logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12 майи соли 2001 «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 4, мод. 215; с. 2003, № 4, мод. 152; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 1) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар номи моддаи 4, қисми чоруми моддаи 12, қисми дуюми моддаи 13, қисми якуми моддаи 22, қисми сеюми моддаи 30, моддаи 34 калимаи «меъёрию» ба калимаи «меъёрии» иваз карда шавад.
2. Дар қисми сеюми моддаи 5 калимаи «масъул» ба калимаи «ҳисоботдиҳанда» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 11:
-дар сархати дуюми қисми дуюм аломати «;» ба аломати «.» иваз карда шавад;
-сархати сеюми қисми дуюм хориҷ карда шавад;
-қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд ҳангоми ба вазифа таъин шудан ва минбаъд ҳар сол ба мақомоти андози маҳали зист оид ба андоз аз даромад ва ба мақомоти давлатии ҷои кор оид ба вазъи молу мулк эъломия пешниҳод намоянд.».
4. Аз қисми шашуми моддаи 12 калимаҳои «саридораҳо, идораҳо, кумитаҳо, комиссияҳо, агентиҳо, инспексияҳои давлатӣ ва дигар» хориҷ карда шаванд.
5. Дар қисми дуюми моддаи 13 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар сархати сеюми моддаи 17 пас аз калимаҳои «санъати касбӣ,» калимаи «танзими» илова карда шавад.
7. Дар моддаҳои 18 ва 21 калимаи «байналхалқӣ» ба калимаи «байналмилалӣ» иваз карда шавад.
8. Дар номи боби 6 калимаҳои «ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 33:
-номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 33. Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»;
-қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд.»;
-дар қисми сеюм калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро» иваз карда шаванд;
-дар қисми чорум калимаҳои «мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа» ба калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд;
-дар қисми панҷум калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;
-қисми шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро тасдиқ менамояд.»;
-қисми ҳафтум хориҷ карда шавад.
10. Дар қисми дуюми моддаи 35 калимаи «Президент» ба калимаҳои «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
11. Дар қисми якуми моддаи 351 калимаҳои «Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
12. Қисми якуми моддаи 36 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Андозаи маоши мансабӣ, иловапулӣ барои рутбаи тахассусӣ ва собиқаи хизмати давлатӣ, инчунин шартҳо ва тартиби пардохти музди меҳнат, давомнокии рухсатии меҳнатии ҳарсолаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».
13. Бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 декабри соли 2009, № 575


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                     С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 28 октябри соли 2009,
№ 1442

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 ноябри соли 2009, № 707


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 746

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед