logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 23 -24, мод. 348; с.2003,  № 8, мод. 450; с. 2006, № 3, мод. 153) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 4 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Ҳифзи асар дар қаламрави Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбати асарҳое амалӣ мешавад, ки онҳо дар кишваре, ки асар эҷод шудааст, ба моликияти ҷамъиятӣ дар натиҷаи ба итмом расидани мӯҳлати амали ҳуқуқи муаллиф дар он кишвар ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи ба итмом расидани мӯҳлати қаблан вогузорнамудаи ҳуқуқи муаллифӣ ба моликияти ҷамъиятӣ нагузашта бошад. Дар ин сурат мӯҳлати амали ҳуқуқи муаллифӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз мӯҳлати амали муқарраргардидаи ҳуқуқи муаллифии кишваре, ки дар он асар эҷод шудааст, зиёд буда наметавонад.».
2. Ба қисми якуми моддаи 6 банди 13) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«13) қисматҳои асар (аз ҷумла номи он, қаҳрамонҳо ва унсурҳои дигар), ки талаботи қисми якуми моддаи 5-ро қонеъ мегардонанд ва метавонанд дар алоҳидагӣ истифода шаванд.».
3. Дар моддаи 10:
-қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Шахсоне ҳаммуаллиф пазируфта намешаванд, ки ба муаллиф танҳо кӯмакҳои техникӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва ғайра расонидаанд, зеро ин амал фаъолияти эҷодӣ маҳсуб намегардад.»;
-қисми ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Агар дар созишномаи байни ҳаммуаллифон чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳар яке аз ҳаммуаллифон ҳуқуқ дорад аз номи худ, аз ҷумла бе гирифтани иҷозати ҳаммуаллифони дигар, мутобиқи нишондоди Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳо нисбат ба асар тадбирҳо андешад. Ҳаммуаллифе, ки чунин тадбирҳо меандешад, вазифадор аст ҳаммуаллифони дигарро огоҳ намояд.».
4. Ба моддаи 30 қисми панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Ҳифзи объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ дар қаламрави Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифие амалӣ мешавад, ки онҳо дар кишвари эҷод шудаашон ба моликияти ҷамъиятӣ дар натиҷаи ба итмом расидани мӯҳлати амали ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ дар он кишвар ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи ба итмом расидани мӯҳлати амали қаблан вогузорнамудаи ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ ба моликияти ҷамъиятӣ нагузашта бошанд. Дар ин сурат мӯҳлати амали ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз мӯҳлати амали муқарраргардидаи ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифии кишваре, ки дар он объекти ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ офарида шудааст, зиёд буда наметавонад.».
5. Ба моддаи 43 қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Ташкилотҳои идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон бояд ба талаботи зерин мутобиқ бошанд:
-номи ташкилот бояд ибораи «ташкилоти идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон»-ро дар бар гирад;
-пешбурди кори ташкилоти идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон бояд ҳамчун шакли асосии фаъолият зикр карда шавад;
- мақсад ва вазифаҳои ташкилоти идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон бояд ба талаботи моддаҳои 43 – 46 Қонуни мазкур мутобиқ бошанд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 декабри соли 2009, № 573


Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                   С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 14 октябри соли 2009, 1431


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 ноябри соли 2009, № 705


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 837

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед