logo

Хабарҳо

Баргузории ҷаласа таҳти раёсати Азим Иброҳим

Таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии  Комиссия оид ба ҷамъбасти мавсими ҳаҷ – 2018 ва омодагиҳо барои мавсими соли 2019 баргузор гардид.
Азим Иброҳим зикр намуд, ки дар мавсими «Ҳаҷ – 2018» дар баробари муваффақиятҳо баъзе норасоиҳо,  ба монанди сари вақт нарасондани кумаки аввалияи тиббӣ, бо вуҷуди донистани забони арабӣ аз фарзияти ҳаҷ ва касбияти кор бархӯрдор набудани баъзе роҳбаладон ва бо роҳҳои ғайрирасмӣ сафари шаҳрвандон ба ҳаҷ, мушоҳида гаштанд.  Аз ин рӯ, изҳори бовар шуд, ки дар мавсими ҳаҷи соли 2019 камбудиҳои ҷойдошта ислоҳ мешаванд. Таъкид гардид, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои ҳаҷи фарзӣ имконияти молиявӣ, шароити зиндагии оилаи онҳо ба инобат гирифта шаванд.
-Миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамеша арзишҳои диниро чун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ мепазиранд,- гуфт муовини Сарвазири мамлакат. -Аммо аз таҳлилҳо бармеояд, ки иддае аз шаҳрвандон солҳои охир рафтани ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҷи такрориро ба мусобиқа табдил дода, худнамоӣ мекунанд.  Сарчашмаҳои диниву адабӣ ва ахлоқии халқҳои мутамаддину пешрафта хайру саховат ва эҳтирому қадршиносии якдигарро таълим дода, инсониятро ба зиндагии орому муназзам ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят кардаанд.
Дар ҷаласа Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  уҳдадор гардиданд, ки ташкил ва гузарондани раванди сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 737

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед