logo

иқтисод

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ

Абдураҳмон НАЗИРМАТОВ,
устоди Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон:

- Боиси хурсандист, ки имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин иқдом албатта ба ҳама соҳаҳо такони ҷиддӣ мебахшад ва ба ҳар як шахси ҳунарманд имкон медиҳад, ки худтадбиқкунии ҳунари хешро амалӣ намояд.  Зеро мусаллам аст, ки танҳо бо эҳё намудан, қадр ва ба насли оянда мерос мондани фарҳангу ҳунарҳои миллӣ миллат обрӯю эътибор меёбад. 
Барои муаррифии бештари ҳунарҳои миллӣ талошҳои пайваста заруранд. Ҳоло барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳунармандӣ тамоми шароит фароҳам  аст.  
            
Муҳаббат САИДЗОДА,
раиси суди ноҳияи Шаҳринав:

- Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, дастурест, ки ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.   
Паём тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад. Дар он,  пеш аз ҳама, роҳҳои асосии коҳиш додани таъсири манфии буҳрони  ҷаҳонӣ,  истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолию захираҳои мавҷуда, сарфакорӣ, ташкилу омода ва бакордарории корхонаю иқтидорҳои нави саноатию энергетикӣ, кишоварзӣ, соҳаҳои хизматрасонӣ, дастгирӣ ва рушди соҳибкорон, пешгирӣ ва таваққуф кардан аз ҳама гуна исрофкорӣ муайяну нишон дода шудааст. Ва ҳамаи ин корҳо ба хотири фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардуми кишваранд. 
 
Бахтиёр САФАРЗОДА,
сардори муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот»: 

- Боиси хурсандист, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин иқдом  моро водор менамояд, ки дучанд фаъолият намоем. "Сарраёсати Тоҷикобдеҳот"  асосан аҳолии деҳоти ҷумҳуриро бо оби нӯшокии босифат таьмин менамояд. Дар заминаи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 -  2028» то имрӯз  64 лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии деҳоти кишварамон пешниҳод гардидааст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ояндаи наздик на танҳо маркази шаҳру ноҳияҳо, балки деҳоти ҷумҳурӣ рушду нумӯ  карда, ободу зебо мешаванд. Паём аз ин башорат медиҳад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2018    №: 259    Мутолиа карданд: 305
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед