logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 339; с. 2006, № 11, мод. 472) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
-сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«-сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тобеи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия- сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллие, ки дар сохтор ё нақшаи идоракунии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия қарор надошта, роҳбарони онҳо бевосита аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд;»;
-сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«-машварати назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия - мақоми машваратии ташкили кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки барои баррасии масъалаҳои дахлдор даъват карда мешавад;».
2. Қисми сеюми моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тобеи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия иборат мебошанд».
3. Дар моддаи 8:
-дар сархати ҳабдаҳум калимаҳои «Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» ба калимаҳои «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
-дар сархати нуздаҳум баъди калимаи «ноҳия,» калимаҳои «роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тобеи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 13:
-ба қисми якум ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар ҳолати вакил набудани иҷрокунандаи вазифаи раис ва муовинони ӯ иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқро вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раиси Маҷлиси вакилони халқ ба кори он раисӣ мекунад.»;
-дар қисми сеюм калимаҳои «зиёд ё аз се ду ҳиссаи» ба калимаи «зиёди» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми ҳафтуми моддаи 14 баъди калимаҳои «Шахсони мансабдори» калимаҳои «сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,» илова карда шаванд.
6. Дар қисми якуми моддаи 18 калимаҳои «мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро» ба калимаҳои «мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми якуми моддаи 20:
-сархати чордаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«-мувофиқи сохтори намунавии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори дастгоҳи раисро тасдиқ менамояд;»;
-сархати понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«-дар доираи шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали воҳидҳои кории дастгоҳи раис ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, тасдиқ менамояд;»;
-дар сархати шонздаҳум баъд аз калимаи «дастгоҳро» калимаҳои «тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.
8. Дар моддаи 23:
-қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.»;
-қисми чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Низомномаи дастгоҳ, сохтор ва ҷадвали воҳидҳои кории онро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мувофиқи низомнома ва сохтори намунавии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.».
9. Дар сархати якуми қисми дуюми моддаи 31 калимаи «феҳристи» ба калимаи «номгӯи» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 декабри соли 2009, № 576

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                    С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 28 октябри соли 2009, № 1444


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                            М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 ноябри соли 2009, № 708


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 933

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед