logo

фарҳанг

ҶАМЪБАСТИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ҷамъбастии фестивал - озмунҳои ҷумҳуриявии «Навозандагони ҷавон» ва «Рассомони наврас» баргузор гардид.
Мақсад аз гузарондани чорабиниҳои мазкур тарғибу ташвиқ ва дастгирии истеъдодҳои наврас дар соҳаи санъати мусиқӣ ва тасвирӣ, инкишофи шавқу завқи наврасон дар ин соҳаҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои дар- ёфти истеъдодҳои ҷавон, инкишоф додани малакаҳои касбӣ ва ҳунарии онҳо ва омода намудани истеъдодҳои ҷавон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки дар даври ниҳоии озмун 20 нафар толибилмони муассисаҳои таҳсилотии санъат ва мусиқӣ дар бахши «Навозандагони ҷавон» ва 10 нафар толибилмони марказҳои санъат ва рассомӣ дар бахши «Рассомони нав- рас» иштирок намуданд.
Барномаи консертии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҳунару истеъдоди волои наврасони тоҷик шаҳодат медод. Аҳли толор ба навозиши рубоб, рубоби прима, дутор, кларнет, най, фортепиано, доира, скрипка ва кселофон, ки аз ҷониби иштирокчиён дар сатҳи баланд иҷро гардид, аҳсан гуфтанд.
Сангалӣ Ҳакимов, раиси ҳакамони озмун, иштирокчиёнро бо ғолибият табрик гуфта, ба сатҳи баргузории озмун ва барномаи консерти ҷамъбастӣ баҳои баланд дод. Ба иштирокчиён ва ғолибони  даври ниҳоии фестивал - озмунҳои ҷумҳуриявӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи Вазорати фарҳанг супурда шуд.
Дар бахши «Навозандагони ҷавон»  Рухшона Мирзоева ва   Меҳрафрӯз Мирзоева, хонандагони мактаби мусиқии бачагонаи № 3, Фирӯз Ҷӯраев, хонандаи мактаб - интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев ғолиб дониста шуданд. Дар бахши «Рассомони наврас» Маҳинсон Мирзоева, хонандаи синфи 6 - и мактаби бачагонаи санъати ба номи Муҳиддин Аминзода, Ҳамидуллои Ҷунайдулло, хонандаи синфи 9 - и мактаб - интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев ва Ҳалим Ҳакимов,  хонандаи синфи 4 - и мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб ғолибиятро ба даст оварданд.
Лола РИЗОӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 237

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед