logo

Хабарҳо

Дар Хуҷанд корхонаи истеҳсоли трансформатор бунёд мешавад

Бо саҳми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷандторгмаш» корхонаи нави истеҳсоли трансформаторҳо бунёд  шуда, истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз технологияи олмонӣ ба роҳ монда мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди ин корхона аз иқдоми соҳибкорони ду кишвари дӯст – Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ташкили корхонаро ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нав даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуда, бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин мегардад.
Бояд гуфт, ки «Хуҷандторгмаш» аз корхонаҳои бузургтарини шаҳри Хуҷанд буда, дар он якчанд навъи таҷҳизоти барқӣ истеҳсол мешавад. Тайи ёздаҳ моҳи соли равон дар корхона ба миқдори 2,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 715

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед