logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Mоддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ.1, мод. 688, 689; с. 2005, № 12, мод. 629; с. 2006, № 7, мод. 341; № 12, мод. 543; с. 2007, № 3, мод. 172; № 7, мод. 668; с. 2008, № 3, мод. 195; № 6, мод. 455; с. 2009, № 3, мод. 86; № 5, мод. 332) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 1 калимаҳои «Ҳамин Кодекс муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки принсипҳои ташкил намудан ва фаъолияти системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан ва ҷамъ овардани андозҳоро муқаррар месозанд, танзим мекунад» бо калимаҳои «Кодекси мазкур принсипҳои ташкил намудан ва фаъолияти системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, муносибатҳои омиронаро оид ба муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан ва ҷамъ овардани андозҳо танзим менамояд» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 7 моддаи 2:
-банди 10) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«10) муқаррарот оид ба пардохти фоидаи воқеии Бонки миллии Тоҷикистон ба буҷети давлатӣ, ки бо қонунгузорӣ оид ба Бонки миллии Тоҷикистон дохил карда шудаанд.»;
-банди 10) банди 11) ҳисобида шавад.
3.  Ба моддаи 34 қисми 58 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«58. Қарзи андози аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда –маблағи ӯҳдадориҳои андози пардохтнашуда, ки:
1) андозсупоранда дар ҳисоботи андозии худ нишон додааст;
2) пардохти он тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ба таъхир гузошта шуда, баъди ба охир расидани мӯхлати батаъхиргузорӣ бояд пурра ва якбора пардохт мешуд;
3) тибқи санади санҷиши ҳисоб карда шудаи мақомоти андоз, ки он ба андозсупоранда дастрас шудааст ва мавриди баҳс қарор нагирифтааст;
4)  бо ҳалномаи суд, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, муайян карда шудааст.».
4. Дар қисми 1 моддаи 47 калимаи «ҳуқуқиро» ба калимаҳои «ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро, ба истиснои шахсоне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қайд гирифта шудаанд,» иваз карда шавад.
5. Сархати якуми банди 2) қисми 4 моддаи 48 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«- иҷрои ӯҳдадориҳои андоз оид ба намудҳои алоҳидаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин андозҳои ба онҳо мутақобилан вобаста. Андоз ба андози дигар мутақобилан вобаста ба ҳисоб меравад, агар ҳангоми тағйир ёфтани маблағи андози дигари ҳисобшуда маблағи ҳисобшудаи ин андоз ҳам мутақобилан тағйир ёбад;».
6. Дар моддаи 49:
-дар сархати сеюми қисми 2 калимаҳои «яке аз намуди андозҳое» бо калимаҳои «намудҳои алоҳидаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин андозҳои ба онҳо мутақобилан вобастае» иваз карда шаванд;
-ба сархати панҷуми қисми 2 баъди ҷумлаи якум ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Санҷиши маҷмӯӣ, инчунин, ҳангоми қатъ шудани амали имтиёзҳо барои шахсони ҳуқуқӣ,  ки тибқи бобҳои 49, 50 ва 52 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, ба таври ҳатмӣ гузаронида мешавад.».
7. Қисми 5 моддаи 62 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«5. Назорати воридоти маҳсулоти зераксизӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти қисми 3 моддаи 249 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.».
8. Дар моддаи 76:
- дар банди 4) калимаҳои «моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» бо калимаҳои «моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» иваз карда шаванд;
-банди 5) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«5) ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳои пардохтӣ барои супоридани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ зикр намудани рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами инфиродии суғуртавӣ, намудҳои андозҳои пардохтщаванда (рамзҳои андозҳо)-ро талаб намоянд, инчунин дурустии нишон додани маълумотҳои (реквизитҳои) бонкии гирандаи пардохтро назорат кунанд.».
9.Ба моддаи 79 қисми 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«5. Ҳангоми пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар ҳуҷҷатҳои пардохтии андозсупоранда ном, номи падар ва насаби (дар ҳолати мавҷуд будан) шахси воқеӣ ё номи расмии шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами инфиродии суғуртавӣ, намудҳои андозҳои (рамзҳои андозҳо) пардохтшаванда ва маълумотҳои (реквизитҳои) бонкии гирандаи пардохт нишон дода мешаванд.».
10.  Дар моддаи 90:
- ба модда қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«2. Тағйир додани мӯҳлати пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳо дар асоси кафолати бонкӣ барои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои андоз тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.»;
-аз қисми 4 калимаҳои «, ба истиснои ҳисоби фоиз» хориҷ карда шаванд;
- қисми 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«5. Батаъхиргузорӣ андозсупорандаро аз ҷавобгарии ҳисоби фоизҳо нисбат ба маблағҳои ба таъхир гузошташудаи андозҳо озод менамояд.»;
-қисмҳои 2-15 мутаносибан қисмҳои 3-16 ҳисобида шаванд.
11. Дар моддаи 92:
-сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 хориҷ карда шаванд;
-қисмҳои 2 ва 3 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«2. Тадбирҳои пешбининамудаи бандҳои 2), 3) ва 4) қисми 1 ҳамин модда бо тартиби зерин анҷом дода мешаванд:
1) бевосита аз ҷониби мақомоти андоз тибқи тартиби ғайрисудӣ нисбат ба қарзи андози аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда;
2) нисбат ба қарзи андози дар банди 1) ҳамин қисм зикрнашуда тибқи тартиби судӣ, ки дар моддаҳои 94-97 Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст.
Ҳангоми иҷрои талаботи банди 2) қисми 1 моддаи 94 Кодекси мазкур нисбат ба андозсупорандае, ки қарзи андоз дорад, мақомоти андоз метавонад дар як вақт ҳамаи тадбирҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин моддаро татбиқ намояд.
3. Ҳангоми татбиқи тартиби ғайрисудии тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо амалҳои зерин анҷом дода мешаванд:
1) нисбат ба боз доштани амалиёти хароҷотӣ аз рӯи суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии (депозитии) шахсони воқеӣ, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул намебошанд, суратҳисобҳои кредитӣ ва суратҳисобҳои махсуси аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ кушодашуда:
а) қарори дахлдори роҳбари аввали (ё муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақомоти андоз барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки дар он суратҳисобҳои андозсупоранда кушода шудаанд ва хизмат расонида мешаванд, ирсол мегардад;
б) ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бо назардошти маҳдудияте, ки дар қисми 3 моддаи 94 Кодекси мазкур нисбат ба пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои ба он баробаркардашуда пешбинӣ шудааст, ӯҳдадор аст қарори дахлдори мақомоти андозро оид ба боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рӯи суратҳисобҳои андозсупоранда иҷро намояд, инчунин ҳуқуқ надорад ба ӯ суратҳисобҳои нав кушояд, аз суратҳисобаш пули нақд ва ё ба ӯ қарз диҳад;
2) нисбат ба ситонидани қарзи андоз аз ҳисоби маблағи дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ва/ё дебиторони ӯ мавҷудбуда, инчунин аз ҳисоби пули нақди андозсупоранда, ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии (депозитии) шахсони воқеӣ, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул намебошанд, суратҳисобҳои кредитӣ ва суратҳисобҳои махсуси аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ кушодашуда:
а) фармоишҳои инкассавии дахлдори роҳбари аввали (ё муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақомоти андоз, инчунин санадҳои муқоисавии қарзи дебиторӣ барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки дар онҳо суртҳисобҳои андозсупоранда ва/ё дебиторони он кушода шудаанд ва хизмат расонида мешаванд, ирсол мегарданд. Ҳангоми ситонидани маблағҳои дар суратҳисобҳои асъорӣ ҷойгиршуда роҳбари аввали (ё муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақомоти андоз дар як вақт бо фармоиши инкассавии мақомоти андоз барои ситонидани маблағҳои пулӣ ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) супориш оид ба фурӯши маблағҳои асъори андозсупоранда дар мӯҳлати ду рӯзи амалиётӣ мефиристад. Хароҷоти марбут ба фурӯши асъори хориҷӣ аз ҳисоби андозсупоранда анҷом дода мешаванд;
б) ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бо назардошти маҳдудияте, ки дар қисми 3 моддаи 94 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, ӯҳдадоранд фармоишҳои дахлдори инкассавии мақомоти андозро дар бораи ситонидани маблағҳои пулӣ аз суратҳисобҳои андозсупоранда ва/ё дебиторони он барои пӯшонидани қарзи андоз иҷро намоянд;
в) барои ситонидани қарзи андоз бо пули нақдии андозсупоранда қарори дахлдори роҳбари аввали (ё муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақомоти андоз барои иҷро ба андозсупоранда ирсол карда мешавад;
3) барои таъмини иҷрои қарзи андози андозсупоранда ба воситаи ҳабси амволи он қарори дахлдори мақомоти андоз оид ба ҳабси амволи андозсупоранда ва ба фурӯш баровардани он барои пӯшонидани қарзи андоз қабул гардида, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба иҷро расонида мешавад;
4) пас аз бартараф кардани асосҳое, ки барои истифодабарии тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо сабаб шуда буданд, мақомоти андоз дар мӯҳлати на дертар аз як рӯзи корӣ ба андозсупоранда, ташкилотҳои қарзии (кредитии) манфиатдор ва (ё) иҷрочии суд оид ба беэътибор дониста шудани қарорҳои қаблан қабулшуда огоҳиномаи хаттӣ ирсол менамояд.»;
-дар қисми 2 калимаҳои «Дар мавриди» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шуда, калимаҳои «дар мавриди напардохтани андоз» хориҷ карда шаванд;
-қисмҳои 2, 3 ва 4 мутаносибан қисмҳои 4, 5 ва 6 ҳисобида шаванд.
12. Дар моддаи 94:
-дар банди 2) қисми 1 калима ва рақами «қисми 2» ба калима ва рақами «қисми 4» иваз карда шаванд;
-ба сархати якуми қисми 2 пас аз калимаҳои «ҳамин модда» калимаҳои «дар ҳолати мавҷуд будани қарзи андоз, ки дар банди 2) қисми 2 моддаи 92 Кодекси мазкур муайян шудааст,» илова карда шаванд.
13. Дар моддаи 95:
-дар қисми 3 калимаи «Роҳбари» ба калимаҳои «Дар ҳолати мавҷуд будани қарзи андоз, ки дар банди 2) қисми 2 моддаи 92 Кодекси мазкур муайян шудааст, роҳбари» иваз карда шавад;
-дар қисми 4 калимаҳои «ба иҷрочии дахлдори суд» хориҷ карда шаванд.
14. Дар моддаи 96:
-дар қисми 1 калимаҳои «аз ҷониби иҷрочиёни суд» хориҷ карда шаванд;
-дар ҷумлаи аввали қисми 2 калимаҳои «хароҷоти иҷрочиёни суд» ба калимаҳои «хароҷот» иваз карда шаванд.
15. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 97 калимаи «Роҳбари» ба калимаҳои «Дар ҳолати мавҷуд будани қарзи андоз, ки дар банди 2) қисми 2 моддаи 92 Кодекси мазкур муайян шудааст, роҳбари» иваз карда шавад.
16. Қисми 3 моддаи 106 хориҷ карда шавад.
17. Дар қисми 1 моддаи 119:
-банди 3) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«3) бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» анҷом диҳанд»;
-бандҳои 3) -25) мутаносибан бандҳои 4) – 26) ҳисобида шаванд.
18. Дар қисми 3 моддаи 137 калимаи «Ҳукумати» ба калимаи «қонунгузории» иваз карда шуда, калимаи «мешавад» ба калимаҳои «шуда, намудҳои фаъолиятеро, ки анҷом додани онҳо ба чунин соҳибкор манъ карда мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд» иваз карда шавад.
19. Ба моддаи 140 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«3. Даромади андозбандишавандаи шахси воқеӣ –ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки коргари кироя мебошад, бо меъёри 25 фоиз андозбандӣ карда мешавад.».
20. Дар банди 9) моддаи 141 калимаи «супурдани» ба калимаҳои «шакли дигари бегона кардани» иваз карда шавад.
21. Ба моддаи 144 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«4. Фоидаи тавозунии воқеан бадастовардаи Бонки миллии Тоҷикистон ба буҷети давлатӣ аз рӯи меъёрҳое, ки дар моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» муқаррар шудаанд, пардохта мешавад.».
22. Дар моддаи 145:
-қисмҳои якум бо рақами «1» ва дуюм бо рақами «2» рақамгузорӣ карда шаванд;
-банди 3) қисми 1 хориҷ карда шуда, бандҳои 4), 5) ва 6) мутаносибан бандҳои 3), 4) ва 5) ҳисобида шаванд:
-қисми 3 ба мазмуни зайл илова карда шавад:
«3. Имтиёзҳо аз андози фоида, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, нисбат ба шахсоне, ки андозбандиашон бо бобҳои 49, 50 ва 52 Кодекси мазкур ба танзим дароварда мешавад (ё қаблан дароварда шуда буд) татбиқ намегардад.».
23. Дар моддаи 161:
-дар бандҳои 3), 5), 6) ва 7) қисми 1 ва қисми 3 пас аз калимаҳои «инфиродӣ ва» калимаи «шахсони» илова карда шавад;
-дар қисми 2 пас аз калимаҳои «инфиродӣ ва» калимаи «шахси» илова карда шавад;
-дар сархати охирини қисми 3 пас аз калимаҳои «гузаронидани маблағи» калимаҳои «андози даромад ва» илова карда шаванд.
24. Дар қисми 6 моддаи 164:
-дар банди 5) калимаҳои «қисми 1» ба калимаҳои «қисми 3» иваз карда шаванд;
-банди 6) дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«6) даромадҳои дигар, ки дар бандҳои 1) – 5) ҳамин қисм пешбинӣ нашудаанд, -тибқи меъёри 15 фоиз.».
25. Дар моддаи 165:
-пас аз калимаҳои «пардохт ситонидашударо» калимаҳои «, ба истиснои андози даромад аз ҷониби корфармоён» илова шаванд;
-сархати  нав  бо  мазмуни зайл илова карда шавад:
«Корфармоён ӯҳдадоранд, ки ҳар моҳ на дертар аз санаи 15 моҳе, ки баъди моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгириашон ҳисоботи андози даромад аз коргарони кирояашонро, ки дар манбаи пардохт ситонида шудааст, тибқи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намоянд.».
26. Ба моддаи 197 қисми 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«5) Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба фоидаи воқеии бо як пардохт ба буҷети давлатӣ пардохташаванда эъломияеро, ки шакли он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда шудааст, ба мақомоти андоз то 1 августи соли баъди соли ҳисоботӣ пешниҳод менамояд».
27. Дар моддаи 199:
-пеш аз калимаи «Андозсупорандагон» рақами «1.» илова карда шавад;
-қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«2. Бонки миллии Тоҷикистон андоз аз фоидаро на дертар аз 1 сентябри соле, ки баъди соли ҳисоботии андоз фаро мерасад, месупорад».
28. Дар моддаи 211:
-дар банди 1) қисми 2 сархат бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«-супоридан ё иҷораи амволи ғайриманқул, ки барои мақсадҳои соҳибкорӣ истифода бурда мешавад;»;
-дар қисми 2 банди 12) хориҷ карда шуда, банди 13) мутаносибан банди 12) ҳисобида шавад;
-дар банди 7) қисми 4 пас аз калимаҳои «махсусан муҳим» калимаҳои «тибқи ҳуҷҷатгузории лоиҳавию сметавии бо мақоми ваколатдори давлатии дар соҳаи сохтмон мувофиқашуда» илова карда шаванд.
29. Қисми 3 моддаи 249 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«3. Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку таҳти низоми иҷозат барои муомилоти озод аз ҷониби мақомоти гумрук танҳо баъди пешакӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба чунин маҳсулот гузоштани тамғаҳои аксизӣ, иҷозат дода мешавад. Ба маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку гузоштани тамғаҳои аксизӣ аз ҷониби воридкунандаи чунин маҳсулот таъмин карда мешавад. Барои ба маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамокуи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда гузоштани тамғаҳои аксизӣ ин маҳсулот бояд мутобиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анборҳои нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир ё таҳти низоми анбори гумрукӣ эъломия карда шавад.».
30. Дар қисми 1 моддаи 256 калимаҳои «Воридот ва (ё) фурӯши» бо калимаи «Фурӯши» иваз карда шаванд.
31. Дар моддаи 260:
-дар қисми 2 пас аз калимаҳои «андозбандӣ мешаванд» калимаҳои «инчунин барои супорандагони андози дар банди 6) қисми 1 моддаи 259 Кодекси мазкур нишондодашуда,» илова карда шаванд;
-аз қисми 3 калимаҳои «, агар дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи пай дар пайи тақвимӣ даромади умумии ин шахсон бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯши чакана аз ҳадди секаратаи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда зиёд набошад» хориҷ карда шаванд.
32. Сархати якуми қисми 2 моддаи 262 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«2. Барои шахсони воқеии дар қисми 2 моддаи 260 Кодекси мазкур зикргардида ҳаҷми андози иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.».
33. Дар қисми 8 моддаи 263 калимаҳои «май», «август», «ноябр» ва «феврал» мутаносибан бо калимаҳои «апрел», «июл», «октябр» ва «январ» иваз карда шаванд.
34. Дар банди 2) қисми 5 моддаи 291 пас аз калимаҳои «аз ҷониби» калимаҳои «истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва» илова карда шаванд.
35. Дар сархати якуми моддаи 302 калимаҳои «, ба истиснои чунин корхонаҳое, ки ба истеҳсоли молҳои зераксизӣ (ба истиснои нӯшокиҳои беспирт), таҳвили нахи пахта ва алюминийи аввалия қарордошта, онҳое, ки истифодабарандагони қаъри замин, муассисаҳои суғуртакунӣ, фондҳои инвеститсионӣ, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳои кредитӣ» хориҷ карда шаванд.
36. Дар моддаи 303:
-аз қисми 1 калимаҳои «ААИ ва» хориҷ карда шаванд;
-аз қисми 2 калимаҳои «(ба истиснои қисми 3 моддаи 137)» хориҷ карда шаванд.
37. Дар моддаи 307:
-дар сархати чоруми қисми 3 калимаҳои «даромади корхонаҳо» ба калимаи «даромадҳо» иваз карда шавад;
-дар қисми 6 калимаҳои «тибқи тартиб ва на камтар аз ҳаҷми барои соҳибкорони инфиродӣ муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси патенти харида кор мекунанд, мутобиқи қисми 2 моддаи 260 ва қисми 2 моддаи 262 ҳамин Кодекс андози иҷтимоӣ супорад. Ҳамзамон андози иҷтимоӣ аз ҷониби чунин истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар мӯҳлати барои пардохти андози ягона муқаррарнамудаи моддаи 310 ҳамин Кодекс супорида мешавад» ба калимаҳои «андози иҷтимоиро на камтар аз ҳаҷми муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон месупорад» иваз карда шаванд.
38. Дар қисми 1 моддаи 327 пас аз калимаҳои «амволи ғайриманқул» калимаҳои «(ба истиснои иншоотҳо)» илова карда шуда, баъди калимаи «шудааст.» ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад: «Манбаи андоз барои иншоотҳо (ба истиснои иншоотҳои нотамом) масоҳати замине ба ҳисоб меравад, ки дар амал онҳо ишғол намудаанд.».
39. Дар моддаи 328:
-қисмҳои модда рақамгузорӣ карда шаванд:
-қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«3. Маблағи имтиёзи аз андози мазкур додашаванда барои шахсони дигари воқеӣ, ки дар қисми 2 ҳамин модда нишон дода нашудаанд, аз ҳаҷми дар қисми 2 моддаи 139 Кодекси мазкур муқарраршуда зиёд шуда наметавонад.
4. Иншооти роҳҳои оҳани истифодаи умум, роҳҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум, қубурҳои интиқоли магистралӣ, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншоот тибқи номгӯе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, андозбандӣ намегарданд.».
40. Дар ҷадвал ба моддаи 335, ки меъёрҳои андозро ба намуди воситаҳои нақлиёт муқаррар менамояд:
-калимаҳои «музди меҳнати ҳадди ақали моҳона» бо калимаҳои «нишондиҳанда барои ҳисобҳо» иваз карда шаванд;
-калимаҳои «2 фоиз», «4 фоиз», «5 фоиз», «6 фоиз», «7 фоиз», «8 фоиз», «9 фоиз», «10 фоиз» ва «11 фоиз» мутаносибан ба калимаҳои «2,5 фоиз», «5 фоиз», «6,25 фоиз», «7,5 фоиз», «8,75 фоиз», «10,0 фоиз», «11,25 фоиз», «12,5 фоиз» ва «13,75 фоиз» иваз карда шаванд.
41. Матни моддаи 340 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«Меъёри андоз дар ҳаҷми 3 фоизи нархҳои озод (бозорӣ) муқаррар карда мешавад ва нархи чаканаи мол нархи озод (бозорӣ) мебошад, ки ба маблағи андоз зиёд карда шудааст.».
42. Дар моддаи 344:
-дар қисми 3 калимаҳои «даромади корхонаҳо» ба калимаи «даромадҳо» иваз карда шаванд;
-аз қисми 7 калимаҳои «дар мақомоти адлия» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 декабри соли 2009, № 571

Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон  С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 ноябри соли 2009, № 1464

 

Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйиру
иловаҳо ба Кодекси андози
Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 ноябри соли 2009, № 703


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 863

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед