logo

иҷтимоиёт

БАРДОШТҲО

Фирӯза Камолзода, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ:
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ бо хушнудӣ иброз доштанд, ки баъди ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб гардидани Шавкат Мирзиёев дар раванди рушди шарикии гуногунҷанбаи минтақавӣ тамоюлҳои мусбат вусъат гирифта, мазмуну муҳтавои нави амалӣ касб намуданд.
«Бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд. Мо ҳамкориамонро дар самти шарикии стратегӣ ба роҳ мондем», - изҳор намуданд Сарвари давлат. Тоҷикистон доимо ба густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Пешвои миллат зикр намуданд, ки густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ чун анъанаи неки дӯстиву эҳтиром, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, он ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо ва рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст.

Наргис Қурбонова,
муовини раиси шаҳри Левакант:
- Сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Левакант пахши мустақими телевизионии Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро бо мароқи зиёд тамошо намуда, аз он рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд. Паёми Пешвои миллат дастурамали фаъолияти тамоми заҳматкашони мамлакат ва ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ  дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб мешавад. Президенти мамлакат вазъи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро  мавриди баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодии мамлакат, саноат, энергетика, сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, рушди деҳот ва маорифро барои солҳои оянда муайян намуданд.

Абдулло Сатторӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ:
- Нуктаи ҷолибе, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, он аст, ки сатҳи зиндагии мардуми мамлакат тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шуд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 дарсад кам гардид. Дар соҳаҳои иҷтимоӣ бармало тамоюлҳои мусбат мушоҳида мешаванд, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид ва фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардид, ки ин, бешубҳа, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми кишвар аст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2018    №: 260    Мутолиа карданд: 132

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед