logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 дар деҳаи Шаҳристони ноҳияи Рӯдакӣ, 21 декабри соли 2018

Устодону омӯзгорон ва фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ба фаъолият оғоз кардани боз як даргоҳи донишу маърифат- муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35-ро ба сокинони заҳматқарини ноҳияи Рӯдакӣ ва, хусусан, ба устодону шогирдони деҳаи Шаҳристон самимона табрик мегӯям.
Бо камоли хушнудӣ изҳор менамоям, ки сокинони бонангу номус ва сарбаланди кишварамон, аз ҷумла мардуми ватандӯсти ноҳияи Рӯдакӣ, ба хотири пешрафти минбаъда ва боз ҳам ободу зебо гардондани Тоҷикистони азизамон нақшаҳои ободкоронаи давлат ва Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси масъулият ва ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ истиқбол намуда, амалҳои созандагиро дар тамоми гӯшаҳои Ватани маҳбубамон вусъат бахшида истодаанд.
Ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави таълимӣ дар деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ба маблағи умумии 21 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, боз як нишонаи ҳамин раванди неки ободкориҳои диёрамон мебошад. Дар муассисаи навбунёди имрӯза барои таълиму тарбияи 1280 нафар толибилмон тамоми шароити замонавӣ фароҳам оварда шуда, он аз 22 синфхона, аз ҷумла утоқҳои муҷаҳҳази фаннӣ, технологияҳои иттилоотӣ, инчунин, толори варзиш, китобхона бо 10 ҳазор нусха адабиёти таълимиву бадеӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона иборат мебошад.
Бояд гуфт, ки то имрӯз хонандагони деҳаи Шаҳристон дар бинои таълимии солҳои 40-уми асри гузашта сохташуда дарс мехонданд ва шароити таълиму тарбия дар он, умуман, ба талаботи рӯз мутобиқ набуд.
Бо вуҷуди ин, соли гузашта аз 46 нафар хатмкардагони мактаби мазкур 39 нафар тавассути Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишварамон дохил гардидаанд, яъне қариб 90 фоизи онҳо ба номи пуршарафи донишҷӯй соҳиб шудаанд, ки ин нишондиҳанда далели равшани заҳмати устодону омӯзгорон ва аҳли маорифи ноҳия мебошад. Ғайр аз ин, дар муассисаи зикршуда аз 49 нафар омӯзгорон 42 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд ва натиҷаҳои зикршуда самараи таваҷҷуҳи махсуси занону бонувони ноҳия ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ба шумор меравад.
Бо истифода аз фурсат, ба соҳибкори ҳимматбаланди ватанӣ Ғуломов Абдухалил, муҳандисону сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди мактаби замонавӣ ва фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия барои насли ояндасози халқамон саҳми ватандӯстона гузоштаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Ҳоло барои устодону хонандагон тамоми шароити замонавии таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Итминон дорам, ки шогирдони ин мактаби навбунёд барои боз ҳам амиқу беҳтар аз худ кардани илму дониш саъю талоши пайваста зоҳир менамоянд ва дар оянда аз байни онҳо мутахассисони баландихтисос ба камол расида, барои пешрафти ноҳия ва Ватани маҳбубамон саҳми худро мегузоранд.
Танҳо соли ҷорӣ дар ноҳия биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 88 ва 117 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҳоло сохтмони 7 бинои нави таълимӣ бо 4000 ҷойи нишаст, 87 синфхонаҳои иловагӣ дар назди 32 муассисаи таълимӣ, муассисаҳои томактабии хусусӣ дар шаҳракҳои Сомониён, Мирзо Турсунзода ва деҳоти Лоҳур идома дорад.
Ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки яке аз ноҳияҳои калонтарини кишвар буда, қариб 500 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, 172 муассисаи томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар самти таъмин намудани онҳо бо омӯзгорони соҳибихтисос мунтазам тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Алҳол дар ноҳия қариб 5700 нафар омӯзгор ба таълиму тадрис машғуланд, ки беш аз 3700 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Бо мақсади бо омӯзгорони баландихтисос ҳар чи пурра таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ҳамасола тибқи Квотаи президентӣ зиёда аз 20 нафар хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат фиристода мешаванд.
Вале дар баробари ғамхориҳои давлату Ҳукумат дар самти азхудкунии забонҳои хориҷӣ то ҳанӯз сатҳи забондонии хонандагони ноҳия, бахусус забонҳои русиву англисӣ қонеъкунанда нест.
Бинобар ин, масъулони соҳаи маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакиро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи забондонии наврасону ҷавонон усулҳои пешқадами забономӯзиро роҳандозӣ намоянд. Ҳамчунин, зарур аст, ки бо дарназардошти мунтазам зиёд шудани шумораи хонандагон ва талабот ба ҷойҳои нишаст бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша вусъат дода шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Мувофиқи маълумот, то ҳол дар баъзе муассисаҳои таълимии ноҳия раванди таълим дар се баст ҷараён дошта, дар ин самт мушкилоти дигар низ, аз ҷумла доир ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, ба мушоҳида мерасанд.
Гарчанде мо барномаи компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакатро анҷом додем, вале то ҳанӯз муассисаҳои таълимии ноҳия дар маҷмӯъ, ба 500 компютер эҳтиёҷ доранд. Ҳамзамон бо ин, раванди иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо утоқҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 дар ноҳия чандон назаррас нест. Ғайр аз ин, бо дарназардошти он ки ҳар сол шумораи хонандагони ноҳия аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ то 7 ҳазор зиёд мегардад, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, хусусан дар маҳалҳои навбунёд, биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва сари вақт бартараф намудани камбудиҳои дигари ҷойдошта вазифаи асосии ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла роҳбарони соҳаи маориф ва соҳибкорону шахсони саховатпеша, мебошад.
Бори дигар таъкид менамоям, ки таълиму тарбияи дурусти фарзанд аз оила оғоз мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳар қадар, ки волидайн дар муҳити оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд, ҳамон қадар раванди донишандӯзӣ ва одобу ахлоқи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ бидуни мушкилот ҷараён мегирад.
Бовар дорам, ки ҷавонону наврасони ноҳияи Рӯдакӣ минбаъд низ бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат барои омӯзиши илму дониш кӯшишу ғайрати дучанд мекунанд ва дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибихтисосу забондон ва ватандӯсту парчамбардор саҳми худро барои ободии Ватани маҳбубамон мегузоранд.
Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар саҳми назарраси соҳибкорони ватаниро дар вусъати амалҳои ободониву бунёдкорӣ ҳамеша эҳсос ва қадр менамояд ва мо эътимоду бовар дорем, ки минбаъд низ дар пайравӣ аз ташаббусу иқдомҳои фарзандони бонангу номуси ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин дигар соҳибкорону саховатмандони ҳимматбаланди ноҳия барои ободиву пешрафти диёри худ саъю талоши бештар мекунанд.
Бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати ифтитоҳи боз як боргоҳи нави маърифат табрик гуфта, ба ҳар як сокини ноҳия саломативу сарбаландӣ, хонаи обод, барору комёбӣ ва ба хонандагони мактаби нав таҳсили хубу аъло ва интизоми намунавӣ орзу менамоям.
Доим саломату муваффақ бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2018    №: 252    Мутолиа карданд: 492

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед