logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи милитсия» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 352; с. 2006, № 3, мод. 148; с. 2007, № 7, мод. 663; с. 2008, № 6, мод. 450) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 3:
-дар сархати ҳаштум калимаҳои «ҳаракати роҳ» ба калимаҳои «ҳаракат дар роҳ» иваз карда шаванд;
-сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«-амалӣ намудани назорати муҳоҷират, танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ба шахсони ҳуқуқӣ додани иҷозат барои ба кор қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, будубоши гурезаҳо ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд».
2. Ба қисми якуми моддаи 10:
-банди 7) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«7) пешбурди баҳисобгирӣ ва қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамударо амалӣ намояд. Тартиби пешбурди баҳисобгирӣ, қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;»;
-бандҳои 7)-17) мутаносибан бандҳои 8)-18) ҳисобида шаванд;
-бандҳои 19), 20) ва 21) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«19) назорати иҷрои қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тариқи транзитӣ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намудаанд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани онҳо, масъалаҳои шаҳрвандӣ, инчунин додани вазъи ҳуқуқиро ба гурезагон ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, баррасӣ намояд;
20) ташкили корҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷа амалӣ намуда, ба бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо корфармоёни хориҷиву ватанӣ мусоидат намояд;
21) барои ба кор қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқӣ иҷозат дода, фаъолияти меҳнатии онҳоро назорат намояд;»;
-дар банди 19) калимаҳои «комиссияҳо оид ба корҳои ноболиғонро» ба калимаҳои «комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдакро» иваз карда шаванд;
-бандҳои 18)-21) мутаносибан бандҳои 22)-25) ҳисобида шаванд;
-банди 22) банди 26) ҳисоб карда шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«26) ноболиғони аз ҷазо озодшуда ва ноболиғонеро, ки нисбат ба онҳо ҳангоми таъини ҷазо қарори шартан татбиқ накардани ҷазо қабул гардидааст, ба қайд гирифта, бо онҳо корҳои тарбиявӣ гузаронад ва рафтори онҳоро назорат кунад;»;
-банди 27) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«27) ба рафтори шахсоне, ки нисбат ба онҳо ҳангоми таъини ҷазо қарори шартан татбиқ накардани ҷазо қабул гардидааст, нисбат ба шахсоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ озод гардида, барои ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шуда буданд, шахсоне, ки барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ҷазоро адо кардаанд ва ё ду маротиба ё бештар аз он барои ҳама гуна ҷиноятҳои барқасдона суд шудаанд ё қаблан аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ то пурра адо намудани мӯҳлати муқаррарнамудаи суд озод шуда, дар мӯҳлати қисми адонашудаи ҷазо боз қасдан ҷиноят содир кардаанд, инчунин ба фаъолияти шахсоне, ки ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, вале рафтори онҳо дар давраи адои ҷазо ё баъди аз ҷазо озод шудан дар бораи ба роҳи ислоҳ нарафтани онҳо ва риоя накардани тартиботи ҳуқуқӣ гувоҳӣ диҳад, назорат барад, дар доираи салоҳияти худ иҷрои ҷазои маъмуриро таъмин намояд;»;
-бандҳои 23)-27) мутаносибан бандҳои 28)- 32) ҳисобида шаванд.
3. Дар банди 22) қисми якуми моддаи 11 калимаҳои «ва шахсони бешаҳрвандро» ба калимаҳои «ва шахсони бешаҳрванд, амалӣ  гардидани фаъолияти меҳнатии онҳо» иваз карда шуда,пас аз калимаҳои «назорат кунад» ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«. Тавассути нуқтаҳои назорати муҳоҷират ҷамъоварӣ ва ҷамъбасти автоматикунонидашудаи маълумотҳоеро, ки ба воситаи варақаи қайди муҳоҷирати беруна ва бозгашти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ карда мешаванд, амалӣ гардонад, барои муваққатан нигоҳ доштани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки қоидаҳои будубошро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон намудаанд ва барои иқомати муваққатии шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, марказҳо таъсис диҳад».
4. Боби 71 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Боби 71. Ҳамкории байналмилалӣ
Модди 341. Ҳамкории байналмилалӣ
Милитсия мувофиқи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар масъалаҳои мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти салоҳиятдори онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалие, ки бо ҷинояткорӣ мубориза мебаранд, ҳамкорӣ мекунад.
Милитсия ҳамкории худро бо мақомоти дигар давлатҳои хориҷӣ тавассути намояндагии мақомоти корҳои дохилӣ дар хориҷа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, амалӣ менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 декабри соли 2009, № 568

Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»

Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                     С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 ноябри соли 2009, № 1460

Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                          М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 ноябри соли 2009, № 700


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 825

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед