҷлосияи солонаи ЮНЕСКО  29 ноябри соли 2018  дар шаҳри Маврикий ба тасвиб расид. Дар сомонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ҳунари гулдӯзии тоҷикиро  чунин муаррифӣ намуданд: «Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагин ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар ин ҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод – шогирд ба мерос  мондааст».
Мутмаинем, ки соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо андешидани тадбирҳои судманд мавқеи Тоҷикистонро миёни мамлакатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешқадам  хеле боло бурд  ва  минбаъд  низ  нуфузу  эътибори он  рӯз ба рӯз меафзояд.
Иноят Саодат Исмат,
мутахассиси шуъбаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросимҳои
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2018    №: 251    Мутолиа карданд: 1170
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед