logo

туризм

САЙЁҲӢ. МУАРРИФИИ СТРАТЕГИЯИ РУШД ТО СОЛИ 2030

- Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қабул гардид, Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад ва он 12 соли минбаъдаи рушди соҳаро дар бар мегирад, - гуфт Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, зимни ҳамоиши байналмилалӣ, ки ба муаррифии ҳуҷҷати мазкур бахшида шуда буд.
Стратегия дар ҳузури роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ рӯнамоӣ шуд.
Стратегия вазъи кунунии соҳа, ҳадафҳои рушд, самтҳои стратегӣ ба монанди маркетинг ва тарғибот, ба роҳ мондани фурӯш, нигоҳ доштани тамос бо муштариён, нақлиёту сарҳадоту раводид, иҷозатномадиҳӣ ва имкониятҳои рушд дар минтақаҳои ҷумҳуриро фаро мегирад.
Ба гуфтаи раиси кумита, татбиқи стратегия тавассути се барномаи мукаммал, ки ҳар кадоме чор солро дар бар мегирад, амалӣ мегардад. Лоиҳаи барномаи аввал, аллакай, таҳия ва барои баррасӣ ба вазорату идораҳо пешниҳод шудааст.
Зикр шуд, ки лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 тасдиқ гашт.
-Ҳадафи асосии стратегия рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва таъмини пешрафти устувори соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад - иброз дошт, Ширин Амонзода, муовини раиси кумита. - Барои ноил шудан ба ин ҳадафи олӣ вазифаҳо муайян шуда, ташаккули асосҳои институтсионалии рушди соҳа, инфрасохтори муосир, тақвияти иқтидор, таъмини рақобатпазирӣ, муаррифии бренди миллӣ, таъминоти кадрӣ, мутобиқгардонӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон аз ҳамин ҷумлаанд.
Дар самти мутобиқгардонӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон, ташаккули мизони стандартҳои миллии сайёҳӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва ташкили суғуртакунонии сайёҳон дар назар аст.
Стратегия аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, дигар маблағҳои ғайрибуҷетӣ, маблағгузории шарикони рушд, грантҳо татбиқ мегардад.
Шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ ташрифоваранда, саҳми сайёҳӣ дар ММД, сармоя, қисми даромади Буҷети давлатӣ, миқёси хизматрасониҳо, шумораи субъектҳои бахши истироҳат ва табобат, шуғли аҳолӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои меҳмоннавоз, нишондиҳандаҳои асосии стратегия маҳсуб меёбанд.
Тавре гуфта шуд, дар стратегия мавҷудияти мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати аҷиби он бо кӯлҳо, ҳайвоноту рустаниҳои нодир, инчунин, кӯҳҳои баланд омили асосии рушди сайёҳии кишвар эътироф шудаанд. Ҳамчунин, тибқи он бояд меҳмоннавозии тоҷиконае, ки дар хонаводаҳо анҷом дода мешаванд, дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба сайёҳон ва дигар мусофирон низ пешниҳод карда шавад, зеро ин барои ҷалби бештари сайёҳон ва ташрифи такрории онҳо мусоидат менамояд. Пурра ва самаранок амалӣ шудани стратегия ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мусоидат намуда, яке аз омилҳои баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ мегардад. Тибқи он дар соли 2030 Тоҷикистон кишвари соҳаи сайёҳиаш устувор, рушдкарда ва дар минтақаву сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшуда хоҳад гашт. Тоҷикистон аз кишвари саёҳати саргузаштиву экологӣ ва пиёдагардӣ ба кишвари саёҳати таърихӣ, фарҳангӣ, табобатӣ - фароғатӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ ва корӣ табдил меёбад.
Ш. ҚУРБОН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 1044
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед