logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 35 ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Дар деҳаи Шаҳристони Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35 иштирок намуданд.

Бинои мактаб дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор  Абдухалил Ғуломов бо харҷи 21 миллион сомонӣ сохта  шудааст.
Дар муассисаи нав, асосан, аҳолии синни мактабии деҳаҳои Шаҳристон ва қисман Меҳану Дарёобод ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Дар гузашта бо сабаби норасоии ҷойи нишаст ва технологияи муосири донишомӯзӣ дар раванди таълиму тарбия хонандагону омӯзгорони мактаб ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ буданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки муассисаи мазкур барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ  шуда, 22 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва ҳуҷраҳои кории омӯзгоронро дорад.
Синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ барои соҳибкасб гардидани духтарони деҳоти мазкур метавонад нақши калон дошта бошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ аз хонандагони ин муассисаи таълимӣ, даъват ба амал оварданд, ки дар замони пешрафти куллӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла  рушди бесобиқаи илму техника, пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ба таъкиди Пешвои миллат, ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо - ин ба таълиму тарбияи дуруст ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ифтитоҳи муассисаи таълимии нав барои хонандагон туҳфаи арзишманд арзёбӣ гардид ва аз омӯзгорону роҳбарияти муассисаи таълимӣ даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида, ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Ҳамаи синфхонаҳои муассисаи мазкур бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо, муҷаҳҳаз гардидааст ва, дар ин баробар, ҷиҳати сайқал додани дониши хонандагон кабинетҳои лингафонӣ бунёд шудаанд,  ки аз таҷрибаи самаровар дар соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд.
 Муассиса, ҳамчунин, дорои бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи замонавӣ барои 50 нафар, толори маҷлис бо 180 ҷойи нишаст ва толори васею барҳавои варзиш мебошад.
Толори варзиш, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.
Дар ин муассиса, ҳамчунин, як буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда ба истифода дода шудааст. Таҷҳизоти гармидиҳанда, имконият дорад, ки дар фасли зимистон тамоми муассисаро бо истифода аз ангишт бо гармӣ таъмин намояд.
Дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35, ки зиёда аз 3 гектарро ташкил медиҳад, ҳамзамон, дар фазои кушод майдончаҳои муосири варзиш, аз қабили футбол, баскетбол, волейбол ва теннис бунёд гардидааст.
Дар шафати бинои он, ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкор  бо чуқурии 60 метр як чоҳи амудӣ канда шудааст, ки дар баробари таъмини муассиса сокинони деҳаи Шаҳристон низ аз оби нӯшокии он истифода мебаранд.
Баъди ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 дар саҳни ҳавлии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорону хонандагон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат ифтитоҳи бинои нави муассисаи таълимиро ба сокинон муборакбод гуфта, ба шахсони саховатпеша барои амалӣ кардани иқдомҳои ибратбахш баҳри ободии Ватан, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2018    №: 252    Мутолиа карданд: 395
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед