logo

иқтисод

300 РӮЗИ ИСЛОҲОТ. ФУРСАТЕ, КИ СОҲИБКОРОН ИНТИЗОР БУДАНД

Бо мақсади боз ҳам тақвияти дастгирии давлатии соҳибкорони ватанӣ, ки фаъолияти босамари онҳо сарчашмаи рушду шукуфоии давлату Меҳан маҳсуб меёбад,  бо  пешниҳоди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар дар мамлакат 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ эълон гардид.
Ин иқдоми хирадмандона шаҳодат медиҳад, ки соҳибкорони кишвар ҳамеша зери ғамхории давлату Ҳукумат қарор доранд. Ташаббуси ғамхоронаи Пешвои миллат мояи ҳавасмандию рӯҳбаландии мо, соҳибкорони ҷумҳурӣ,  дар самти тараққӣ додани истеҳсолоти маҳаллӣ буда, барои чунин дастгирӣ ба Сарвари давлат аз самими дил изҳори сипос менамоем.
Ҷорӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот беҳтарин имкониятест, ки дар доираи он мушкилоти ҷойдоштаи соҳа бартараф ва чораҳои натиҷабахш роҳандозӣ гарданд. Тавре медонем, соли 2009 низ бо қарори махсуси Ҳукумати кишвар 200 рӯзи ислоҳот дар бахши соҳибкорӣ эълон гардида буд. Ба  шарофати дастгирии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ фазои фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ рӯ ба беҳбудӣ овард. Аз ҷумла, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи кишвар ҷиҳати  дастгирии соҳибкорону сармоягузорон ба рушди соҳа мусоидат намуд. Ҳамин буд, ки Тоҷикистон ба феҳрасти 10 давлати ислоҳотгари беҳтарини ҷаҳон  дар соҳаи соҳибкорӣ дохил гардид. Дар рейтинги байналмилалии пешрафти соҳибкорӣ низ кишвари мо чанд зина боло баромад. Ҳоло мо, соҳибкорон, дар пешорӯи як чорабинии муҳими соҳавӣ, яъне 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ қарор дорем. Дар доираи ин иқдом  моро зарур аст, ки  барнома ва нақшаҳои ояндадор таҳия созем. Дар ин маврид вазорату идораҳои марбута низ бояд масъулияти бештар зоҳир карда,  дар ҷодаи пешбурди ислоҳоти пешбинишуда якҷо бо ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ чораандешӣ намоянд. Ба ҷойи эҷод намудани монеаҳо дар фаъолияти соҳибкорон муаммоҳои мавҷударо рафъ созанд. Дар ин ҳолат мо ба ҳадафҳои 300 рӯзи ислоҳот мерасем ва дар рушди соҳа натиҷаҳои баланд ба даст меорем. Пеш аз ҳама, ба андешаи ман, ҷорӣ намудани ислоҳот дар бахши беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ зарур аст. Маҳз   сармоягузорӣ сабаби ривоҷи бахши соҳибкорист. Чунки аксари соҳибкорони ватанӣ дар ҳолати пайдо намудани шарикони боэътимод лоиҳа ва барномаҳои соҳибкориро пурра амалӣ месозанд ва ин ба пешрафти соҳа дар кишвар такон мебахшад. Ҳамчунин,   давраи навбатии ислоҳот  фурсате ҳаст, ки дар чорчӯбаи он бо ворид намудани ислоҳоти ҷиддӣ пардохтҳои андозӣ сабуктар карда шаванд. Имрӯзҳо гарон будани баъзе намудҳои андоз ба арзиши аслии маҳсулот асар гузошта, сабаби дар бозорҳои дохилию минтақавӣ  ба рақобат тоб наовардани соҳибкорони маҳаллӣ гардидааст. Гузашта аз ин, зиёд будани ҳаҷми андозҳо ҳангоми тавлид ва  фурӯши маҳсулот ба афзоиши хароҷот, коҳиши даромад, дилсардӣ  ва аз фаъолият даст кашидани соҳибкорон сабаб мешавад.  Акнун бо ибтикори Пешвои муаззами миллат имконият фароҳам омадааст, ки тавассути ислоҳоти самаровар пардохтҳои андозиро низ сабуктар намоем. Боиси хурсандии мо, соҳибкорони ватанӣ, мебошад ки масъалаҳои ҳалталаби соҳаи фаъолиятамон  аз назари неки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намемонад ва ҳамеша зери ғамхории давлату Ҳукумат қарор дорем.
Некрӯй ЗАБИРОВ,
раиси Иттифоқи соҳибкорони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 348
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед