logo

сиёсат

ПАЁМ. РАҲНАМО БА ҚАЛАМРАВИ САОДАТ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаву ҳадаф ва самтҳои асосиву меҳварии фаъолияти мардуми кишварро барои боз як соли дигар, ва дар умум, барои солҳои минбаъда низ дақиқу мушаххас намуд. Рамзи саодати халқи тоҷик аст, ки дар доираи манзур гардидани паёмҳои фардоафрӯзи Президенти мамлакат ҳамасола тамоюлҳои муҳими зиндагии шоиста ва чигунагии равишҳои шарафёб гардидан ба комёбиҳои нав ба нав тарҳрезӣ мешаванд.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки Президенти мамлакат Паёми имсолаи хешро бо ишорат ба се рӯйдоди хотирмони таърихӣ ва рамзи накуиву саодати мардуми тоҷик, ки дар соли 2018 ба вуқӯъ пайвастанд, оғоз намуданд. Нахуст, оғози “татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», дувум, ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид” ва  “ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум”, маҳсуб меёбанд. Барҳақ, ин се рӯйдоди нодири таърихӣ асрҳои аср дар сарнавишти миллат ва мардуми тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳанд шуд. Зеро ин рӯйдодҳои муҳим ба оғози марҳилаи тозаи таҳаввулоти Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо заминаҳои устувор гузошта, дар таъмини нуфузи мақоми баланди кишвар ҳамчун давлати ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ таъсиргузор хоҳанд буд.
Таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба масъалаи боло бурдани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз муҳимтарин мақсадҳои меҳварии Паёми навбатӣ маҳсуб мешавад, ки дар ҷавҳари он тадбирҳои оянданигарона ва пайванди мустаҳкам бо амалкарди ҳадафҳои фардосоз қарор гирифтаанд. Пешвои миллат бо ин мақсад ду муаммои аслии соҳаро ба таври зайл муқаррар намуданд: “Бояд гуфт, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар”.
Воқеан, мо ба ҳадафҳои наҷиби фардосоз ва татбиқи ин барномаҳои бузурги давлатӣ дар сурате мушарраф мешавем, ки мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои замони имрӯз омода намоем. Масъулияти тайёр кардани чунин мутахассисон, пеш аз ҳама, ба дӯши омӯзгори соҳибкасб, хирадманду ороста ба тамоми донишҳои замони муосир дар ҳама зинаҳои таҳсилот вогузор аст. Тавре борҳо Пешвои миллат бар ин нукта низ таъкид доштаанд, дар ҳақиқат омӯзгор ҳуқуқи хато намудан надорад ва бояд дар амри иҷрои рисолати пешбарандаи ҷомеа будани хеш дар талош бошад. Ин дастури ҳидоятсоз ва раҳнамои Пешвои миллат масъулияти ҳамаи мо омӯзгоронро дар назди ҷомеа ва фардои миллат дучанд мегардонад, то бори дигар ба фаъолият ва корномаҳои хеш аз нигоҳи талаботи имрӯз таҷдиди назар намуда, барои расидан ба ҳадафҳои фардоафрӯзи Тоҷикистон, ки дар Паёми Пешвои миллат мушаххас гардиданд, тамоми талошу кӯшиши хешро равона созем. Иқдом ва талошҳои ҳар нафар омӯзгор дар замони нуфузи донишҳои муосир ва афзалияти маълумот барои боло бурдани сатҳу сифати таълим дар ҷараёни тадриси хеш ба шогирдон заминаи муҳиме дар роҳи расидан ба мақсадҳои бузурги Тоҷикистони азизи мо хоҳад гузошт. Бовари комил дорам, ки ҳар омӯзгори соҳибназар ва рӯшанфикр бо дарки ин рисолати бузург дар ин ҷода талош ва кӯшишҳои судманде аз хеш ба зуҳур мерасонад. Пешвои миллат дар фароварди Паём маром ва мақсади аслии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ба таври зайл муқаррар намуданд: “Мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем.
Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардондани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем”.
Ин нуктаҳои саршори эҳсоси ватандӯстона бояд мароми ҳақиқӣ, шиори зиндагии шоистаи ҳар як мо, на танҳо дар давоми соли оянда, балки барои ҳамеша бошад ва бо садоқат ба ин ормону андешаҳои фардофурӯз ба самти эҷоди корномаҳову ибтикороти бузург ва истиқболи шоёни Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои собиту устувор гузорем.
Нуралӣ НУРЗОД,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 547
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед