logo

Хабарҳо

МОИ "СУҒД". Густариши ҳамкориҳои минтақавӣ

Дар ҷаласаи Комиссияи баррасии нақшаҳои соҳибкорӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионии довталабони мақоми субъекти МОИ - и назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи ҶДММ «Оҳанкор» оид ба истеҳсоли филизпораҳои рехта дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» пазируфта шуд. Дар ин бора Алия Ҳамидуллина, корманди масъули МОИ «Суғд», ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод.

Ширкат аллакай соли оянда ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ карданист. Барои бунёди корхонаи нав беш аз 1,8 миллион доллари ИМА масраф мешавад.
Мавриди тазаккур аст, ки дар минтақа бори нахуст иншоот аз ҳисоби маблағгузории сармоягузорони ӯзбек бунёд меёбад. Дар манзари барқароршавӣ ва рушди босуръати муносибот ва ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ин воқеаи рамзии фараҳбахш аст.
Тибқи лоиҳа, корхонаи нав ба коркарди металли сиёҳ машғул мегардад. Раванди истеҳсолот бо истифодаи таҷҳизоти муосир сурат мегирад, ки ин амнияти экологии минтақаро таъмин месозад. Филизпораҳои рехтае, ки бароварда мешаванд, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои коркарди минбаъда интиқол меёбанд.
Роҳбарияти корхонаи металлургӣ ният дорад, ки эҳтиёҷи бозори минтақаро ба маҳсулоти филизӣ таъмин намояд. Ғайр аз филизпораҳои рехта дар коргоҳ, ҳамчунин, истеҳсоли арматура, профили филизӣ, сегӯшаҳо ва дигар маснуот дар назар аст.
Сардори маъмурияти МОИ «Суғд» Фирдавс Олимов ба муассиси ширкати «Оҳанкор» соҳибкори самарқандӣ Бахтиёр Одилов  сертификати субъекти минтақаро супурда, барори кор орзу намуд.
- Ҳамин тавр, айни замон дар минтақа 24 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 14 субъект фаъол мебошад. Дар 11 моҳи соли равон дар маҷмӯъ, дар Минтақаи озоди иқтисодии мо ба андозаи 104,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва ба миқдори 14,6 миллион сомонӣ мол ба хориҷи кишвар содир карда шуд, - гуфт дар фарҷом Алия Ҳамидуллина.
Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 658
03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД

ЛИГАИ БОНУВОН. "ХАТЛОН" БА САДРИ ҶАДВАЛ БАРОМАД

СҶТ: «ДУНЁ ТАНҲО ЯК МАВҶИ КОРОНАВИРУСРО АЗ САР ХОҲАД ГУЗАРОНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

28.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 28 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК». 11 ҲАЗОРУ 931 ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

КВД «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ». 200 ҲАЗОР АҲОЛИИ ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ. МАҶМӮИ МАЪЛУМОТ МИНБАЪД ДАР КИШВАР ТАҲИЯ ВА НАШР МЕГАРДАД

САҲМИ ДУШАНБЕ ДАР ММД-И КИШВАР БА 20,7 ДАРСАД РАСИД

МТС. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. 38 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР ТАШКИЛ ЁФТ

КОНФРОНСИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕГАРДАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед